logo

энергетика

ЭНЕРГЕТИКА. ҚАДАМИ НАВИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ НОИЛ ШУДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори истеҳсоли солонаи энергияи барқ 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки 95 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазир то ҳол аз худ нашудааст. Илова ба захираҳои гидроэнергетикӣ, захираҳои зиёди тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои шамол, Офтоб ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) мавҷуд мебошад. Зеро талаботи дохилӣ ва минтақавӣ ба неруи барқ, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷударо тақозо менамояд.
 
Ин матлабро Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси минтақавии «Дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ», ки 2 июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе оғоз гардид, иброз намуд. Ҳамоиш то 4 июн идома меёбад, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, ҳамчунин, роҳбарони намояндагиҳои ташкилотҳои молиявӣ ва шарикони рушд дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ менамоянд. 
Вазир афзуд, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян шудааст. Ҳуҷҷати стратегӣ дар баробари афзоиши иқтидорҳои энергетикии кишвар, иловатан ба даст овардани беш аз 500 миллион кВт/соат неруи барқ дар як сол аз ҳисоби МБЭ ва сарфаҷӯии энергияи барқро вазифагузорӣ мекунад. 
- Бо сабаби тағйирёбии иқлим ва бо суръати тез тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои гидрологии дарёҳо ва мавсимӣ будани маҷрои онҳо, инчунин, маҳдуд гардидани иқтидори неругоҳҳои барқи обӣ барои қонеъ намудани талабот ба қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон, масъалаи ба таври васеъ афзоиш додани манбаъҳои барқароршавандаи энергия торафт аҳамияти аввалиндараҷаро касб мекунад. Қонеъ гардондани талаботи рӯзафзун аз ҳисоби сохтмони неругоҳҳои барқи ҳароратӣ бинобар баланд будани арзиши сохтмон, инчунин, нархи гарони истихроҷи ангишт на ҳама вақт мувофиқ аст. Илова бар ин, мушкилоти экологӣ ва талаботи зиёд нисбат ба ихроҷи моддаҳои зараровар, газҳои гулхонаӣ аз сӯзишвории ангишт ( пеш аз ҳама, дуоксиди карбон) ба рушди неругоҳҳои ҳароратӣ бо ангишт мусоидат намекунанд, - гуфт Далер Ҷумъа. 
Ба андешаи Сорбон Холмуродзода, сардори департаменти электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ, бо назардошти он, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии сокинон аз рушди соҳаи энергетика вобастагӣ дорад, афзоиши тавлиди неруи барқ омили муҳими роҳи рушди кишвар ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бояд ба пешбурди энергияи барқароршаванда таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад. Солҳои охир лоиҳаҳои бисёр аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини неруи барқ ва оби гарм дар иншоотҳои давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст ва баландкӯҳ, амалӣ гаштанд. Аммо барои истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия як қатор мушкилот, аз ҷумла набудани маълумот дар бораи захираҳои омӯхташуда вобаста ба дурахши Офтоб ва суръати шамол, дастгирии нокифоя аз тарафи мақомоти давлатӣ, арзиши баланди технология ва огоҳии нокифояи истифодабарандагони ниҳоӣ, ҷой доранд.
Аз ин нуқтаи назар, Конфронси минтақавии «Дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» барои истифодаи самараноки захираҳои МБЭ-и кишвар ва ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 платформаи зарурӣ ба ҳисоб меравад, зеро коршиносон манбаъҳои офтобӣ ва бодии кишварҳои Осиёи Марказиро ҷиҳати рушди иқтидори мавҷудаи МБЭ ба риштаи таҳлил мекашанд. Илова бар ин, чорабинӣ имкон медиҳад, ки табодули таҷриба ва таҳияи тавсияҳо оид ба фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор дар соҳаи энергетика таъмин карда шаванд.
Тибқи барнома, дар рӯзи охири Конфронси минтақавӣ меҳмонон аз Неругоҳи барқи обии “Норак” дидан мекунанд.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2022    №: 107    Мутолиа карданд: 4069
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед