logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

7 июн миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сидқан табрику таҳният гуфта, таманниёти нек ва самимии худро мерасонам.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мунтазам густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи тоза касб кардаанд.
Мо сатҳу муҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямонро, ки бар пояи арзишҳои муштараки таърихӣ, тамаддунӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ карда, ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони ду кишвар медонем.
Итминон дорам, ки бо азму талошҳои пайгиронаи муштарак мо робитаҳои шарикии кишварҳоямонро дар оянда низ рушду тавсеа бахшида, метавонем дар соҳаҳои мухталиф ба зинаҳои боз ҳам баланд барорем. Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода тадбирҳои амалии лозима андешад.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор  ва комёбӣ, ба мардуми дӯсти Покистон сулҳи пойдор, дастовардҳои навин ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ман бо ирсоли нома самимонатарин табрикоти худро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Покистон ва Тоҷикистон ба Шумо баён менамоям.
Ба равобити бародаронаи ду кишвари мо манфиат ва арзишҳои муштарак, диду назари умумии сулҳу шукуфоии минтақаи мо хос аст. Покистон ба муносибатҳои худ бо Тоҷикистон аҳамияти хосса медиҳад ва ҷонибдори густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо ба нафъи халқҳоямон мебошад.
Покистон ва Тоҷикистон ҳамеша дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа саҳм гузоштаанд. Ман боварии комил дорам, ки мо метавонем дидгоҳи муштараки худро оид ба густариши робитаҳои минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ тавассути густариши ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ созем.
Ман умедворам, ки бо Шумо барои таҳкими шарикии бисёрҷанбаи мо дар солҳои оянда ҳамкорӣ намоям.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, таманниёти беҳтаринамро ба Шумо мерасонам ва ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул кунед».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2022    №: 109    Мутолиа карданд: 3219
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед