logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, БАРОИ МАТБУОТ ОИД БА НАТИҶАҲОИ МУЗОКИРОТИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН, ШАҲРИ ТОШКЕНТ, 2 ИЮНИ СОЛИ 2022

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба бародари азизам, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъвати сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона ташаккур гӯям.
Мулоқоти навбатии мо дар руҳияи созандагӣ ва боварии тарафайн гузашт, ки хоси муносибатҳои  ду халқи бародар мебошад. Мо аҳамияти нигоҳ доштани муколамаи мунтазами сиёсиро дар ҳама сатҳҳо муҳим шумурдем. Дар Тоҷикистон ба саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳанд.
Моҳи октябри соли ҷорӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатиро ҷашн мегиранд.
Муҳим он аст, ки мо дар соли ҷашнӣ қарори дорои аҳамияти таърихидоштаро қабул кардем, ки он ба баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо то ба дараҷаи иттифоқӣ нигаронда шудааст.
Имрӯз санади стратегӣ – Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.
Мо итминон дорем, ки ин ҷавобгӯ ба манфиатҳои куллии халқҳои мост ва омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни гуфтушунид дар доираи маҳдуд ва васеъ мо ба татбиқи амалии созишҳои қаблан қабулшуда эътибори хосса зоҳир намудем.
Боиси хушнудист, ки тайи се соли охир дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ ҳудуди 100 санади дуҷониба ба имзо расид.
Мо ба мувофиқа расидем, ки рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар муносибатҳои мо, ҳамчунон, авлавият доранд.
Мо ба ҷараёни босуръати афзоиши гардиши мутақобилаи муомилоти мол, ки дар соли гузашта беш аз 600 миллион долларро ташкил дод, якдилона таъкид кардем.
Умуман, дар давоми шаш соли охир ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ байни мамлакатҳои мо 40 маротиба афзуд!
Мо барои расидан ба ҳадафе, ки қаблан бо муҳтарам Шавкат Миромонович муайян карда будем, яъне гардиши молро ба як миллиард доллар расондан, пайваста пеш рафта истодаем.
Мо зикр кардем, ки барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдӯзӣ, кӯҳӣ ва металлургӣ, инчунин, дар бахшҳои металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, бонкдорӣ ва сайёҳӣ иқтидори бузург мавҷуд аст.
Мо, ҳамчунин, таъкид намудем, ки имкониятҳо дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, махсусан дар соҳаи тухмипарварӣ, зиёданд. Дар ин роҳ мо аҳд кардем, ки робитаҳои доираҳои тиҷоратии мамлакатҳоямонро боз ҳам инкишоф диҳем.
Дирӯз мулоқоти ҷамъиятҳои тиҷоратии тарафҳо барпо гардид, ки дар он як бастаи томи шартномаҳои байни субъектҳо ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расид.
Таваҷҷуҳи хосса ба зарурати истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ зоҳир карда шуд.
Тайи чанд соли охир дар минтақаҳои мо тавассути анҷоми сафарҳои мутақобила ва роҳандозии робитаҳои корӣ фаъолияти хуб оғоз шудааст.
Даҳҳо чорабиниҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона баргузор шуданд.
Мо итминон дорем, ки минтақаҳои мо барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар кооператсияи саноатӣ, бахши нақлиёту логистика, комплекси агросаноатӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва илмию техникӣ имкониятҳои калон доранд. Бо назардошти таҷрибаи андӯхташуда дар ин самт мо пешниҳод кардем, ки дар нимаи дуюми соли равон таҳти раёсати нахуствазирони ду кишвар Форуми минтақаҳо ташкил карда шавад.
Зимни гуфтушунидҳо ҳавасмандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъкид гардид. Иқдоми ҷиддӣ дар ин самт – якҷо бо муҳтарам Шавкат Миромонович оғоз бахшидани татбиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар рӯдхонаи Зарафшони  Тоҷикистон аст.
Комёбиҳои муҳим дар соҳаи нақлиёт низ таъкид карда шуданд.
Мо бо камоли қаноатмандӣ зикр намудем, ки шаҳрвандони мо имкони рафтуомади озодона доранд.
Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро бе мамоният убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст.
Реҷаи муомилоти озоди молу хизмат таъмин карда шудааст.
Ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзудааст.
Мо аҳд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани нақлиёти роҳи оҳани мусофиркашониро байни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямон баррасӣ намоем.
Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арсаи фарҳангӣ, башардӯстона, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ин  самт бо назардошти анъанаҳои наздики фарҳангии ду халқи бародар аҳамияти асосӣ дорад.
Дар рафти гуфтушунид мо ҳамкории худро дар соҳаи амният муфассал муҳокима кардем.
Мо ҳавасмандии муштараки худро ба таҳкими муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор кардем.
Бо назардошти вазъи мураккаби имрӯзаи байналмилалӣ, мо омодагии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, бахусус  дар масъалаи Афғонистон, бори дигар тасдиқ намудем.
Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздики Афғонистон ба истиқрори сулҳу ваҳдати дарозмуддат дар ин кишвар самимона манфиатдор аст.
Таъкид карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври созанда рушд мекунанд.
Мо аз талошҳои Ӯзбекистон ба ҳайси раиси СҲШ дар соли ҷорӣ пуштибонӣ хоҳем кард.
Мо итминон дорем, ки саммити дарпешистодаи Созмон бомуваффақият мегузарад.
Дар маҷмуъ, ҷонибҳо изҳори итминони қатъӣ намуданд, ки тавофуқоти дар рафти гуфтушунид ва вохӯриҳои ҷонибҳо ҳосилшуда ба амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои пешбинишудаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳанд кард.
Дар хотима, мехоҳам бори дигар ба Шумо муҳтарам Шавкат Миромонович ва дар симои Шумо ба халқи бародари Ӯзбекистон барои истиқболи гарм, меҳмоннавозии анъанавӣ миннатдории самимӣ баён намоям.
Ташаккур барои таваҷҷуҳ!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2022    №: 106    Мутолиа карданд: 1411
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед