сафарҳо
ИДОМАИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРҲОИ УРГАНҶ ВА ХИВАИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
3 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома ёфт.
Дар рӯзи дуюми сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Урганҷ ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷ меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва мардуми меҳмоннавози ӯзбек самимона истиқбол гирифтанд.
БОЗДИД АЗ ҶДММ ФАБРИКАИ ҚОЛИНБОФИИ “ХИВА ГИЛАМ КОМБИНАТӢ”
3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Фабрикаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” боздид намуданд.
Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии Корхона шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” соли 1977 таъсис ёфтааст. Корхона тули 45 сол фаъолияти пурсамар дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад.
Он калонтарин корхонаи саноатии Ӯзбекистон буда, қолинҳои гуногун ва калоба истеҳсол мекунад. Майдони умумии Корхона 11, 8 гектар ва масоҳати зери сохтмони иншооти истеҳсолӣ 4,7 гектарро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар Корхонаи қолинбарорӣ 250 нафар бо кор таъмин мебошад. Иқтидори солонаи Корхона истеҳсоли 2,2 миллион метри мураббаъ қолинро ташкил медиҳад.
Дар сехи бофандагӣ роҳбарони ду давлат бо таҷҳизоти истеҳсолот шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки соли 2002 корхонаи муштараки Ӯзбекистону Олмон барои истеҳсоли қолинҳои пашмин, ки дар бозорҳои хориҷӣ серталаб аст, бо насби 30 дастгоҳи нави бофандагӣ ба фаъолият оғоз кард.
Корхона бо дастгоҳҳои муосири ресандагӣ (PPM240) ва дастгоҳҳои шонабандӣ (ACH214) муҷаҳҳаз буда, истеҳсоли риштаи нимпашминро ба иқтидори пурраи истеҳсоли қолин ба роҳ мондааст.
Маҳсулоти тайёри корхонаи Ҷамъияти саҳомии қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” ба Россия, Олмон ва дигар кишварҳо содирот мешаванд.
Иқтидори содиротии Корхона дар як сол 5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Баъди шиносоӣ бо фаъолияти он ва суҳбат бо коргарону мутахассисони фабрикаи қолинбофӣ сарварони давлатҳо - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба фаъолияти Корхона баҳои баланд дода, васеъ намудани ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла боз ҳам густурда намудани ҳамкориҳоро дар самти содироту воридоти маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, муҳим шумурданд.
Боздид аз маҷмааи таърихии “Ичан-Қалъа” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива - “Ичан - Қалъа” боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Хива яке аз қадимтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон буда, дар тули таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад. Хива яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар шаҳри бостонии Хива қисми қадимаи он “Ичан - Қалъа” то замони мо бегазанд боқӣ мондааст. Ёдгориҳои нодири Хива маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошанд, ки анъанаҳои чандинасраи меъмории Хоразми қадимро ба мерос мондаанд.
12 декабри соли 1990 “Ичан - Қалъа” дар Осиёи Марказӣ ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба Рӯйхати мероси моддии ЮНЕСКО дохил гардидааст.
Дар асри XIX шаҳри Хива ба ду қисм ҷудо шуд: “Ичан-Қалъаи Шаҳристон” қисми дарунии шаҳр ва “Дешон-Қалъа-Работ” шаҳри беруна бо даҳҳо қишлоқҳои атрофи шаҳр.
Деворҳои “Ичан-Қалъа” бо мурури замон борҳо вайрон ва аз нав сохта шудаанд. Доираи деворҳои қалъа қариб 2200 метр, баландиаш 7-8 метр ва ғафсии таҳкурсӣ 5-6 метрро ташкил медиҳад.
Баъди шиносоӣ бо мавзеъҳои қадимаи шаҳри Хива Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва бостоншиносон барои муаррифии шоистаи ин шаҳри қадима изҳори сипос карда, ба мардуми дӯсти ӯзбек дар роҳи гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ комёбиҳои беназир орзу намуданд.
Анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Нимаи дуюми 3 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳрҳои Тошкент ва Урганҷ ҷараён дошт, бо натиҷаҳои бобарор баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар ба анҷом расид.
Дар доираи ин сафар байни ду ҷониб аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Рӯйдоди муҳиму тақдирсоз барои шаҳрвандони ду кишвари дӯсту бародар имзои Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи мардумони тоҷику ӯзбекро амалӣ месозад.
Натиҷаи дигари бобарори ин сафар аз ҷониби сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев расман оғоз бахшидани корҳои лоиҳакашию иктишофӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт мебошад. Татбиқи ин ҳадаф омили муҳими рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи барои ҷонибҳо судовари энергетика аст.
Баъди анҷоми сафари расмӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Урганҷ ба Ватан баргаштанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷ меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони олии қадршиносию эҳтиром ва самимияти хоссаи бародарона Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гусел карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.06.2022 №: 107 Мутолиа карданд: 3324