logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси таъҷилии Ҳукумати кишвар доир ба масъалаи бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, 10 майи соли 2010

Мӯҳтарам аъзои ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, бар асари боришоти аз ҳад зиёди борону жола, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи оби каналу дарёҳо  ҳафтаи охир ба 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, бахусус минтақаи Кӯлоб зарари калони моддӣ расонида шуд ва, мутаассифона, ин офат боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид.
Беш аз ду ҳазор хонаи истиқоматӣ, иншооти зиёди таъиноти иҷтимоӣ, 30 пул, даҳҳо километр роҳҳои мошингард, хатҳои интиқоли барқу телефон хароб гардида, даҳҳо нафар ҳалок, зиёда аз панҷоҳ нафари дигар беному нишон ва қариб дусад нафар маъюб шуданд.
Ман ҳамчун Роҳбари давлат аз ҳалокати одамон сахт андӯҳгин ҳастам ва ба оилаҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ наздикону пайвандони худро аз даст додаанд, бори дигар аз номи худ ва аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ менамоям ва аз Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил металабам. Мо оилаҳои азодор ва хонаводаҳои зарардидаро танҳо намегузорем ва таъҷилан ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем, ки оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шаванд, вале, афсӯс, ки ҷонҳои рафтаро касе баргардонида наметавонад.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми умумии зарари офатҳои табиие, ки  рӯзҳои охир ба вуқӯъ омаданд, мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ қариб 900 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ибтидои соли ҷорӣ дар натиҷаи офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла заминларзаи ноҳияи Ванҷ, дар кишварамон дар маҷмӯъ қариб даҳ ҳазор гектар замини кишт, зиёда аз 70 пул, шумораи зиёди иншооти ҳифозати соҳил, садҳо километр роҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, даҳҳо муассисаҳои таълимиву тандурустӣ хароб гардиданд. Умуман аз тамоми офатҳои табиие, ки соли равон рӯй доданд, мо беш аз дуюним миллиард сомонӣ зарари моддӣ дидем.
Ҳоло сокинони шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишине, ки аз офатҳои табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, ба кӯмаки моддӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмон, озуқаву доруворӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввалия эҳтиёҷ доранд.
Дар рӯзҳои 7-8 май мо бо роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор дар маҳалҳои аз офати табиӣ зарардида, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб бо вазъият аз наздик шинос шудем ва барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъият машварат доир карда, ба мақомоти масъул дастуру супоришҳо додем.
Дар навбати аввал доир ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазир Комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд. Тибқи супориши мо имрӯзҳо аҳолии зарардида аз ҳисоби давлат бо маводи озуқа ва молҳои мавриди ниёзи аввалия таъмин гардида истодаанд.
Ҳамзамон бо ин, дастур дода шуд, ки дар давоми даҳ рӯз тамоми зараре, ки ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва Панҷакенту Ғончии вилояти Суғд аз офатҳои табиӣ расдааст, мавриди ҳисобу китоби дақиқ қарор дода шуда, маҷрои каналу дарёҳо ба ҳолати пешинаи онҳо баргардонида шавад. Дар айни ҳол барои ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор тамоми чораҳои имконпазир амалӣ шуда истодаанд.
Бо вуҷуди ин, мехостам ба ҳайати шахсии полки дар Кӯлоб будаи Пойгоҳи 201-уми ҳарбии Русия, ки яке аз аввалинҳо шуда, ба кӯмаки зарардидагон омаданд ва дар наҷот додани онҳо мусоидат карданд, ҳамчунин ба Ҳукумати Ӯзбекистон ва шахсан ба Президенти ин кишвари ҳамсоя ва дӯсту бародар –Ислом Абдуғаниевич Каримов, ки дар вазъияти мураккаб таъмири қитъаи хати роҳи оҳани худро, ки ба вилояти Хатлон мепайвандад, дар мӯҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида, ҳаракати қатораҳоро аз ҷониби хеш ба ин самт кушоданд, аз номи худ, Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ намоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо дарназардошти вазъи ба амаломада мо бояд пеш аз ҳама аҳолии аз офат зарардидаро, ки манзили истиқоматӣ ва ашёву асбоби зиндагиву рӯзгори худро пурра аз даст додаанд, бо ғамхорӣ ва кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи моддиву маънавӣ фаро гирем ва тамоми чораҳоро андешем, ки онҳо то 6-уми ноябр, яъне Рӯзи Конститутсия бо сарпаноҳ таъмин карда шаванд.
Ман бори дигар ба оилаҳои аз офат зарардида муроҷиат менамоям, ки шуморо танҳо намегузорем. Ман ҳамчун Роҳбари давлат ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо шумо ва ғамхору кӯмакрасони шумо ҳастем. Мо ҳар як хонаводаи зарардидаро бо тамоми асбобу ашё ва маводи зарурии рӯзгор таъмин мекунем, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони омадаистода ҳеҷ кас азоб накашад.
Ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати бунёди шаҳрчаи истиқоматӣ, яъне манзилҳои нави зист барои аҳолии аз офат зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ки барқарор кардани хонаҳои пештараашон ғайриимкон аст ва ё дар маҳалли таҳти хатари офати табиӣ қарор дорад, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин замин дарёфт карда,  доир ба ин масъала пешниҳоди худро дар рӯзҳои наздик ба Ҳукумати мамлакат манзур созад.
Ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки ҳарчи зудтар имконияти аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ расонидани кӯмак ва дастгирии моддӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои Ғончиву Панҷакенти вилояти Суғдро мавриди баррасӣ қарор дода, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин хулосаҳои худро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.
Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» вазифадор карда мешавад, ки масъалаи ҷамъоварӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои хайрияе, ки ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ба суратҳисоби махсуси кушодашудаи бонкӣ ворид мегарданд, таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад.
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода мешавад, ки дар хусуси фалокати гуманитарии бинобар офати табиӣ баамаломада, ба давлатҳои ҷаҳон, кишварҳои мададрасон ва созмонҳои хайрияи байналмилалӣ бо мактуби ҳаматарафа асоснокгардида муроҷиат намояд.
Аз роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақозо мегардад, инчунин ба роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, субъектҳои калони соҳибкорӣ, ассотсиатсияву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад, ки масъалаҳои расонидани кӯмаки моддиро ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои Панҷакенту Ғончӣ ва сохтмони манзили зист барои онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба захираву имкониятҳои мақомоти худ дар мӯҳлати се рӯз ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш пешниҳод созанд.
Бо дарназардошти имкониятҳои изҳоркардаи мақомоти давлативу субъектҳои соҳибкориву ҷамъиятӣ Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент рӯйхати бунёдкунандагони хонаҳои истиқоматиро барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида таҳия намуда, ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, инчунин Агентии сохтмон ва меъморӣ барои иҷро ва назорат ирсол намояд.
Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Ванҷ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо чораҳои иловагӣ андешанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ва сохтору мақомоти дахлдори он бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ пулҳои харобшудаи роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумбро дар давоми як ҳафта барқарор карда, рафтуомади мӯътадили нақлиётро таъмин созад.
Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ якҷо бо Агентии сохтмон ва меъморӣ ҷиҳати бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои аҳолии аз офат зарардидаи шаҳри Кӯлоб интихоби замин ва таҳияи лоиҳаҳои шаҳраки истиқоматиро бо дарназардошти бунёди инфраструктураи иҷтимоӣ таъмин намояд.
Ҳамчунин дар асоси рӯйхати пешниҳодкардаи Дастгоҳи иҷроияи Президент тақсимоти нусхаи лоиҳаи хонаҳои истиқоматиро, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида таҳия карда мешавад, ба мақомоти дахлдор, яъне бунёдкунандагони онҳо дар давоми як моҳ таъмин карда, суръату сифати онро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад.
Вазоратҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, Ширкати «Барқи тоҷик», Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳ, алоқа, хати интиқоли барқ ва оби нӯшокиро дар маҳалли нави зисти аҳолии аз офат зарардидаи шаҳри Кӯлоб мувофиқи лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Агентии сохтмон ва меъморӣ то моҳи ноябри соли 2010 таъмин созанд.
Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб сабабҳои асосии аз боришот ва обхезӣ зарар дидани аҳолии шаҳри Кӯлобро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, аз натиҷааш дар давоми даҳ рӯз гузориш пешниҳод созад.
Илова бар ин, Комиссияи давлатӣ эҳтиёҷоти аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаро ҳаматарафа ва пурра ба инобат гирифта, доир ба ҳаҷми умумии маводи зарурӣ маълумоти дақиқ ва муфассал пешниҳод намояд.
Агентии захираҳои моддии давлатӣ вазифадор карда мешавад, ки тамоми кӯмакҳои молӣ ва воситаҳоеро, ки ба сифати ёрии башардӯстона барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ворид мегарданд, бевосита ба ҳисоб гирифта, дар анборҳо нигоҳ дорад ва тақсимоти онҳоро тибқи дастури хаттии Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, инчунин бо мусоидати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Кӯлоб таъмин намояд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия масъалаи воридот ва тақсимоти тамоми намудҳои кӯмакҳои моливу моддиро, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида сурат мегирад, таҳти назорати қатъӣ гирад.
Вазоратҳои нақлиёт ва коммуникатсия, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор кори ситодҳои худро бо дарназардошти ин, ки офатҳои табиӣ ҳар сол такрор шуда истодаанд, пурзӯр намуда, техникаву таҷҳизоти зарурии хешро ҳамеша дар ҳолати омодабош нигоҳ доранд.
Дӯстони азиз!
Мардуми сарбаланду заҳматқарини мо, ки дар рафъи  мушкилоти ба сараш омада ҳамеша дастҷамъӣ зоҳир менамояд, дар бартараф кардани оқибатҳои чунин офатҳои табиӣ аллакай таҷриба дорад.
Аз ҷумла, соли гузашта мо дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву аҳлона барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон беш аз 400 хонаи истиқоматӣ бунёд карда, онҳоро аз мушкилот раҳо кардем.
Бо истифода аз фурсат ва ба хотири дастгирии моддиву маънавии сокинони аз офати табиӣ зарардида ба тамоми мардуми шарифу сарбаланди кишварамон, ҳар як фарде, ки воқеан халқу Ватани худ ва ҳар як фарзанди сарзамини куҳанбунёди хешро сидқан дӯст медорад ва ҷонибдори ҳаёти орому осудаи миллати худ мебошад, муроҷиат намуда, онҳоро ба ҳимматбаландиву саховатпешагӣ ва  дар ин рӯзҳои мушкил гирифтани дасти аҳолии осебдида даъват менамоям.
Итминони комил дорам, ки ин дафъа низ мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, мушкилоти имрӯз ба сари халқамон омадаро бартараф месозем.
Имрӯз ҷузъе аз мардуми мо дучори дард гардидааст ва дарди онҳо дарди ҳар яки мо низ мебошад. Аз ин рӯ, мо ҳақ надорем, ки мушкилоти онҳоро нодида гирем ва нисбат ба онҳо бепарвоӣ зоҳир намоем.
Барои аз мушкилот раҳо намудани мардуми аз офати табиӣ зарардида, пеш аз ҳама мову шумо -  мансабдороне, ки ҳоло дар ин толор нишастаанд, яъне аз ман сар карда, то ҳар як хизматчии оддии давлатӣ ва ҳар шахсе, ки имкони кӯмак ба онҳоро дорад, вазифадор мебошад.
Дар роҳи бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба ҳар яки шумо тавфиқ ва барори кор мехоҳам.
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2928
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед