logo

сафарҳо

САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Тошкент - пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.
 
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошкент меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба меҳмони олиқадр гулдастаи тарутоза тақдим шуд.
Ба хотири истиқболи сазовори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар назди зинапояи ҳавопаймо роҳрави қолинии сабз густурда шуда, дар ду канори он Горди фахрӣ саф ороста, майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар, аксҳои сарварони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон оро ёфта буд.
Дар назди роҳбарони давлатҳо гурӯҳи дӯстрӯякон дар васфи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон шеър хонданд.
Баъди анҷоми маросими истиқбол дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳ мулоқоти сарироҳии самимии президентони ҳар ду кишвар баргузор гардид.
Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадр, дӯст ва бародари арҷманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфтанд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои ин сафар барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамҷаворӣ ва ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар неку назаррас хоҳад буд.
 
 
МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ РАСМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
2 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди қасри “Кӯксарой” сурат гирифт.
Меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Ӯзбекистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарварони ду давлат анҷом ёфт.
 
 
ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ “ИСТИҚЛОЛИЯТ”-И ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
2 июн дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми ӯзбек дар Боғи “Ӯзбекистони нав” назди Муҷассамаи “Истиқлолият” гулчанбар гузоштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва раиси шаҳри Тошкент Ҷаҳонгир Ортикхоҷаев ҳамроҳӣ карданд.
Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи “Ӯзбекистони нав” боздид ба амал оварданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Боғи мазкур ба муносибати 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ӯзбекистон бунёд гардидааст.
Дар маҷмааи “Истиқлол” тавассути бунёди иншооти муосир дастовардҳои мардуми дӯсту бародари ӯзбек давоми 30-соли соҳибистиқлолии кишвар, таърихи рушду густариш ва пешрафту тараққиёти давлати миллии Ӯзбекистон таҷассум ёфтааст.
Майдони умумии боғ 105 гектарро ташкил дода, дар он гулу дарахтони ороишӣ шинонда шудаанд.
Фаввораҳо, роҳравҳои зебо, муҷтамеи “Истиқлол” ва дарахтони нодир аз ороишоти асосии Боғи “Ӯзбекистони нав” мебошанд.
Баъди шиносоӣ бо ин макони дилфиреб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми дӯсти ӯзбек комёбиҳои беназир орзу карданд.
 
 
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳо оғоз гардида, сипас дар вохӯрии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Дар ҷараёни мулоқоти роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарварони ду давлат, ҳамчунин, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъват ҷиҳати ташриф овардан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва анҷом додани сафари расмӣ, инчунин, пазироии самимӣ изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмуи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи кунунии ҳамкориҳоро бо Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳо қадр мекунад ва азм дорад, ки дар оянда низ барои рушди минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар тамоми самтҳои он талошҳои заруриро ба харҷ диҳад.
Ҷонибҳо аз мазмуну муҳтавои муносибатҳои дуҷониба ва аз робитаҳои дипломатӣ, ки имсол аз барқароршавии онҳо 30 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушду густариши минбаъдаи муносибатҳо дар доираи муколамаи сиёсии байнидавлатии сатҳи олӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус қайд карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо заминаи мусбати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар беш аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар шаш соли охир 40 маротиба боло рафтааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада, солҳои наздик ҳаҷми гардиши молро то ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.
Зимни мулоқот ба баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва ҳамоиши тиҷоратии ширкатҳои тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, онҳоро омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратӣ номиданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои воқеии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои робитаҳои нақлиётӣ, истифодаи маҷмуи захираҳои обу энергетика, инчунин, равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак рафтуомади озоди молу хизматрасонӣ таъмин гардид ва шаҳрвандон имкони озоди рафтуомад бо якдигар доранд. Дар ҳоли ҳозир то 20 ҳазор нафар сокинони ду кишвар ҳамарӯза бо ҳадафи равобити тиҷорию гардишгарӣ ва дидани хешу табор ва дӯстон аз марзи миёни кишварҳо озодона убур мекунанд. Ин яке аз комёбиҳои асосии ҳамкории ҳукуматҳо дар солҳои охир мебошад.
Дар мулоқот бори дигар аҳамияти таърихии Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр карда шуд.
Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар бахшҳои саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдӯзӣ, металлургӣ, коркарди маъдан, металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ, инчунин, дигар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатовар, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арсаи фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо, муҳим арзёбӣ гардид.
Ба фаъолияти Ӯзбекистон ҳамчун раиси феълии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва мушкилоти Афғонистони барои ҳар ду давлат ҳамсояро муҳокима карда, атрофи дигар масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Маросими маҷозии оғози амалигардонии лоиҳаи муштараки бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори қасри Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.
Бояд гуфт, ки мутахассисони ҳар ду ҷониб барои бунёди неругоҳҳо бо иқтидори умумии 320 мВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.
Дар оғози маросими маҷозии татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, роҳбарияти олии ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар толори қасри Президенти Ӯзбекистон ва дар маҳали сохтмони неругоҳ – деҳаи Ёвони ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони соҳаи энергетикаи ду кишвар иштирок намуданд.
Оғози татбиқи корҳои ҷустуҷӯи-асосноккунии техникӣ як қадами устувор дар роҳи таъмиқи ҳамкориҳои ду кишвар дар ин бахши ояндадор хоҳад буд.
Сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба бунёдкорони ин тарҳи барои мардумони ҳар ду кишвар манфиатбор барору комёбӣ орзу карданд.
 
 
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳузур ва бо иштироки роҳбарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” имзо гузоштанд.
Дар ҳузури сарварони давлатҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
-“Харитаи роҳ” оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2023;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ;
- Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2023;
-Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи муҳити зист;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- "Харитаи роҳ" оид ба амиқтар намудан ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкориҳои саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
Дар маҷмуъ, дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нав сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 1 июни соли 2022 дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни форум баъди муаррифии имкониятҳои сармоягузорию тиҷоратии Тоҷикистон байни доираҳои соҳибкории ду кишвар ба хотири таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо ва дарёфти шарикони нав мулоқоту вохӯриҳо доир шуданд.
Аз рӯи ҷамъбасти кори Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар маҷмуъ, 75 санади нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони бахшҳои мухталиф ба имзо расид.
Маблағи созишномаҳои имзошуда 570 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Созишномаҳои дуҷониба фаъолияти ҳамкории минбаъдаи соҳибкоронро дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди хокаи оҳан, бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон, таҳвили алюминийи аввалия ба Ӯзбекистон, истеҳсоли нахи пахта ва яхдонҳоро дар бар мегирад.
Дар Форум, инчунин, ҷиҳати тавсеа бахшидан ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ байни соҳибкорони ду кишвар ба маблағи умумии 258 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонда шуд.
Дар маҷмуъ, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо назардошти натиҷагирии форуми тиҷоратию иқтисодӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ татбиқ карда мешаванд.
 
 
 
Боздид аз Парки техникии Ӯзбекистон
2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошкент аз Парки техникӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки маҷмааи замонавӣ соли 2019 ба хотири рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва тавсеаи истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум бунёд шуда, дар ин ҷо 17 лоиҳа ба маблағи умумии 365 миллион доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таъсиси Парки техникӣ истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзғор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Айни ҳол дар Парки техникии Тошкент наздики 5 ҳазор нафар фаъолият дорад.
Зимни боздид аз Парки техникӣ сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Намоишгоҳи молҳои саноатӣ ва кишоварзии корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон шинос шуданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти дар корхонаҳои технопарк истеҳсолшаванда, аз ҷумла асбобҳои рӯзғор, ҳисобкунакҳои электронии газ, лифт, насосҳои обкаш, кондитсионерҳои саноатӣ, таҷҳизоти яхдон ва мошинҳои ҷомашӯӣ, муаррифӣ шуданд.
Дар Намоишгоҳ молу маҳсулоти 24 корхонаи саноатии 14 шаҳру ноҳияи Ӯзбекистон ба маъраз гузошта шуда буд.
Сарварони давлатҳо баъди шиносоӣ бо фаъолияти Парки техникӣ ба раҳбарони соҳаҳо барои ҳамкории зичу пурсамар ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дастур доданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2022    №: 106    Мутолиа карданд: 3448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед