Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Ба гуфтаи намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик, Антониу Гутерриш изҳори умедворӣ кардааст, ки ҷонибҳо дар мавриди содироти маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ аз Россия, ҳамчунин, ғаллаи Украина ба як тавофуқи муҳим ноил хоҳанд шуд.
RT. Лавров дар мусоҳибае гуфт: «СААД бояд ҳамчун омили таъмини мувозинат дар Аврупо-Атлантик амал намояд». Ӯ изҳори итминон кард, ки нуфузи ин созмон дар ҷаҳон рӯз ба рӯз бештар мешавад.
Известия. Нархи як литр бензин дар баъзе ноҳияҳои Англия аз 2 фунт стерлинг (157 рубл) боло рафт.
CentralAsia (UZ). Иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов дар Нур-Султон бо узви Шурои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И мулоқот кард. Дар суҳбат вазъият ва дурнамои рушди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5806