logo

Хабарҳо

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

 
Таҳти чунин ном дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин,  масъулони самти маҳал курси такмили ихтисос гузаронда шуд.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, курси такмили ихтисос аз 25 май то 27 майи соли равон баргузор гардид.
Зимни ҷамъбасти курс Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ,  Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Нуралӣ Риозода, муовини раиси Кумитаи рушди маҳал, Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, Камолиддин Бозиев, муовини сардори раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, қабл аз ҷамъбасти курс дар мавзуи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо” мизи мудаввар доир гардида, дар ҷараёни он иштирокчиён фикру ақидаҳояшонро иброз доштанд.
Тибқи барномаи таълимӣ барои иштирокчиёни курс машғулиятҳо вобаста ба хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ, мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷроиши барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, техникаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръат, сарварӣ ва хусусиятҳои он дар замони муосир ва нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ омӯзонда шуданд.
Бояд гуфт, ки курси такмили ихтисос дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои Академия роҳандозӣ гардида, дар он коршиносон ва мутахассисони варзида оид ба нозукиҳои идоракунии давлат ба шунавандагон маълумот хоҳанд дод.
 
З. РАҶАБ,  “Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4654
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед