иқтисод
ПИЛЛА. ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВ
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 чунин таъкид шудааст: “Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор, бахусус барои занону бонувон, имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд”.
Дар даврае, ки маъракаи нави кирмакпарварӣ дар ноҳия идома дорад, хабарнигори рӯзнома суҳбате орост бо сардори КФ “Пиллахушконии ноҳияи Рашт” Фатҳуддин Саймаҳмадов.
Мавсуф зимни суҳбат гуфт, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим ба кирмакпарварӣ ва истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ таваҷҷуҳи хос дошт. Устоҳои дукондор бо истифода аз нахи пилла газворҳои хушсифат мебофтанд. Мутаассифона, тайи чанд соли охир таваҷҷуҳ ба кирмакпарварӣ коҳиш ёфт. Парвариши кирмаку тут, рӯёндани пиллаи хушсифат на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати нигоҳ доштани фарҳанги кирмакпарварӣ ҳам муҳим аст. Қариб ҳамаи ривоятҳо, суннатҳо ва маросимҳо ба монанди шинохти баргҳои тут, бемориҳои кирмак, тарзи буридани навдаҳои дарахти тут, тайёр кардани барг барои кирмак дар тамоми давраи парваришаш, бастан ва гузоштани даста ва ғайра ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд.
Инак, дар ноҳия маъракаи нави кирмакпарварӣ идома дорад. Нигоҳубин ва парвариши кирмак дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Ҳиҷборак ва Қалъанак хуб ба роҳ монда шудааст. Кирмакпарварони ноҳия уҳдадор гардидаанд, ки нигоҳубини кирмакро тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда, 24 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол намоянд.
Номбурда афзуд, ки заминаи асосии рушди соҳаи кирмакпарварӣ ин нигоҳ доштани майдони тутзор (дар ноҳия 20 гектар) ва дарахтони тути назди ҳавлиҳои мардум (60 ҳазор бех) мебошад. Бо мақсади рушди пиллапарварӣ қитъаҳои замине, ки барои тутзор истифода мешаванд ва шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла машғуланд, муҳлати 10 сол аз пардохти андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ, бо истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз дигар намуди андозҳо озод карда мешаванд.
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир кирмакпарварони ноҳия ба як қатор мушкилот мувоҷеҳанд. Аз ҷумла, дар давраи нашъунамои кирмак шахсони алоҳида ҳангоми пошидани заҳрхимикатҳо ба боғҳояшон баъзан дарахтони тутро заҳролуд мекунанд, ки истифодаи онҳо боиси нестшавии кирмак ва барбод рафтани меҳнати кирмакпарварон мегардад. Баъзе ашхос тутзорро ҳамчун ҳезум истифода мебаранд, ки ин амал тутро оқибат ба нобудшавӣ мерасонад. Мушкили дигар дар ноҳия ин норасоии мутахассисон оид ба соҳаи кирмакпарварӣ мебошад.
- Рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар амалӣ сохтани ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии мамлакат нақши созгор дорад. Бо бартараф кардани мушкилоти мавҷуда, метавонем рушди соҳаро дар муддати кӯтоҳ таъмин намоем, - гуфт дар хотимаи суҳбат Ф. Саймаҳмадов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.06.2022 №: 108 Мутолиа карданд: 1098