logo

Хабарҳо

ИДОРАКУНИИ БОСАМАР. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ноил мешавад. Аммо мавҷудияти камбизоатӣ хоси танҳо як ҷумҳурӣ нест, балки барои тамоми кишварҳои олам ҳодисаи тавъам мебошад. Айнан ҳамин мавзуъ ва масъалаҳои марбут ба некуаҳволии шаҳрвандони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар як ҳамоиши байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин ҳамоиш муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода ширкат ва суханронӣ намуд.  
 
Ин ҳамоиш бо эҳтимоми Бонки ҷаҳонӣ ва пуштибонии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир дар умури иттиҳод ва рушди байналмилалӣ баргузор гардида, ду рӯз давом кард. Мавзуи “Идоракунии босамар барои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ” дар меҳвари гуфтугӯи иштирокдорон қарор дошт. Намояндагони идораҳои дахлдори ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бо ҳузури вакилони идораҳои байналмилалии молиявӣ бонавбат перомуни корҳое, ки дар кишварҳои худ ба сомон расондаанд,  суҳбат карданд.
Рӯзи аввали ҳамоиш масъалаи камбизоатӣ дар соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва роҳҳои коҳиши он матраҳ гардид. Гуфта шуд, ки самара ва шаффофияти иқтисод, дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандон дар ҷамъи ин ҷумҳуриҳо бо кумакҳои молии ниҳодҳои молиявӣ беш аз пеш беҳбуд меёбад.  Таъкид гардид, ки дар ин самт барномарезии чорабиниҳои сиёсати давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиёт, беҳбуди корҳои ҳамоҳангсозии байни идораву вазоратҳо, инчунин, тавсеаи ҳамкории онҳо бо шаҳрвандон аз омилҳои муҳим ба шумор мераванд.
Ба гуфтаи Мирзо Ҷаҳонӣ, мудири бахши  рушди Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, дар умури иттиҳод ва рушди байналмилалӣ кишвараш бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барномаи EGED (Идоракунии муассир барои рушди иқтисодӣ)-ро таҳти иҷро қарор додааст. 
- Ин барнома бо такя ба маълумоти дақиқ сиёсати давлатии ин кишварҳоро пуштибонӣ мекунад. Бо эътимод метавон гуфт, ки истифодаи маълумоти оморӣ ва далелҳои илмӣ барои самаранокии ин ҷараён ба сифати омили муҳим хидмат мекунанд. Ин шарикони мо метавонанд таҷриба иваз намоянд, роҷеъ ба иқдомоти баъдӣ дар ин майдон мулоҳизаронӣ кунанд, - изҳор намуд Мирзо Ҷаҳонӣ. 
 Дар ҳамоиш Татяна Проскурякова, мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ гуфт, ки соли равон ин бонк ва давлатҳои Осиёи Марказӣ,  30-умин солгарди ҳамкориҳои дуҷонибаи муштараки худро таҷлил мекунанд. Ба таъкиди ӯ, дар ин муддат барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандони минтақаҳои ин мамлакатҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. 
 Ашӯрбой Солеҳзода дар оғози суханронӣ гуфт, ки зуҳури  COVID-19 барои рушди иқтисоди тамоми кишварҳо ва пуштибонӣ аз қишри камбизоати ҷомеаи он бетаъсир намонд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба идоракунии босамар диққати махсус медиҳад. Дар кишвари мо Қонун дар бораи “Банақшагирии стратегӣ ва пешгӯии давлатӣ” қабул мегардад. Дар чаҳорчӯби ин қонун пешбинӣ шудааст, ки муқаррароти марбут ба идоракунии босамар ва рушди иқтисод такомул ёбад. Дар муддати бист соли охир Тоҷикистон се ҳуҷҷати стратегӣ ҷиҳати коҳиши камбизоатӣ ва як ҳуҷҷат барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқро татбиқ намудааст. Дар айни ҳол Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ум дар се марҳила татбиқ мегардад, - гуфт Ашӯрбой Солеҳзода.
 Вай афзуд, ки ҳоло марҳилаи дуюми татбиқи ин стратегияи миллӣ барои солҳои 2021 - 2025 босуръат идома дорад. Гуфта мешавад, Тоҷикистон то соли 2025 ба 18 дарсади коҳиши камбизоатӣ ноил мегардад ва ин рақам то соли 2030 то 15 дарсад поён хоҳад фаромад.
- Ҷои хушҳолист, ки бар асоси татбиқи ҳуҷҷатҳои фавқуззикр сатҳи камбизоатӣ нисбат ба 83 дарсади соли 1997 ҳоло ба 26,3 дарсад поён рафтааст. Ин барои кишварҳои зиёд намунаи ибрат буда метавонад. Бемуҳобот, ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ барои ба даст овардани чунин натиҷа боис гардид,-тазаккур дод муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
  
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3678
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед