фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ.К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 10 июни соли 2022, № 397
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод намудани Носирзода Ҷ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Носирзода Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 10 июни соли 2022, № 398
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъин намудани Вализода А.И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Вализода Абдуқодир Исуф иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 10 июни соли 2022, № 399
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2022 №: 112 - 114 Мутолиа карданд: 3318