иқтисод
БАҲОДУР ШЕРАЛИЗОДА: “ДАР ТАРБИЯИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ УСУЛҲОИ НАВ ҶОРӢ МЕШАВАНД”
Имсол 5 июн - Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар арафаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Душанбе таҷлил мегардад. Дар пайи проблемаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки ҷаҳонро фарогиранд ва ҳамоно баррасӣ мегарданд, дигар масъалаҳои ҳалталаби экологӣ низ ба муҳити зист таъсир мерасонанд.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати ин санаи фархунда ва баргузории чорабинии бонуфуз дар Душанбе чунин изҳори назар намуд:
- Имрӯзҳо як қатор намояндагони давлатҳои дунё барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки ин ҳама шаҳодати сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бовари комил дорам, ки дар Конфронси дарпешистода ҳусни тафоҳум барои ҳамкориҳои бештар дар соҳаи об боз ҳам тақвият ёфта, татбиқи минбаъдаи он ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, суботу шароити мусоиди экологиро фароҳам меорад.
Масъалаи муҳиме, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, ин паст будани маърифати экологии шаҳрвандон, хусусан ҷавонону наврасон мебошад, ки нисбат ба муҳити зист, тоза нигоҳ доштани он ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ бетарафӣ зоҳир менамоянд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дигар мақомоти дахлдор баҳри амалӣ намудани қонунҳои ҷории соҳавӣ доир ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ корҳои муайянеро ба анҷом мерасонанд, вале вазъи мураккаби рушди бемайлони истеҳсолот ва ҷамъшавии зиёди партовҳо мушкили зиёд эҷод мекунанд, ки он таҳкиму устувории фаъолияти ҳамарӯзаи моро талаб менамояд. Татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷониби кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, воситаҳои ахбори омма ва иштироки аҳолӣ барои гузарондани чораҳои мушаххаси тарғиботию тарбиявӣ, аз ҷумла вохӯрӣ, маҳфил, семинар ва озмунҳо байни хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма дар баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва мавқеи шаҳрвандии аҳолӣ дар ҳифзи табиат натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Дар барномаи мазкур тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти инсон ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам ҳуқуқӣ вобаста ба рушди устувори экологӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Имсол низ аз рӯйи 6 номинатсия дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзуи “Оқибати зарари партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ ба муҳити зист” озмун эълон гардида, ғолибони озмун бо туҳфаҳо қадр мешаванд. Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби бештари рӯзноманигорон ба мавзуъҳои экологӣ дар байни кормандони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ низ озмун эълон шудааст.
Ба табиат оқилона муносибат кардан ва чун гавҳараки чашм муҳофизат намудани он вазифаи муқаддаси ҳар фарди худогоҳу дурандеш аст. Барои ташаккули одоб ва маърифати экологии аҳолӣ лозим аст, ки тамоми роҳу усулҳои муҳими тарбиявиро ҷустуҷӯ карда, татбиқи амалии онҳоро дар таълиму тарбия самаранок истифода барем.
Қобили ёдоварист, ки бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маъракаи ҷумҳуриявии сабзазору гулзоркунии кӯчаю хиёбонҳо, бунёди гулгашту боғҳо чандин сол аст, ки идома дорад ва ҳамасола дар ҳудуди кишвар миллионҳо бех дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ шинонда шуда, садҳо гектар боғҳои наву гулгаштҳо бунёд мегарданд. Имсол ба хотири иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон корҳои ниҳолшинониву кабудизоркунӣ вусъати нав пайдо карданд.
Ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамоно густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва фаъолон барои муҳокимаву ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зисту экология мусоидати фаъол менамоянд.
Мақсади ниҳоии мо ин аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии марказию маҳаллӣ, коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, мавқеи ҷамъиятӣ, ватанпарастию табиатдӯстии ҳар як узви ҷомеаро фаъол намоем, то ин ки Ватани азизамон боз ҳам пешрафта, ободу зебо ва гуворо гардад.
Бигзор ҳар як фарди Ватани соҳибистиқлоламон дар ободию тозагии шаҳру диёри худ, ҳифзи гуногунии табиати биҳиштосоямон саҳмгузору фаъол бошад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.06.2022 №: 106 Мутолиа карданд: 1406