logo

иқтисод

ПРЕСС – ТУР. ЖУРНАЛИСТОН АЗ ПОЙГОҲҲОИ ОБУҲАВОСАНҶӢ ДИДАН КАРДАНД

 
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» як гурӯҳ рӯзноманигорон ба ноҳияи Варзоб пресс-тур анҷом доданд. Мақсад аз пресс-тур шиносоӣ бо фаъолияти стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва тармасанҷии Ҳушёрӣ ва Майхӯра буд, ки дар баландии аз  1300 то 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат амалӣ гардид.
Нахуст, дар стансияи обуҳавосанҷии Ҳушёрӣ, ки аз соли 1945 инҷониб ба санҷиши метеорологӣ машғул мебошад, шароити омӯзиши вазъи обу ҳаво фароҳам оварда шудааст. Аз рӯи мушоҳидаи стансияи мазкур, сатҳи оби дарёи Варзоб нисбат ба солҳои пеш кам гардида, ҳаҷми оби дар моҳҳои май – июн дар як сония 120 метри мукаабро ташкилнамудаи дарёи Варзоб, ҳоло дар як сония 60 метри мукааб, яъне як маротиба кам шудааст. 
Стансияи барфу тармасанҷии Майхӯра  дар саргаҳи дарёи Варзоб, каме болотар аз стансияи обуҳавосанҷии Ҳушёрӣ ҷойгир буда, кори он аз санҷидани ҳаҷми боришоти барфу борон ва хароҷоти об, инчунин, муайян кардани миқдори тарма иборат аст, ки масъулон ҳамарӯза аз ин ҷо маълумот ирсол менамоянд. 
Қодир Восидов, сардори стансия иброз дошт, ки тибқи мушоҳидаҳо боришоти барф низ солҳои охир кам гардида, обшавии онҳо босуръат сурат мегирад. Махсусан, имсол барф бояд дар моҳи апрел ва аввалҳои май об мешуд, на моҳи март.  
Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ  дар шароити имрӯзаи тағйири иқлим мунтазам санҷидани вазъи ҳавои атмосфера, сатҳи оби кӯлу дарёҳо, суръати шамол, намии хок ва муайян кардани ченаки боришот аҳамияти калон пайдо кардааст. Хушбахтона, барои анҷом додани ин корҳо дар ҳудуди мамлакат   60 нуқтаи обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳо фаъолият менамоянд, ки бо таъмини таҷҳизоти худкор ҳамарӯза вазъи боду ҳавои кишварро санҷида, маълумоти дақиқ пешниҳод менамоянд.  Ҷиҳати беҳбудии фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ татбиқи барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ, ҳамчунин, таъсиси экспедитсияи муҳташами илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба омӯзиши вазъи кунунии пиряхҳо нақши калидӣ мегузорад. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи кураи Замин, ки пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар хуб нест, дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардида, олимони мо дар ин самт омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ менамоянд.
Дар робита ба ин, Камолиддин Назирзода, муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, гуфт, ки олимони соҳа дар доираи ташкили кадастри селҳо ва номгӯи (коталоги) пиряхҳо корҳои омӯзиширо ба роҳ монда, аз аввали моҳи январ дар ҳавзаҳои калидии ҷумҳурӣ чанд марҳилаи мониторинги захираи обу барф анҷом доданд. Тибқи мушоҳидаҳо, дар зимистони имсола захираи барф нисбат ба меъёри бисёрсола зиёд шудааст. Дар стансияҳои Ҳушёрӣ ва Майхӯра, ки сатҳи оби дарё ва барф нисбат ба меъёри бисёрсола кам ба мушоҳида мерасад, ҳолати маъмулист. Барои ҳифзи пиряхҳо аксар кишварҳои ҷаҳон, ба монанди Швейтсария, Шведсия ва амсоли инҳо, пешниҳод карданд, ки дар сурати бо матои махсуси муҳофизатӣ пӯшондани пирях талафоти он бамаротиб кам мегардад. Аммо ин таҷриба барои кишвари мо дуруст намеояд, чун пиряхҳои Тоҷикистон дар масофаи дур ва аз сатҳи баҳр баланд ҷойгиранд. Барои ҳифзи пиряхҳои кишвари мо ба андешаи коршиносон, дар дарёҳои  калон ташкили ҳарчи бештари обанборҳо, ки дар натиҷаи бухоршавии об ва намӣ боришот зиёд мегардад, хеле мусоид аст.  Бар замми ин, яке аз роҳҳои пешгирии талафоти пиряхҳо ин зиёд кардани майдони ҷангалзор мебошад, ки дар ин самт кор бурда мешавад. Барои дастгирии молиявии Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатию хориҷӣ низ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Маҳз бо дарки муҳимияти ҳифзи захираҳои обӣ ва ҳалли бисёр масъалаҳои экологӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бинои нави Агентии обуҳавошиносӣ бо ҳуҷраҳои кории дорои шароити омӯзиши вазъи обу ҳаво, мониторинги захираҳои об, назорати вазъи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои баланд бардоштани дониш ва маърифати экологӣ мусоидат менамояд. Махсусан, вохӯрию суҳбати аъзои пресс – тур бо масъулини Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар масъалаи амалигардонии нақшаи чорабиниҳо роҷеъ ба ҳадафҳои экологии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ва омодагиҳо ба Конференсияи навбатии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи мазкур, ки аввалҳои моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, хеле бамаврид ва саривақтӣ буд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2022    №: 107    Мутолиа карданд: 1207
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед