мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ ИНҚИЛОБИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ОЯТУЛЛОҲ САЙИД АЛӢ ХОМАНАЙӢ
30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот карда, масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки мо алоқаманди идомаи муколамаи созандаи сиёсии сатҳи олӣ ҳастем.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду кишвар дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ, амниятӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафайн муҳокима шуданд.
Зимни баррасии масоили амниятӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва вазъи Афғонистон муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар ҷаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай далели боризи робитаҳои судманди дуҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2022 №: 104 Мутолиа карданд: 3464