Хабарҳо
ТОШКЕНТ. НАМОИШИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН
Баргузории намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон дар Нигористони суратҳои шаҳри Тошкент бори дигар собит намуд, ки робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш таҳким меёбанд. Ин намоиши дувуми асарҳои рассомони Тоҷикистон мебошад, ки бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар партави 30-умин солгарди муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба вуқуъ пайваст.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, аҳли санъат, наққошони касбӣ, алоқамандони ҳунари тасвирии ду кишвар ва як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзоди шаҳри Тошкент иштирок карданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин маросим гуфт, ки аз замоне ки бо иродаи сиёсии президентҳои ду мамлакат - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аз сар гирифта шуданд, намояндагони фарҳанг низ талош ба харҷ медиҳанд, ки дар густариши ин робитаҳо саҳми худро гузоранд.
- Дар намоишгоҳ ҳудуди 100 асари рассомони тоҷик, аз қабили Вафо Назаров, Сабзалӣ Шарифов, Анваршоҳ Сайфуддинов, Мизроб Холов, Акмал Миршакаров, Зиёратшоҳ Довудов, Аҳмад Юсупов ва амсоли онро барои тамошобинони ин кишвари дӯст овардаву ба тамошо гузоштем. Ба ин васила, онҳо бо осори бадеию таърихӣ, тасвирҳое, ки лаҳзаҳои гуногуни рӯзгори мардуми моро дар худ бозтоб додаанд, манзараҳои таърихи дуру наздики халқамон ошно мешаванд, – гуфт раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова.
- Мо аз ташрифи дӯстони худ ҳамеша сарбаланд ҳастем. Баргузор намудани намоиши асарҳои рассомони тоҷик дар кишвари мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Чанде муқаддам мо намоишгоҳи муштараки асарҳои рассомони Тоҷикистону Ӯзбекистон Парвин Гулов ва Хуршед Зиёхоновро ташкил карда будем, ки таваҷҷуҳи тамошобинони зиёдро бар худ ҷалб намуд, - мегӯяд раиси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Акмал Нур .
Дар толори хурди намоишгоҳи Корвонсаройи фарҳанги байналхалқии Икуо Хираямаи Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон боз чунин як намоишгоҳ роҳандозӣ гардид. Дар он асарҳои рассоми тоҷиктабори Ӯзбекистон Эвадулло Абдуллоев ба намоиш гузошта шуд. Рассом талош ба харҷ додааст, ки манзараҳои гуногуни ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷиктабори вилояти Намангонро тавассути мӯйқалам ба риштаи тасвир кашад ва боиси ҳайрати тамошобинон гардад.
Мирасрор АҲРОРОВ,“Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошкент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7133