иқтисод
КОДЕКСИ СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲИЯ МЕШАВАД. ПЕШНИҲОДИ ОЛИМОНУ МУТАХАССИСОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ - АМАЛӢ
Бо ташаббуси Суди олии иқтисодӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳти унвони «Саҳми сармоягузорон дар рушди саноат: баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – амалӣ доир гардид.
Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди олии иқтисодӣ, изҳор дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ беҳтар гардондани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ба яке аз самтҳои афзали сиёсати иқтисодии кишвари мо табдил ёфт. Мунтазам амалӣ намудани тадбирҳои судманд дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ба баланд гардидани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ оид ба пешбурди соҳибкорӣ замина гузошт. Зеро беҳбуд ёфтани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди соҳаи саноат низ такони ҷиддӣ мебахшад. Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, асосан, ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид кардани технологияи нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона шудааст.
Ба гуфтаи Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ду соли охир бо сабаби сар задани пандемия ҷалби сармоя на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон коҳиш ёфта буд. Аз ин рӯ, мо ҷиҳати тақвияти ҷалби сармоя ва ҳамкорӣ бо сармоягузорон дар минтақаҳои гуногуни кишвар форумҳои соҳибкорону сармоягузоронро зиёдтар ба роҳ мондем. То ин вақт чунин форумҳои минтақавӣ хеле кам буданд. Ҳамзамон, худи соҳибкорони ватанӣ ба кори ҳамдигар ошноии бештару аниқтар пайдо намуданд, ки ин ба ҷалби сармояҳои дохилӣ ҳам такон дод. Ҳамчунин, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани мораторий барои соҳибкорони истеҳсолӣ ба рушди саноати ватанӣ дар заминаи сармоягузории дохилию хориҷӣ мусоидат намуд. Маърифати пасти ҳуқуқии соҳибкорон, ки боиси нофаҳмиҳо ва суистифодаи баъзе масъулони мақомоти давлатӣ мегардад, аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд.
- Афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ шаҳодати рушди соҳибкорӣ дар кишвар аст. Баробари ин, эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 – Солҳои рушди саноат иқдомест, ки ба рӯи кор омадани иқтидорҳои бузургтари саноатӣ мусоидат хоҳад намуд. Аз ин рӯ, рушди саноати миллӣ дар заминаи сармоягузории дохилию хориҷӣ яке аз масъалаҳои муҳими иқтисоди миллӣ буда, пайваста мавриди таваҷҷуҳ аст. Дар ин самт баррасии саривақтии масъалаҳое, ки пешорӯи фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус дар мақомоти судӣ қарор мегиранд, бисёр муҳим аст, - гуфт Ҷамшед Шарифзода, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш, ки дар ду панел доир гардид, аз ҷониби 70 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти андозу гумрук, мубориза бо коррупсия, бештар масоили ҳалталаб дар самти такмилу санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, таклифҳои мушаххас оид ба тақвият бахшидани баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон вобаста ба ҳалли мушкилоти онҳо ва бо ин тарз боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби он ба иқтисоди кишвар манзур гардиданд.
Донёр Сангинов, устоди риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар асоси муроҷиатҳои соҳибкорону сармоягузорон ва таҳлилу омӯзиши низоми қонунгузории кишварҳои наздик, мисли Федератсияи Россия, Қазоқистону Ӯзбекистон ва Беларус пешниҳод кард, ки мо – олимону кормандони соҳаҳои иқтисодию ҳуқуқӣ барои осону мусоидтар гардондани раванди барасмиятдарорию таъмини шаффофияти кори сохтори давлат бо бахши хусусӣ бояд Кодекси соҳибкории Тоҷикистонро таҳия намоем.
- Аз он ки санадҳои ҳуқуқии марбут ба соҳибкорию сармоягузорӣ ҳамоҳанг ва дар раванди баррасии парвандаҳои иқтисодӣ бехалал бошанд, қабули санади мазкур тадбири саривақтист, - таклиф кард номбурда.
Ба гуфтаи Донёр Сангинов, натиҷаи мавриди амал қарор гирифтани Кодекси соҳибкорӣ ё сармоягузорӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ба таври назаррас эҳсос мешавад.
Вобаста ба ин, дар ҳамоиш аксари иштирокдорон изҳори ҳамовозӣ намуда, будани чунин санади ягонаи соҳавиро зарур шумурданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.06.2022 №: 107 Мутолиа карданд: 970