logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «МУРАТТАБ»
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1.Гурӯҳи калони одамонро гӯянд. 2. Истилоҳи илмҳои кимиё ва биология. 3. Унвони соҳибвазифаҳо дар замони руси қадим. 4. Помидор, бодиринг, турб. 6. Шакли ҷамъи вожаи «рабт». 9. Пасванди забони тоҷикӣ. 10. Моеи беранг. 12. Шумораи миқдорӣ. 13. Дар асоратбуда. 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
1.Истилоҳи илми мусиқӣ. 4. Исми дигари вожаи «ноқил». 5. Номи кӯтоҳшудаи яроқи оташфишон бо забони русӣ. 7. Калимаи ҷуфтистеъмоли атроф. 8. Хеле донову чаққон. 11. Шакли ҷамъи вожаи «собит». 12. *** Ортиқов, адиби тоҷик. 14. Маҳсули мурғ. 15. Мева. 16. Театр.  
 
Таҳияи Азизбек САИДАҲМАДОВ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
Ҷавоби муаммои  «Солим»  аз 03.06.2022Аз боло ба поён:
1. Солим. 2. Рӯбоҳ. 3. Сокин. 4. Денис. 6. Рунӣ. 7. Арча. 10. Уқбо. 12. Имло. 14. Лекин. 15. Амроз. 16. Пӯлод. 18. Модар. 20. Роҳ. 22. Рим. 23. Элок. 25. Агар. 29. Аммо. 30. Арақ. 31. Исҳоқ. 32. Масир. 33. Намак. 34. Идрис. 
Аз чап  ба  рост:
1. Соҳир. 3. Сабад. 5. Бӯр. 7. Арк. 8. Умр. 9. Мубоҳ. 11. Немис. 13. Тирак. 14. Лаб. 17. Лом. 19. Ором. 21. Узро. 23. Эҳдо. 24. Олма. 26. Нил. 27. Гар. 28. Талас. 31. Икром. 33. Назрӣ. 35. Маа. 36. Симо. 37. Қум. 38. Қатар. 39. Ковус.н.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
 
ЗИНДАГӢ ГУЗАШТА Ё ОЯНДА НЕСТ!
Зиндагӣ ҳамин ҳолост!
Аз Афлотун пурсиданд:
Шигифтангезтарин рафтори инсон чист?
Посух дод:
- Аз кӯдакӣ хаста мешавад, барои бузург  шудан шитоб мекунад ва сипас дилтанги даврони кӯдакии худ мешавад. Ибтидо барои касби молу сарват аз саломатии худ мегузарад, сипас барои бозпас гирифтани саломатии аздастрафта, пули худро харҷ менамояд. Тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳаргиз намемирад. Ва баъд тавре мемирад, ки гӯё ҳаргиз зиндагӣ накардааст. Он қадар ба фикри оянда дода мешавад, ки чӣ хел гузаштани имрӯзи худро надониста мемонад, дар ҳоле ки зиндагӣ гузашта ё ояндае нест! Зиндагӣ ҳамин ҳолост!
 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
20.  ВИКТОРИЯ МОДЕЛИ МАЪЮБ
Виктория 25 феврали соли 1988 дар Даугавпилс бо иллати пой ба дунё омадааст. Аниқтараш аз хунсардии момодояҳо пойи чапаш ҳангоми таваллуд осеби ҷиддӣ бардоштааст. То 19-солагӣ ҳарчанд ҷарроҳиҳои зиёдеро аз сар гузаронда бошад ҳам, дар беҳбуди саломатияш пешрафтеро эҳсос намекунад ва ниҳоят соли 2007 барои аз зону буридани пояш шахсан иҷозат медиҳад. Виктория дар ҳусн беҳамто буд. Оғоз аз 15-солагӣ диққати шинохтатарин маҷаллаҳоро ба худ ҷалб кард ва суратгирони зиёде ташнаи дидораш ӯро меҷустанд. Ба қавли худаш маҳз ана ҳамин таваҷҷуҳи самимӣ ӯро водор сохт, ки аз ноомадиҳои тақдир руҳафтода нашуда, худро ба қавле аз нав созад. Ҳамагӣ баъд аз чанд моҳи ҷарроҳӣ бо кӯшишҳои бемислаш ба саҳнаи калон роҳ ёфт  ва соҳибшуҳрат шуд. Ҳам дар соҳаи санъати овозхонӣ ва ҳам олами мӯд ширкатҳои бузурги оламгир ба ҳамкорӣ даъваташ карданд. Барои дилбазан нашудани пойи сунъияш қариб даҳ намуди онро бо завқу фаҳмиши худаш фармоиш дода, чун қисме аз имиҷаш рангобаранг истифода мебурд. Воқеан, машҳуртарин протези Виктория дар шакли хормоҳии сиёҳ тарҳрезӣ шудааст. Имрӯз Виктория бо вуҷуди як ҷавонзани маъюб буданаш, модел ва овозхонӣ нотакрору дӯстдоштанист.
- Аз худи одам вобаста аст, ки аз зиндагӣ чи мегирад. Фарқи чандон калон надорад, ки мо солим ё нисбатан маъюбем, фарқ дар иродаи фардии ҳар шахс маҳфуз аст. Агар барои дарёфти мавқеи худ дар ҷомеа аз коре оғоз накунему ба ноомадиҳои рӯзгорамон одат намоем, на ба зиндагӣ чизе дода метавонему на аз он баҳрае бардошта. Рӯзе, ки ман барои буридани поям розигӣ додам, ин як навъ розигии ман ба мурдан низ буд, вале вақте ба дунё бо нигоҳи дигар назар афкандам ба худ қавл додам, ки ман аз уҳдаи як зиндагии ибратомӯз бояд бароям, - нақл мекунад Виктория.
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ВАСИЯТ
- Мӯйсафед, ки баъди садама дар дами марг буд, ҳамсарашро васият мекунад:
- Занакҷон зиёд ғам махӯр, боз ба шавҳар мебароӣ, ҳамааш хуб мешавад...
- Эй мардак, мани кампирро дигар кӣ мегирад?! Агар ҳамин садамаи фалокат ақаллан 20 сол пеш мешуд, шанс доштам.
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
СИТОРАИ  ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ ШУРАВӢ
Сергей Мандреко аз зумраи футболбозони «тиллоӣ»-и солҳои 90-уми қарни гузаштаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шуравист. Муваффақиятҳои дастпарвари футболи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) дар арсаи байналмилалӣ дар таърихи футболи тоҷик беназиранд. Ӯ соли 1990 дар ҳайати мунтахаби то 18-солаи Иттиҳоди Шуравӣ чемпиони Аврупо гардида, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (U20, 1991) мебошад. Гузашта аз ин, Сергей дар ҳайати «Помир» қаҳрамони Тоҷикистон (1992) гашта, бо «Рапид» барандаи Ҷоми Австрия (1995), чемпиони Австрия (1996), финалисти Ҷоми дорандагони Ҷоми УЕФА (1996) мебошад. 
Мавсуф ба ҳайси сармураббӣ дар тимҳои «Ласзе», «ЛАК-Интер» (Австрия) ва ёрдамчии Рашид Раҳимов дар «Локомотив» (Маскав) фаъолият намудааст. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
ДУЗДҲОИ БОИНСОФ
3. Шаҳрванди Бразилия автомобилеро медуздад ва баъди чанде онро ба соҳибаш бармегардонад.  Асли воқеа чунин аст. Телефони соҳиби автомобил дар дохили он будааст ва соҳиби автомобил ба воситаи он бо дузд дар тамос шуда, мефаҳмонад, ки айни ҳол дучори буҳрони сахти молиявӣ мебошад ва аз дузд хоҳиш мекунад, ки мошинашро баргардонад.
 
