logo

туризм

“ШУМОН ТУР”. ФАРОҒАТИ ШУМО МАСЪУЛИЯТИ МОСТ!

Ширкати сайёҳии «Шумон Тур», воқеъ дар  деҳоти Деҳқонободи  шаҳри Ҳисор, яке аз агентиҳои сайёҳии фаъол ва пешрафта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мақсади ширкат муаррифии имконияту зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои ҷолиби диққат мебошад. Ҳоло фаъолияти хизматрасонии ширкат ба самтҳои гунонун, аз ҷумла дар самти сайёҳии аграрӣ, экологӣ, шикор, кӯҳнавардӣ, табобатӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, этникӣ- динӣ, маишӣ, кемпинг, зимистона ва сайёҳии обӣ, ба роҳ монда шудааст. 
Ширкати мазкур моҳи августи соли 2021 таъсис ёфта, бо вуҷуди навтаъсис будан дар ин муддат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ширкат айни ҳол 14 хатсайри дохилию хориҷӣ фаъолият дорад. 
Тавре Бахтовар Аминзода, роҳбари ширкати сайёҳии «Шумон Тур», иброз дошт, кормандони он ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз рӯи завқу хоҳиш ҳамарӯза дар сатҳи баланд хизматрасонӣ менамоянд. Ҳамкории мо бо кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Россия ва ҳавзаи кишварҳои арабӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Ширкат дорои имкониятҳои баланди хизматрасонӣ буда, сайёҳон дар меҳмонхонаҳои 3-4-5 - ситорадор, нақлиётҳои барҳаво ва бо таъмини амнияташон барои фароғат, фаро гирифта мешаванд. Кормандони ширкат бо забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ, туркӣ меҳмононро роҳбаладӣ менамоянд. Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони рушд бо кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Ӯзбекистон, мо ба қабули сайёҳони ӯзбек даст ёфтем. Ҳамчунин,  хизматрасониро барои саёҳати шаҳрвандони  Тоҷикистон ба тамоми гӯшаву канори олам фароҳам меоварем. 
Самти сайёҳии дохилии ширкат мақбули мизоҷон буда, мавзеъҳои ҷолибу диданиро дар бар мегирад. Хатсайрҳои таърихӣ, аз қабили минтақаи Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, изи динозавр дар шаҳри Турсунзода, Ҳулбук, Чилдухтарон, Сари Хосор, хатсайрҳои аграрӣ - анорбоғи Норак, ангурбоғи минтақаи Турсунзодаву Шаҳринав, минтақаи боғҳои гелоси водии Ҳисор, сайёҳии обӣ – дараи Варзоб, Қайроқум, Ромит, Алмосии Ҳисор, Норак аз номгӯи минтақаҳои сайёҳии барои сайёҳон пешбинишуда мебошанд.  
Ҳамчунин, дар ширкат ташкили саёҳати дастаҷамъона бо фарогирии ашхоси гуногуни ҷомеа низ хеле рушд ёфтааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ ширкат тавонист якчанд сайёҳати гурӯҳиро ба мавзеи кӯҳию лижаронии “Сафед - Дара” роҳандозӣ намояд. Инчунин, тавассути нақлиёт хатсайри “Душанбеи афсонавӣ”- ро ташкил намуд, ки аз оғози соли равон то ба имрӯз дар ин масир беш аз 700 нафар хонанда аз мавзеъҳои ҷолиби пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе дидан намуданд. 
Ширкати сайёҳии “Шумон тур” дар якҷоягӣ бо КВД “Маркази иттилоотию хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ”-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД  “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода саёҳати дастаҷамъонаи муҳассилини шаҳри Душанберо ба роҳ монд. Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ дар замири онҳо маҳсуб ёфта, ҳамчунин, тадбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти сайёҳӣ мебошад.  
Хатсайри “Душанбе - Ҳисор - Шаҳринав- Турсунзода” хусусияти табиию экологӣ ва таърихию фарҳангӣ дорад.  Дар ин масир аз оғози сол то ба имрӯз ба беш аз 600 нафар хизмат расонда шудааст.
Ширкати мазкур, ҳамчунин, бо ҷалби як қатор муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии мамлакат хатсайри “Душанбе-Норак-Данғара”-ро ташкил намуд. Тавассути ин хатсайр хонандагони боргоҳи илму маърифат аз мавзеъҳои табиию экологии шаҳри Норак боздид намуданд. Дар ҷараёни сайёҳат роҳбалад бо забони тоҷикиву русӣ вобаста ба таърихи пайдоиши шаҳр ва НБО “Норак” маълумоти ҷолибро пешниҳоди хонандагон гардонд. Дар ҷараёни сафар муҳассилини таълимии “Нури ирфон” ба Маҷмааи фароғатию фарҳангии “Хуррамшаҳр” омада, бо санъати баланди кандакорию меъмории ҳунармандони минтақа шиносоӣ пайдо намуданд. Сипас, сайёҳони наврас дастаҷамъона ба Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварда, аз рӯзгори гузашта ва ибратомӯзи Сарвари давлат шинос гардиданд. Роҳбалади осорхона ба хонандагон мизу курсӣ, лаҳзаҳои даврони мактабии Роҳбари мамлакатро нишон дод, ки сайёҳати мазкурро боз ҳам хотирмон намуд. Наврасон дигар минтақаҳои ҷолиби ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро низ тамошо намуда, бо хотироти нек ва бардошти хуб баргаштанд. 
- Дар оянда низ ташкилу баргузории чунин сайёҳатҳои дастаҷамъона бо ҷалби наврасону омӯзгорон ва дигар афроди ҷомеа баргузор хоҳад гардид. Ин иқдом имкон  медиҳад, ки маърифати мардум дар самти сайёҳӣ боло ва ҳисси ифтихору худшиносии сокинон баланд бардошта шавад, - мегӯяд Бахтовар Аминзода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2022    №: 108    Мутолиа карданд: 3926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед