logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ИЛҲОМ АЛИЕВ

 
29 май миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев омадааст:
«Муҳтарам Илҳом Гейдарович!
Бо камоли майл ба Шумо табрикоти гарм ва таманниёти некамро ба муносибати рӯйдоди хотирмон дар таърихи навтарини равобити Тоҷикистон ва Озарбойҷон – 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ ирсол менамоям.
Кишварҳои моро анъанаҳои дерини муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки бар мабнои усули ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод устувор шудаанд, ба ҳам мепайванданд. 
Роҳи дар тули  се даҳсола тайнамударо арзёбӣ карда, бо изҳори қаноатмандӣ мехоҳам тавсеа ва таҳкими пайвастаи ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямонро қайд намоям. Тайи ин давра Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки мо  ҷонибдори рушди минбаъдаи муносибатҳои созандаи ташаккулёфта бо Озарбойҷони бародар мебошем ва омодагии ин ҷонибро барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба нафъи мурдумонамон бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардонидани онҳо иброз медорам. 
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш, ба Шумо саломатӣ ва  дар фаъолиятатон муваффақият, ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу некуаҳволӣ, пешрафт ва рушди босубот орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
 
 
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
29-май аз рӯзи барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Дар робита ба ин рӯйдоди муҳим, аз номи худам ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикот ва беҳтарин таманниёти худро изҳор медорам.
Бо вуҷуди ин, ки муносибатҳои дипломатии мо дорои таърихи 30-сола мебошанд, анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳоямон тайи асрҳо сурат гирифтаанд. Мехоҳам саҳми азими шахсии Шуморо дар ҳифзу ғанисозии баъдии ин анъанаҳо зикр намоям.
Мо ба рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи Озарбойҷон ва Тоҷикистон аҳамияти бузурге медиҳем. Мояи хурсандист, ки муносиботи байнидавлатии мо бар асоси пояи мустаҳкам, ҳамкориҳои пурсамар дар риштаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба манофеи кишварҳо ва мардумони мо хизмат менамоянд.
Нақши хосе дар таҳкими равобити мо сафарҳои мутақобил дар сатҳи олӣ ва баланд ифо намудаанд. Дар ин росто, сафарҳои Шумо ба Озарбойҷон ва сафарҳои ман ба Тоҷикистон имкони таъмиқи ҳамкории моро фароҳам оварданд. Ман ҳамеша боздидҳои ин ҷонибро, ки дар фазои самимона гузаштаанд, бо беҳтарин таассурот ба хотир меорам.
Мутмаинам, ки саъй ва талошҳои муштараки худро барои истифодаи самараноктар аз имкониятҳои мавҷудаи равобити Озарбойҷону Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бар мабнои эътимод ва дастгирии мутақобила пайваста идома хоҳем дод.
Барои Шумо саломатии бардавом, саодат ва барои мардуми дӯсти Тоҷикистон беҳбудӣ ва шукуфоии абадӣ таманно дорам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2022    №: 103    Мутолиа карданд: 3253
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед