logo

иқтисод

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ КОНФРОНСИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Проблемаҳои тағйирёбии иқлимро тамоми бахшҳои ҳаёти инсонӣ ва, умуман, табиат эҳсос менамояд. Захираҳои барф ва ях, ки сарчашмаи асосии ташаккулёбии обҳои ошомиданӣ мебошанд аз ҳама бештар осеб мебинанд. Олимон ба ин назаранд, ки таъсири тағйирёбии иқлимро метавон аз ҳолати пиряхҳо ва барфҳои абадӣ муайян намуд. Хусусан, захираҳои пиряхҳои Тоҷикистон, ки на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки минтақа низ аҳамияти махсус доранд.  
 
Вобаста ба ин масъалаи муҳим, аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор мегардад.
Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хоҳад буд.
Оид ба тағйирёбии иқлим, ҳолати ҳозираи пиряхҳо, омӯзиш ва натиҷаи мониторинги онҳо суҳбате доштем бо Назриало Шерализода, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минералогия, ки манзури хонанда мегардад.
- Тавре мушоҳида мегардад, тағйирёбии иқлим, омилҳо ва таъсири он ба захираи пиряхҳои Тоҷикистон, бахусус панҷ соли охир, аз мавзуъҳои мубрам маҳсуб меёбад. Мехостам суҳбатро аз он оғоз бахшем, ки  ҳолати имрӯзаи пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим чӣ гуна аст ва ҷиҳати ҳифзи онҳо кадом тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд?
- Тағйирёбии иқлим ин раванди мураккаби табиӣ-антропогенӣ мебошад, ки миқёси умумибашарӣ дорад. Проблемаи мазкур бо таъсири антропогенӣ рушди тозаро касб намудааст. Яъне, партофти газҳои гулхонаӣ,  таназзулёбии қабати озонии замин, тағйир ёфтани унсурҳои метеорологӣ, аз қабили баланд гардидани ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво, тағйир ёфтани ҳаҷм ва реҷаи тақсими боришот, зиёд гардидани ҳолатҳои фавқулода, таназзулёбии захираҳои обӣ, пиряхҳо ва экосистемаҳо, зиёд гардидани ғализати сифати ҳовои атмосфера, норасоии об ва амсоли ин.
Пиряхҳоро метавон ҳамчун индикатори асосии мушоҳидаи таъсири тағйирёбии иқлим муаррифӣ кард. Яъне, дар зери таъсири гармӣ таназзулёбии босуръати пирях ва камшавии ҳаҷми он ба миён меояд, ки аз натиҷаи таҳлили таҳшинҳои маренавӣ метавон дарозӣ ва ҳаҷми пиряхро дар давраҳои гузашта муайян намуд.
Мушоҳидаҳои бисёрсола нишон медиҳанд, ки пиряхҳои кишвар дар ҳолати таназзулёбӣ қарор дошта, сарҳади забонаи як қатор пиряхҳои азим, аз қабили пиряхи Зарафшони ҳавзаи дарёи Зарафшон ва пиряхи Ғармо дар ҳавзаи дарёи Обихингоб аз баландиҳои 2850 – 2950 метр ба баландиҳои 3000 – 3050 метр аз сатҳи баҳр ақибнишинӣ намуда, дар давоми 30 соли охир ҳаҷмашон аз 1,5 то 3,5 км3 кам гардидааст.
Натиҷаи мониторинг ва омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон, ки дар 65 соли охир аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ амалӣ мегардад, вазъи ҳаммонандро дар дигар пиряхҳои ҳудуди ҷумҳурӣ нишон медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳавасмандии худро дар самти омӯзиш ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ки барои минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, иброз менамояд. 
Бо ин мақсад, дар сатҳи миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори № 417 аз 2 сентябри соли 2010  «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» - ро қабул намуд, ки он давра ба давра амалӣ мегардад.
Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби бештари диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаи таназзулёбии пиряхҳо, таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба миён гузоштанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб истиқбол шуданд.
Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ яке аз кишварҳои ташаббускор ва ҳавасманди ҳифзи муҳити зист, хусусан захираҳои обӣ, эътироф гардидааст. 
- Ҳанӯз дар даҳаи аввали соли 2000-ум бо назардошти муҳимияти масъала аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 қабул гардида буд. Бо гузашти беш аз ду даҳсола ҷараёни татбиқи онро то кадом андоза самаровар арзёбӣ мекунед?
- Мақсади Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 омӯзиши пайвастаи пиряхҳо, банақшагирӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳо, мониторинги пайдарҳами ҳолати пиряхҳо ва барфҳои абадӣ ҷиҳати ба таври фаврӣ қабули чораҳои самарабахш оид ба паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, дар маҷмуъ, барои тамоми соҳаҳо мебошад.
Дар Барнома ҳадафҳои миёнамуддат ва дарозмуддат гузошта шудаанд, ки дар татбиқи он амалӣ мегарданд. Барои иҷрои ҳадафҳои Барнома саҳми буҷет ва сармоягузориҳо дар назар дошта шудааст. Барнома то ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2022 ба андозаи 60,14% иҷро гаштааст.
Ҳадафҳои миёнамуҳлати Барнома мустаҳкам намудани потенсиали кадрӣ ва такмили низоми мониторинги пиряхҳо ва қабати барф мебошанд. Дар ин замина, соли 2014 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисоси пиряхшиносӣ ташкил шуд, ки барои омода намудани мутахассисон дар самти пиряхшиносӣ то имрӯз натиҷаҳои назаррас дорад. Инчунин, дар базаи шуъбаи гидрографию экспедитсионии Агентии обуҳавошиносӣ Маркази яхшиносӣ таъсис гардид.
Ҳадафҳои дарозмуддати Барнома дар асоси мониторинги доимии пиряхҳо таҳия ва ҷорӣ намудани тамсиласозии таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, дар навбати худ пешниҳод намудани тавсияҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаи гидроэнергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд.
- Табиист, ки дар баробари ба мавзуи меҳварӣ табдил ёфтани масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи пиряхҳои кишвари мо дар назди Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти мониторинги пиряхҳо вазифаҳои бештаре вогузор мегарданд. Самаранокии фаъолияти ин сохтори ваколатдорро чӣ гуна мебинед?
- Мониторинг ва омӯзиши пиряхҳои ҳудуди ҷумҳурӣ аз солҳои 1955-и қарни гузашта аз ҷониби сохторҳои Агентии обуҳавошиносӣ оғоз гардиданд, ки то ҳол идома доранд. Натиҷаи фаъолияти бисёрсолаи мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ барои таҳия намудани Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон замина гузошт.
Дар тули фаъолияти нимасраи худ мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати пиряхҳои кишвар дар як қатор ҳавзаи дарёҳо пиряхҳои назоратӣ (репрезентативӣ) муайян кардаанд, ки аз рӯи натиҷаи онҳо баҳогузории ҳолати пиряхҳои ҳамсарҳад низ муайян мегардад.
Ҳамасола аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ дар ҷумҳурӣ мушоҳидаҳои аэровизуалӣ дар ду давра гузаронда мешаванд. Аз натиҷаи корҳои иҷрошуда, ҳисобот ва тавсияҳо барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҷиҳати андешидани чораҳои мушаххас таҳия ва пешниҳод мегарданд. 
Соли ҷорӣ аз рӯи натиҷаи тадқиқотҳои бисёрсола нашри Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон дар таҳрири нав дар назар аст, ки дар он маълумотҳо бо назардошти тағйирёбии ҳаҷм ва андозаи пиряхҳо инъикос мегарданд.
Воқеан, захираҳои обие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд, на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки барои тамоми минтақа аҳамияти махсус доранд. Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ бо мақсади муайян кардани захираҳои барф дар ҳавзаи дарёҳо барои пешгӯии обнокии дарёҳо, ҳолати пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти гидрометеорологидошта амалӣ мешаванд.
Натиҷаи мушоҳидаҳои аэровизуалӣ барои банақшагирии стратегӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, обёрӣ ва гидроэнергетикаи на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа низ муҳим аст, ки аз натиҷаи онҳо барои тамоми ҷонибҳои ҳавасманд маълумот манзур мегардад.
- Мушоҳидаҳои анҷомдодаи Агентии обуҳавошиносӣ дар соли 2022 чӣ нишондиҳандаҳо доранд, захираи барф дар кадом сатҳ қарор дорад ва ҷараёни оби дарёҳои Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
- Давоми моҳи апрели соли ҷорӣ бо мақсади муайян намудани ҳолати захираи барф дар минтақаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии кишвар ҷиҳати пешгӯӣ намудани обнокии дарёҳо мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронда шуданд.
Натиҷаи мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки захираи барф дар соли ҷорӣ ба меъёри миёнаи бисёрсола наздик буда, дар минтақаҳои алоҳида аз меъёри бисёрсола зиёд ба қайд гирифта шуд.
Сарҳади поёнии қабати барфпӯш ҳангоми мушоҳида аз баландиҳои 1900- 2700 метр аз сатҳи баҳр мушоҳида мегардад, ки ин ба мусоид омадани боду ҳаво нисбат дода мешавад.
Дар асоси натиҷаи таҳлили гидрометеорологии пешгӯии сарфи оби дарёҳои ҷумҳурӣ барои давраи серобии (апрел-сентябр) соли 2022 тартиб дода шуд. Тибқи ин пешгӯиҳо обнокӣ дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ, асосан, дар ҳадди меъёр (89-102%) пешбинӣ мегардад.
Натиҷаи корҳои экспедитсионӣ, хусусан муайян намудани захира ва обнокии барф дар болооби дарёҳои Вахш, Панҷ, Оқсу ва Сурхоб дар тартиб додани пешгӯиҳои ҷоришавии оби дарёҳо дар давраи вегетатсия (обёрӣ) моҳҳои апрел-сентябр истифода шуда, пешгӯии ниҳоии чоришавии оби дарёҳо барои банақшагирии истифодаи оби онҳо дар давраи вегетатсия ва нақшаи ҷамъоварии об дар обанборҳо аз тарафи ташкилотҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва минтақа ба роҳ монда мешаванд. 
Маълумотҳо ва пешгӯиҳои омоданамудаи Агентӣ оид ба чоришавии оби дарёҳо хусусияти стратегӣ дошта, барои бехатарии гидроэнергетикӣ ва озуқавории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ арзишманд мебошанд.
- Ташаккур барои суҳбат!
 
Мусоҳиб Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2022    №: 104    Мутолиа карданд: 1270
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед