logo

иқтисод

ШОҲРОҲ. ДАР ҲИФЗИ САТҲУ СИФАТИ ОН ЧАРО БЕТАРАФЕМ?!

Худоро шукр, ки ба шарофати талошу ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар шоҳроҳҳои бузурги оинагуна сохта шудаанду сокинон аз як гӯшаи Ватан ба гӯшаи дигари он бароҳат мераванд ё маҳсулот  мекашонанд. Дар зарфи солҳои Истиқлоли давлатӣ 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ёфтаанд. Ин созандагиҳо, бахусус роҳсозӣ, ба осонӣ ба даст намеояд, маблағи ҳангуфту заҳмати ҷонкоҳе сарф мешавад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама заҳмату талошҳои чандсола, бархе чорводорони манфиатпараст шоҳроҳро ба масири чорвогузар табдил дода, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халали ҷиддӣ мерасонанд. 
 
Ин ҳолат бештар дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон, қисмати ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳамасола мушоҳида мешавад. Дар асоси фармоиши Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз 1 май садҳо рамаи гӯсфанд тариқи шоҳроҳи мазкур ба чарогоҳҳои тобистона интиқол ёфта, боз тирамоҳ ба кашарҳои зимистонаи худ бармегарданд. Тибқи иттилои “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”,  ҳамасола тақрибан 500 рама моли майда (наздик ба як миллион сар) аз вилояти Хатлон ба водии Рашт бурда мешавад. Дар ин ҳолат,  садҳо ҳазор  сар чорвои  майда  баробари воситаҳои нақлиёти мусофирбару боркаш аз шоҳроҳи мазкур  мегузаранд. Дар ин сурат, мусофирону ронандагон, ки бо воситаҳои нақлиёт аз роҳи дур ба пойтахт меоянд ё аз ин ҷо ба деҳот бармегарданд, ба мушкили роҳбандӣ дучор мегарданд. Ба замми ин, гузари ҳазорон чорво дар шоҳроҳ чангу ғуборро бармехезонад ва аз поруи пошхӯрдаи он болои роҳ муҳитро бӯйи бад фаро мегирад. Ҳангоми гузаштан фикр мекунӣ, ки  дар фермаи чорводорӣ қарор дорӣ, на дар шоҳроҳ. 
Ба гуфтаи Сафаралӣ Назаров, директори Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ” дар қисми зиёди масири чорвогузари ин минтақа боғу манзилҳо сохта шудаанд. Аз ҷониби дигар, ҳангоми сохтмони роҳу шоҳроҳҳои нав аз ҷониби масъулони соҳаи нақлиёт ва идораи замин роҳҳои чорвогузар ба назар гирифта нашудаанд. 
- Мо дар ин хусус бо масъулони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Вазорати нақлиёти кишвар масъалаҳои ҷойдоштаро таҳлилу баррасӣ намуда истодаем. Ҳарчи зудтар бояд масири чорвогузар дар минтақаҳои мувофиқ муқаррар гарданд. Дар акси ҳол, ҷуз истифода аз шоҳроҳи автомобилгард илоҷи дигар надорем. Роҳҳои чорвогузари пештара аз ҷониби баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандони алоҳида ғасб шуда, дар он ҷойҳо хонаю иншооти ёрирасон ва боғот бун-ёд ёфтаанд. Аммо, мутаассифона, ҳангоми бунёди роҳҳои нав нуқтаҳои гузари чорво ба эътибор гирифта нашудаанд.  Аз ин ҷост, ки чорво ба воситаи шоҳроҳҳои автомобилгард ба минтақаҳои дигар, аз ҷумла водии Рашт, бурда мешавад. Ҳоло муайян кардани масири чорвогузар дар минтақаҳо ва дар шоҳроҳҳо бунёди пулу гузаргоҳҳо барои гузаштани чорво  масъалаест, ки аз масъулони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳо чораҳои ҳалкунандаро тақозо дорад, - гуфт Сафаралӣ Назаров. 
Ҳарчанд номбурда аз байн рафтани роҳҳои чорвогузарро аз тарафи шаҳрвандон ва хоҷагидорон сабаби чорвогузар шудани шоҳроҳҳои автомобилгард медонад, аммо ронандагону мусофирон пешниҳод доранд, ки то сохтани масирҳои чорвогузар чорво бо мошинҳои калонҳаҷми боркаш интиқол дода шавад. Ин усули интиқоли чорво ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун дида мешавад, ки мушкили танбашавии мошинҳоро дар шоҳроҳ аз байн бурдааст. Аммо дар ҳудуди ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳанӯз ҳам чорвои бешумор тариқи шоҳроҳи  автомобилгарди бо миллиардҳо сомонӣ сохташуда ба чарогоҳҳо бурда мешавад. Фарқ гузоштан душвор аст, ки ин ҷо шоҳроҳ аст ё масири чорвогузар.  То кай чорводорон  аз шоҳроҳи автомобилгард истифода мебаранду масъулон дар талоши сохтани масири алоҳидаи чорвогузар нестанд?  Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳҳо”  мафҳуми роҳҳои чорвогузар чунин тавсиф ёфтааст: “Роҳҳои чорвогузар-қитъаҳои замине, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ барои рондани чорво аз як мавзеъ ба мавзеи дигар муайян карда шудаанд”.  Аммо чаро то имрӯз дар ин хусус чорае андешида нашудааст? Суолест, ки аз масъулони Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ посухи дақиқ мехоҳад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2022    №: 110    Мутолиа карданд: 1187
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед