logo

сиёсат

БАДАХШОН. ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ БЕЗАРАР ГАРДОНДА ШУД

12 июн нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич, солҳои таваллудашон 1972, зода ва истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ, амалиёти махсус гузаронда шуд. Аз тарафи прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба Мазоров Хурсанд ва Раҷабов Зоир қаблан бо якчанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда буд.
 
Тавре АМИТ «Ховар» бо такя Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар дод, номбурдаҳо барои пешбурди тафтишот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандин маротиба расман даъват шудаанд. Аммо онҳо ҳар дафъа барқасдона аз иҷрои талаботи қонунии мақомоти маъмурӣ саркашӣ мекарданд.
Ҳангоми чорабинии дастгиркунӣ Хурсанд Мазоров  ва Зоир Раҷабов  ба талаботи воҳидоти таъиноти махсус, дар бораи ихтиёран супоридани худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз норинҷакҳои дастии Ф-1 ва автомати Калашников истифода намуданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткорон безарар гардонда шуданд.
Аз ҷойи  ҳодиса як пулемёти дастии Калашников, як пулемёти Калашников, 11 автомати Калашников бо 5715 тир ва 66 тирдон, 9  гранатомёти дастии зиддитанкӣ бо 546 тир, 2 милтиқи мерганӣ бо дурбин, 3 тапончаи Макаров бо 198 тир ва 10 тирдон, 36 норинҷаки гуногунтамға бо 15 фурӯзонак, 20 гулӯлаи гранатомёти зиддитанкӣ, 2 дурбини мергании шабона, 3 тиризермили гранатомёт, 1 найзакорд, 19 фишанги тарканда, 5 мухобира, 18 қуввадиҳандаи гранатомёти дастии зиддитанкӣ, 3 телефони сенсорӣ, 4 телефони одӣ бо симкорти афғонӣ, 1 телефони моҳворавӣ бо чор симкорт, 1 аксбардори “Кодак”, 1 мавҷқабулкунаки мухобираи “Кодак”, 700 доллари ИМА, 60 сомонӣ, 7 камарбанди ҳарбӣ барои тирдон, 7 ҷуфт либоси ҳарбии саҳроӣ, 1 дурбини шабона, ду нақлиёти сабукрав, ки аз  бордони онҳо лавозимоти ҷангии гуногунтамға дарёфт гардид, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатнигорӣ карда шуд.
Ҳамзамон, дар рафти амалиёт 10 нафар алоқаҳои ҷиноятии онҳо дастгир гашт. Аз ҷумла, ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо - Имомназар Шоиширинов  2 автомати Калашников бо 3 тирдон, 120 тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим Шерзамонов 1 автомати Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид.
Тафтишот нисбат ба парвандаҳои мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят идома дорад.
Инчунин, маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки 11 июни соли 2022 дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсус саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевич дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Номбурдаҳо як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ, содир кардаанд.
Нисбат ба дастгиршудагон тафтишоти пешакӣ идома дорад.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 1230
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед