Хабарҳо
ТОШКЕНТ. ҲАМОИШИ РОҲБАРОНИ ИДОРАҲОИ МУҲИТИ ЗИСТ
27 майи соли равон дар шаҳри Тошкент таҳти раёсати Ӯзбекистон Ҷаласаи сеюми роҳбарони идораҳои муҳити зисти кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Ин Ҷаласа дар шакли гибрид ба вуқуъ пайваст ва дар он намояндагони котибони СҲШ, роҳбарон ва вакилони идораҳои масоили экологии ҳашт кишвар - Тоҷикистон, Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин ва Ӯзбекистон ширкат намуданд.
Қабл аз ифтитоҳи Ҷаласаи мазкур меҳмонон дар саҳни Кумитаи экология ва муҳити зисти Ӯзбекистон чанд дарахт шинонданд. Гуфта мешавад, ки ин рамзи намоёни муносибатҳои ҳасанаи кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаи экология ва муҳити зист мебошад.
Тавре ки дар Ҷаласаи сеюми роҳбарон ва намояндагони идораҳои экология ва муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ таъкид гардид, тағйирёбии иқлим ва муаммоҳои экологӣ марзу бумро намепазиранд. Мубориза бо он танҳо бо роҳи дастаҷамъӣ метавонад натиҷаву самараи нек ба бор оварад. Ба ибораи дигар, ин муаммои глобалӣ саъй ва ҳаракату талошҳои васеъмиқёсро тақозо менамояд.
Дар Ҷаласа масъалаи “Ба амал баровадани консепсияи ҳамкориҳои Нақшаи ҳаракати давлатҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2022-2024 дар соҳаи муҳофизати муҳити зист”, ки бо ширкати роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе қабул шудааст, матраҳ гардид. Дар ин нишаст СҲШ Барномаи “Камари сабз”-ро қабул намуд, ки ба сабзу хуррам гардондани муҳити зист мутааллиқ мебошад.
Гуфта шуд, ки хушкшавии баҳри Арал, босуръат обшавии пиряхҳо, омадани хушксолиҳо, эҳсоси камбуди захираҳои об, шӯр гирифтани майдонҳо ва деградатсияи хок, аз байн рафтани чанд намуди рустаниҳо ва амсоли он мусоидат намудаанд, ки вазъияти экологӣ беш аз пеш ба бумбаст мувоҷеҳ шавад.
Дар айни ҳол беш аз 52 дарсади аҳолии кишварҳои аъзои СҲШ дар рустоҳо ба сар мебаранд ва онҳо ин вазъиятро бештар эҳсос менамоянд. Доман фарох намудани таҳдиди хатари экологӣ тақозо менамояд, ки кишварҳои аъзои СҲШ ба ин масъала ҷиддитар машғул шаванд ва даст ба корҳои амалӣ зананд. 10 июни соли 2018 дар нишасти Синдао, соли 2019 дар Бишкек, Москва ва Тошкент нишастҳои СҲШ маҳз масъалаи экологиро мавриди баррасӣ қарор додааст.
- Тоҷикистон бо эҳсоси масъулият барои беҳбуди вазъи экологӣ ва муҳити зист талош менамояд. Дар ин росто, кишвари мо барои ҳамкориҳои байналмилалӣ низ ҳамеша омода аст. Масъалаҳои экологие, ки ин ҷо ба миён гузошта шуданд, барои ҳамаи мо муштарак маҳсуб меёбанд, - гуфт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода.
Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон хосатан мубориза барои беҳбуди вазъи муҳити зист аҳамияти вижа касб намудааст.
Дар ҷаласаи Тошкент баъди фикру ақидарониҳо иштирокчиёни он “Барномаи сохтани платформаи ягонаи табодули ахбор дар соҳаи муҳити зисти фазои СҲШ”-ро қабул карданд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошкент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6392