Хабарҳо
НАМОИШИ МАЪНАВИИ МИЛЛӢ
Бахшида ба сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарманди маъруфи тоҷик Ибодулло Машраб аз рӯйи асари «Забони миллат - ҳастии миллат» - и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишномаи «Пайкари миллат» -ро навишт ва онро коргардони маъруф Давлаталӣ Убайдуллозода ба саҳна гузошт.
Эпиграфи китоби «Забони миллат - ҳастии миллат», яъне «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад» ҳамчун роҳнамои намоишнома аз ибтидо то охир нақши калидиро мебозад. Аз ин ҷост, ки намоиши «Пайкари миллат» бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва аз баҳаракатдароиҳои муҷассамаи Исмоили Сомониву то бозгӯйиҳояш доир ба масъалаҳои амнияти кишвару муносибати Исмоили Сомонӣ бо хилофати Бағдод оғоз мешавад. Ҳамин тавр, Исмоили Сомонӣ аз нав ба муҷассама мубаддал гардида, ба саҳна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозир мешаваду андешаҳояшро бобати моҳияти таърихии забон чунин баён менамояд: «Ҳамватанони азиз! Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои таърихӣ ва маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷ мегузорад. Маҳз тавассути Сомониён бунёди адабиёти нави форсу тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи он шодоб аст, дар асрҳои нуҳ ва даҳи мелодӣ гузошта шудааст. Давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми маънавии давлати Сомониён аст. Шахсан барои ман забон на танҳо воситаи гуфтугӯву муошират, балки болотар аз он шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам, оинаи осори ниёгонам мебошад. Ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб мекунам. Ба ин хотир, доим ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам».
Коргардон Давлаталӣ Убайдуллозода барои пурмазмун ифода кардани ғояи намоишнома нақшҳои он бузургони фарҳангдӯсту забонпарвари гузаштаамонро рӯи саҳна овардааст, ки намояндагони асрҳои гуногунанд ва он аз коргардон маҳорати барҷастаи тахассусиро талаб мекунад. Вақте иҷрокунандагон аз «Авасто» машварат мекунанд, саҳнаи муносибати Зардушт бо душманонаш ва бо қудрати сухан шефта кардани муддаиёнаш бо диди баланди коргардонӣ дар нақшофариниҳои ҳунармандон хеле муъҷаз баромадааст. Замони қудратдории Куруши Кабир, беэътиноии шоҳи сосонӣ нисбат ба арабҳо, ғалабаи араб ва тақдири минбаъдаи забон, саҳми Имоми Аъзам дар эҳёи суннатҳои миллии тоҷикон пас аз истилои араб ин ҳама ифодагари ғояи забони модарӣ ва худшиносии миллӣ дар саҳна хеле барҷаста инъикос ёфтаанд, ки аз ҳунари волои коргардон дарак медиҳад. Пас метавон гуфт, Давлаталӣ Убайдуллозода чун бандубасти ин намоишро ҷаззобу хотирмон офаридааст, на танҳо аз зумраи коргардонҳои моҳиру забардаст аст, балки донишманди тавонои соҳаи адабиёт низ мебошад.
Д. Убайдуллозода коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ буда, пас аз хатми риштаи актёрии ДДСТ ба номи М. Турсунзода (соли 1976) ва ЛГИТМиК-и шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург, соли 1986) фаъолияти ҳунарии худро дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз намудааст. Аз муҳимтарин нақшҳои офаридаи ӯ дар театр нақшҳои Терентий дар намоиши “Бозиҳои бераҳмона”-и А. Арбузов (соли 1978), Дато Хавтаси дар намоиши “Вақте ки шаҳр хуфта буд”-и Т. Чхаидзе (соли 1979), Девона дар намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” (Театри таҷрибавии “Аҳорун”, соли 1991, барандаи ҷоизаи беҳтарин нақши мардона дар Ҷашнвора - озмуни “Наврӯз” миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон – Тошкент, соли 1993), Садриддин Айнӣ дар намоиши “Пайкари миллат”-и И. Машрабов (соли 2021) мебошад.
Фаъолияти коргардонии Д. Убайдуллозода аз соли 1996 оғоз гардида, дар солҳои гуногун саркоргардонии Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутиро ба уҳда дошт. Дар тули фаъолияти коргардонӣ мавсуф наздики 50 намоиши драмавиро рӯи саҳнаҳои театрҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара, Конибодом ва хориҷи кишвар (Бишкек) овардааст. Муҳимтарин асарҳоеро, ки бо коргардонии Д. Убайдуллозода таҳия шудаанд “Мири Кабир”-и Муҳаммад Ғоиб, “Мазҳаби иблис”-и Ҷумъа Қуддус, “Паёми Зардушт”-и Нурмуҳаммад Табаров, “Дон Жуан”-и Молйер, “Дод аз дасти Афандӣ”-и Ғаюр Ашури Растагор, “Бозгашти айём”-и Абдулҳафиз Қодиров ва “Чархи гардон”-и Нурмуҳаммад Табаров мебошанд.
Асари “Пайкари миллат” ҳунари олии коргардонии Д. Убайдуллозодаро нишон медиҳад ва ин намоишро метавон аз шоҳкориҳои коргардонони тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ ном бурд. Дар ин намоиш коргардон, ҳамчунин, нақши устод Айниро хеле барҷаста бозӣ кардааст. Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ пешниҳод шудани ин намоиш аз ҳар ҷиҳат арзанда ва қобили дастгирист.
Боймурод ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5122