Таҳияи З. РАҶАБ
 
 
 
ГЛОБУС 
КӮЛИ РЕТБА
Кӯл 35 километр дуртар дар шимолу шарқи пойтахти Сенегал шаҳри Дакар ҷойгир аст. Масоҳати он тақрибан 3 километри мураббаъро ташкил дода, чуқуриаш 3 метр аст. Барои муқоиса: шӯрнокии миёнаи уқёнусҳо 3,5, баҳри Мурда 33, кӯли Ретба 40 дарсадро ташкил медиҳад. 
Вобаста ба вақти рӯз ва мавсим, кӯл рангашро иваз мекунад - аз арғувон то гулобии арғувонӣ. Ранги ғайриодии обро бактерияҳои галофилии безарар ба вуҷуд овардаанд, ки дар муҳити кӯл инкишоф меёбанд.
Аз солҳои 1970-ум сокинони маҳаллӣ аз кӯл намакро дастӣ (то 450 ҳазор тонна дар як сол) истеҳсол ва, асосан, барои нигоҳ доштани моҳӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсоя истифода мекунанд. 
Дар ҷаҳон кӯлҳои гулобии дигар мавҷуданд, аз ҷумла дар Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ, Австралия, аммо онҳо хурд ҳастанд ё табиӣ нестанд.
 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
 
АДОЛАТПЕША 
СУДЯЕ, КИ РУҲИЯИ ЯГОН МАҲКУМШУДАРО НАШИКАСТААСТ
Ин судяи адолатпеша 23 ноябри соли 1936 дар оилаи Антонио ва Филомена Каприо дар яке аз музофотҳои ИМА таваллуд шуда, дар шароити душвор ба воя мерасад. Аз кӯдакӣ падар доим ба ӯ таъкид мекард: «Ту оянда ҳуқуқшинос мешавӣ. Аммо аз камбағалон ҳеҷ гоҳ пул нагир». Ниҳоят, Фрэнк орзуи падарро амалӣ намуда, таъкиди ӯро сармашқи кори худ қарор медиҳад. Дар як муддати кӯтоҳ аз боадолаттарин судяҳои музофотӣ маҳсуб меёбаду овозаи шикастанафсияш тамоми Амрикоро фаро мегирад.
- Ман тамоми умр бо синфи коргар робита доштам. Рӯзнома мекашондам, пойафзол пок мекардам, ба падари ширкашонам ёрӣ мерасондам, одамони эҳтиёҷмандро мешиносам. Агар ман ба онҳо ҷазои сабуктар дода, маблағи ҷаримаро камтар гирифта бошам, танҳо ба он хотир аст, ки ин шахс нашиканад. Вой бар ман, агар шахсе аз дасти ман нобуд шавад»,- гуфтааст Каприо. 
Ҳамин тариқ, Фрэнк Каприо аз маҳбубтарин судяҳо маҳсуб меёбад, ки ҳамеша дар фикри кам кардани ҷазои айбдоршавандагон аст. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
ЗИНДАГӢ  ИСТГОҲ НЕСТ!
ОДАМЕ, КИ ДАР ОҒӮШИ  ТАНБАЛИСТ, МАҒОР МЕБАНДАД
Генри ФОРД: Мушоҳидаҳоям нишон доданд, ки бисёре аз соҳибкорон тиҷорати худро ҳамчун як бори гарон шумурда, роҳи зудтар халосӣ аз онро меҷӯянд. Онҳо орзу мекунанд, ки тезтар аз мубориза бурун шуда, ба нафақа раванд ва бо рента (даромад аз сармоягузорӣ) зиндагӣ кунанд. Ин тарзи фикрронии онҳоро ҳеҷ нафаҳмидам, зеро касе, ки худро ба оғӯши танбалӣ меандозад, ҳатман мағор мебандад. Агар ҳадаф рушд бошад, пас мо бояд ҳар саҳар аз нав бедор шавем ва тамоми рӯз бедор бошем. Зиндагӣ дар фаҳмиши ман, истгоҳ нест, балки сафар аст. Ҳама чиз дар ҳаракат аст ва аз ибтидо чунин буд. Ҳаёт ҷараён дорад. Мо, шояд, ҳамеша дар як кӯча ва дар як хона зиндагӣ мекунем, аммо шахсе, ки дар он ҷо ба сар мебарад, ҳар рӯз гуногун аст.
Аз русӣ тарҷумаи М. МИРЗОЁН
 
 
 
 
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
Фаҳмидани он муҳим аст, ки танҳо як шахси хеле заиф метавонад аз нокомӣ шикаст хӯрад. Ҳар як мушкилот имкони тағйир ва рушд аст. Агар ногаҳон касе мехоҳад ба шумо нокомиҳоятонро хотиррасон намояд, оромона ва дилпурона муносибат кунед: ҳама гуна таҷриба хуб аст, танҳо муносибати дуруст мебояд. 
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
«ХОНАИ ДЕВОНА»
МАНЗИЛИ ҒАЙРИОДИЕ, КИ ДАР ОН МОҲИ АСАЛ МЕГУЗАРАД
Данг Виет Нга, духтари Президенти Ветнам, дар кишвараш меҳмонхона бо тарҳи ҷолиб сохт, ки онро «Хонаи девона» (“Crazy House”) меноманд.
Бино аз ҷумлаи маконҳои машҳури сайёҳии Ветнам ба ҳисоб меравад, зеро тарҳи он ҷолиб аст: болои бом бо занбурӯғҳо ва дигар рустаниҳо оро ёфтааст. Дар деворҳои дохил расмҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва дар фаршаш хазандаҳо тасвир гардидаанд. Аз дур онҳо мисли ҷонварони зинда ба чашм мерасанд. 
Дар дохили «Хонаи девона» як гӯшаи алоҳида - хонаи хурди «Моҳи асал» ҷойгир аст, ки барои навхонадорон мебошад. 
Аҷиб ин аст, ки шоҳдухтар санъати меъмориро дар шаҳри Москва омӯхтаанд. 
 
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
 
 
 
 
АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТИ ГУНОГУН ДАР ЯК САТР
* Бузургтарин ҳайвони рӯи Замин кити кабуд мебошад, ки дилаш ба андозаи мошин ва забонаш 6 метр аст.
* Садои кити кабуд дар масофаи 800 километр шунида мешавад.
* Фил, ҳатто, пас аз гузаштани солҳои зиёд мурдаи азизонашро ба ёд меорад ва барои онҳо мотам мегирад.
* Тимсоҳ ҳангоми хӯрдани сайди худ ашк мерезонад, зеро вақти фурӯ бурдан дар баробари сайдаш аз намакҳои зиёдатӣ халос мешавад.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
ТАВСИЯ
ИЛОҶИ РАҲОӢ  АЗ ТАНБАЛӢ
 
18. КОРҲОИ АНҶОМШУДАРО ЁДДОШТ КУНЕД
Аҳдофи ҳафтагӣ доштан шуморо мутамарказ ва боангеза нигаҳ медорад. Мақсаду ҳадафҳои шумо дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ тағйир мекунанд. Ёддоштнависӣ аз хостаҳо ва аҳдоф зимни муназзам кардани афкоратон ба шумо ангеза мебахшад ва баъдҳо ба навиштаҳои худ менигаред, бароятон ҷолиб хоҳад буд, ки чи масиреро тай кардаед.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ТАНЗИМ
Ҷашни зодрӯз 
Президенти Аргентинаро аз бонк қарздор кард
Президенти Аргентина Алберто Фернандес барои риоя накардани танзими карантинӣ бо ҳукми суд ҷазо (дар намуди ҷарима) дода шуд.
Ба иттилои рӯзномаи маҳаллии “Clarin”, роҳбари ин кишвар моҳи июли соли 2021 ба рағми маҳдудиятҳои карантинӣ дар таҷлили зодрӯзи ҳамсараш меҳмононро аз меъёри муқарраршуда зиёд даъват намудааст. Ба ин далел, додситонӣ алайҳи роҳбари Аргентина ва ҳамсараш парванда оғоз карда, айбдоршавандаҳо бо ҳукми суд 3 миллион песо (26 ҳазор доллари амрикоӣ) ҷарима шуданд. Дар пайи эълони ҳукм Алберто Фернандес ба гуноҳи худ иқрор гашта, барои пардохти ҷарима аз бонк қарз гирифтааст.
 
