қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 28 майи соли 2022, № 264 , ш. Душанбе
Дар бораи манъ намудани воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани фурӯзонакҳои симобӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани фурӯзонакҳои симобӣ бо рамзи 8539322001 Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2022 манъ карда шавад.
2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият додани истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодӣ аз ҷиҳати экологӣ безарар дар ҳудуди ҷумҳурӣ чораҷӯӣ намоянд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.06.2022 №: 105 Мутолиа карданд: 3358