Хабарҳо
САНОАТ. САҲМИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР ДАР РУШДИ СОҲАИ ОЯНДАСОЗ МЕАФЗОЯД
Бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи кор бо занон ва оила дар мавзуи “Нақши бонувони соҳибкор дар рушди соҳаи саноат” мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудавварро муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир ифтитоҳ намуда, баъдан маърузаҳо аз ҷониби Нигорахон Ғаффорзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гиоргий Вардишвили, ҷонишини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Малика Ярбабаева, сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонувони соҳибкор манзури ҳозирин гардид.
- Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҳамасола барои дастгирии занони соҳибкор грантҳои президентӣ ҷудо мегарданд, ки яке аз воситаҳои беҳтар намудани вазъи иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад. Саҳми бонувони соҳибкори тоҷик дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тавассути бунёди марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ хеле назаррас гардид. Занҳои соҳибкор коргоҳҳои нассоҷию дӯзандагӣ таъсис дода, ҷойҳои корӣ муҳайё кардаанд, - зикр кард Хуршедаи Қодир.
Тавре Нигорахон Ғаффорзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ибрози назар намуд, таҳлили чанд соли фаъолияти занони соҳибкор нишон медиҳад, ки бо истифода аз маблағҳои грантӣ занони соҳибкор тавонистанд дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб гузоранд. “Тавассути амалигардонии лоиҳаҳо дар 5 соли охир зиёда аз 4 ҳазор занони хонашин бо ҷойҳои нави кор таъмин гардиданд. Натиҷаҳои амалигардонии лоиҳаҳои грантӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бонувони тоҷик дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди саноатӣ ва дар соҳаи кишоварзии мамлакат корофариниро доро ҳастанд. Ҳамзамон, дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат вобаста ба дастгирии бонувон грантҳои раисони вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ таъсис дода шудаанд”, - иброз намуд номбурда.
Яке аз соҳаҳои муҳими саноати сабук дӯзандагӣ ба шумор рафта, рушди минбаъдаи он дар таъмини зиёди ҷойҳои корӣ барои занон мусоидаткунанда арзёбӣ мегардад. Аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии кишвар соли 2021, дар маҷмуъ, ба маблағи 340 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 55 миллион сомонӣ бештар мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти дӯзандагии истеҳсолшуда, 212 миллион сомонӣ ва ё 62 дарсад ба хориҷи кишвар, хусусан ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИДМ, содирот шудаанд. Содирот гардидани маҳсулоти дӯзандагӣ ба бозорҳои хориҷи кишвар шаҳодати босифат ва рақобатпазир истеҳсол намудани он аз ҷониби занону бонувони тоҷик ба шумор меравад.
- Шумораи корхонаҳои саноати сабук соли 2021-ум 414 ададро ташкил дод, ки дар онҳо зиёда аз 18 ҳазор нафар ба шуғл фаро гирифта шуд. Дар соҳа, дар маҷмуъ, шумораи занҳои ба шуғл фарогирифташуда, зиёда аз 50 дарсади кормандони соҳа, 20 дарсад ҳайати роҳбарикунанда ва 36 дарсад мутахассисони корхонаҳои истеҳсоли либос, пойафзол ва дигар маҳсулоти чармиро ташкил медиҳанд, - гуфт Малика Ярбабаева, сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав.
Дар ҷамъбаст, як қатор бонувони соҳибкор барои саҳми арзанда дар амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкории бонувон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат бо сипосномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.
Нигина РАҲМОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4873