Хабарҳо
«ДУРАХШИ МУҲАББАТ»
Нашри китоби адабиётшиноси маъруф Муртазо Зайниддинзода бо номи «Дурахши муҳаббат» навидест аз пешрафти соҳа ва дастовардҳои адабиёту адабиётшиносии миллии тоҷик ва дигар халқҳо. Яъне, ба василаи мутолиаи он хонандагон, муҳаққиқон ва мутахассисон оид ба масъалаҳои робитаҳои адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, мизони маърифату заҳмати адабиётшиносони дигар маълумоти тоза гирифта метавонанд.
Муроди муаллифи китоб дар сухани иқтибосшуда аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чун эпиграф истифода шудааст, равшан мегардад: «Бояд таблиғи ғояҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва адибони тоҷик қарор бигирад».
Ба китоб адабиётшинос Субҳони Аъзамзод бо номи «Розгӯйи асрори бинҳуфтаи адабиёт» сарсухани муфассал навиштааст, ки он хонандаро ба масъулиятшиносӣ, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмии Муртазо Зайниддинзода шинос мекунад.
Тавре ӯ ёдовар мешавад: «Аз вижагиҳои хоси ҷусторҳои пажӯҳанда дар ин арса яке ин аст, ки ӯ дар бархе осори адабии муосири тоҷик низ эҳсоси ҷонпайвандии тоҷикӣ бо дигар халқҳоро бо камоли мӯйшикофӣ дарёфта ва ба завқи хонандаи амиқбини тоҷик ғановати дучанд бахшиданӣ шудааст».
Ин мақсадро худи муаллифи китоб ин тавр бозгӯ мекунад: «Ҳар қадар ки ба осори меросӣ ва таълифоти илмиву таърихии давраҳои охир таваҷҷуҳи бештар гардад, ба ҳамон андоза иртиботи байниҳамӣ ва таъсиру таассури илму адаби халқҳои гуногунзабону мухталифнажод равшантар зуҳур мекунад. Осори чашмраси илмиву адабӣ, таърихиву ҷуғрофӣ ва фалсафиву табиии баёдгормонда башорат медиҳад, ки аҷдодони некноми мо ба бозёфтҳои илмии халқҳои дигар бо чашми ҷӯяндагӣ нигариста, дар радифи таъсиргузорӣ баҳра низ бардоштаанд».
Пажӯҳишгар тавонистааст, ки ҳақиқати илмиву адабиро баён намояд ва асрори онҳоро бикушояд. Дар ин маврид бо арҷгузорӣ ба заҳмату пажӯҳишҳои ҳамтоёнаш, ҳамчунин, андешаҳо ва хулосаҳои худро бо ҷасорати том пешниҳод менамояд, ки ин дар илми адабиётшиносӣ бисёр муҳим мебошад.
Муртазо Зайниддинзода дар таълифи матлабҳои дар китоб ҷамъоварда аз манбаъҳои зиёди илмиву адабӣ истифода менамояд, ки қимати пажӯҳиши ӯро афзудааст.
Ҳамин тавр, он туҳфаи арзишмандест ба алоқамандони соҳаи адаб ва адабиётшиносӣ.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4580