Таҳияи Файёзи ФИРӮЗ
 
 
ЗИЁӢ БИСЁРУ АВТОБУС КАМ
Кампираке, ки дар як даст асо ва  бо дасти дигараш сабадчаеро ҳамроҳ дошт, як илоҷ карда, аз миёни талотуми мусофирон ба автобус медарояд. Вале ғайричашмдошти ӯ касе аз ҷояш намехезад, ки кампирак роҳат бишинад.
- Эй Худо, наход дар миёни шумо як зиёӣ ҳам ёфт нашавад?
- Зиёӣ бисёр момаҷон автобус кам,- мегӯяд марди миёнаумре, ки дар байни қаторҳо болои портфели корияш менишаст. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
ҒУРУРИ ФАРЗАНД 
Волидони Мартин ӯро ҳар таътили тобистона бо қатора ба назди бибиаш мебурданд. Имсол ғурури писарак боло гирифту пофишорӣ намуд, ки ӯро ба назди бибиаш танҳо гусел кунанд. Падару модар чун дигар илоҷ надоштанд, Мартини хурдсолро фотиҳаи сафар доданд.
Падар ҳангоми гусел пеш аз ҳаракати қатора чизе ба ҷайби фарзандаш гузошту хитоб кард: «Бигир, агар битарсӣ ё бемор шавӣ, дастатро ба ҷайбад бибар!». Наврас бори аввал бе волидон ба қатора савор шуду якбора ғурураш шикаст. Пеш аз ҳама, пурсупоси роҳбаладон дар бораи танҳоияш дар дилаш тарс андохту вуҷудаш ба ларза омад. Ҳамин замон гапи падараш ба ёд расиду даст ба кисса бурд ва навиштаҷоте берун овард: «Писарам, ман дар купеи охирини поездам»... 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
50 ДАҚИҚА
КӮТОҲТАРИН ҲУКМИ СУД ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ 
Баробари тулонитарин ҳукмҳои суд, ки мо перомуни он ба ҳаводорони саҳифаи “Шоми шанбе” дар шумораҳои гузашта маълумот дода будем, дар таҷрибаи мурофиаҳои судӣ ҳукмҳое низ содир мегарданд, ки аз нигоҳи вақт ва муҳлати ҷазо бесобиқаву тааҷҷубоваранд. Чунончи, додгоҳе дар Англия шаҳрванд Шейн Ҷенкинс аз Сомерсетро ба муҳлати ҳамагӣ 50 дақиқа ба зиндон фиристод. 
Дар мурофиаи судӣ Ҷенкинс дар расондани зарар ба амвол, ҳамла ба ду афсар ва фирор аз ҳабс айбдор шуд. Гуноҳаш ин аст, ки вай тирезаи манзили духтари дӯстдоштаашро бо ҷорӯб шикаста, аз дасти пулис фирор кардааст. Дар ҳамин ҳол, баъд аз эълони ҳукм Шейн Ҷенкинс муҳлати адои ҷазояшро бо навиштани номаи узрхоҳӣ ва иқрор ба гуноҳаш сипарӣ кард. 
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2022    №: 111    Мутолиа карданд: 2642
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед