Хабарҳо
ДУШАНБЕ – МОСКВА. АЗСАРГИРИИ ХАТСАЙРИ АВТОБУСӢ
Тафсилоти нав дар бораи азсаргирии хатсайри автобусҳо миёни Тоҷикистону Россия маълум шуд. Ҳамин тариқ, сафари нахустин рӯзи 2 июн ба нақша гирифта шудааст. Ширкати «Asian Express» тамоми расмиётро барои мусофирони хатсайри Душанбе - Москва мушаххас кардааст.
Мусофирон метавонанд тавассути автобус аз Терминали байналмилалии Душанбе (Автовокзали Душанбе) ба Москва сафар кунанд. Дар баробари ин, шумо имкон доред, ки бо ҳамон масир аз Москва ба Душанбе баргардед.
Илова бар ин, дар ҳоли ҳозир на ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз ин масир истифода кунанд. Танҳо онҳое, ки ҳуқуқи ворид шудан ба Федератсияи Россияро дар сарҳади заминӣ доранд, метавонанд аз ин тариқ сафар кунанд.
Нархи роҳкиро тибқи маълумоти пешакӣ барои як нафар 1200 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳар як мусофир метавонад то 15 килограмм бағоҷи дастӣ дошта бошад. Ҳамзамон, 25 кило бор дар бағоҷдон иҷозат аст. Миқдори аз ин зиёди бор пардохти иловагӣ дорад.
Гуфта мешавад, кӯдакони хурдсол бо курсиҳои кӯдакона таъмин мешаванд, то дар тули тамоми масир бехатар бошанд.
Дар автобусҳо кондитсионер ва дигар лавозими зарурӣ барои сафари хуб фароҳам аст. Дар рӯзи аввали сафар ба ҳамаи мусофирон хӯроки яквақта дода мешавад.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5559