сиёсат
МАРОСИМИ ПАЗИРОИИ РАСМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
Субҳи 30 май маросими пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кохи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Дар назди кохи Президент парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрохта шуда, Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф ороста буд.
Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо доданд ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Баъд аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ аз назди ҷузъҳои Горди фахрӣ гузашт карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Парчами давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром ба ҷо оварданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ҳар ду давлат шинос шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2022 №: 104 Мутолиа карданд: 951