logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, № 5, мод. 323; с. 2010, № 3, мод. 154; с. 2011, № 6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, № 11, мод. 645; с. 2016, № 3, мод. 137; с. 2017, № 1-2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, № 5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, № 1, мод. 10, мод. 11, мод. 12, № 5, қ. 1, мод. 298; с. 2021, № 1-2, мод. 6) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаи «пешгирии» ба калимаҳои «муқовимат ба» иваз карда шавад.
2. Дар сархати сеюми моддаи 12 пас аз калимаи «масъулияти» калимаҳои «муовини якум ва» илова карда шуда, калимаи «сарраёсатҳо,» хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 13: 
- дар сархати сеюм калимаҳои «мақомоти Агентӣ ва сохторҳои тобеи» ва «мақомоти он,» мувофиқан ба калимаҳои «воҳидҳои сохтории Агентӣ ва воҳидҳои маҳаллии» ва «мақомот» иваз карда шаванд;
- аз сархати панҷум калимаҳои «сарраёсатҳо ва» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «кории мақомоти назорати давлатии» ба калимаҳои «умумии тафтишу санҷишҳои» иваз карда шаванд;
- дар сархати сездаҳум калимаҳои «рутбаҳо» ва «махсуси олӣ» ба калимаҳои «рутбаҳои олӣ» ва «махсус» иваз карда шаванд.
4. Аз ҷумлаҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 15 калимаи «сарраёсатҳо,» хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 16 калимаҳои «сарраёсатҳо ва раёсатҳо» ба калимаҳои «раёсату шуъбаҳо» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 10 моддаи 26:
- калимаҳои «махсус, дараҷавӣ ва тахассусӣ», «ҳуқуқу қудратӣ ё ҳокимияти давлатӣ» ва «ва ҳокимияти давлатӣ» мувофиқан ба калимаҳои «махсус ва дараҷавӣ», «ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ» ва «ва сохторҳои низомӣ» иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Баробаркунии рутбаҳои дараҷавӣ ва тахассусии кормандони дигар мақомоти давлатӣ, ки дар Агентӣ ба вазифа  таъин мегарданд, бо дарназардошти собиқаи хизмати давлатии онҳо тибқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
7. Дар моддаи 27:
- дар қисми 3 калимаҳои «Тартиби» ва  «ҳайати роҳбарикунандаи хурд, миёна ва калонро»  мувофиқан ба  калимаҳои «Номгӯи мансабҳо ва тартиби» ва «кормандони мақомоти Агентиро» иваз  карда шаванд;
- қисми 4 хориҷ карда шавад;
- қисми 5 қисми 4 ҳисобида шавад.
8. Дар қисми 4 моддаи 30 рақам ва калимаи  «20 фоиз» ба рақам ва калимаи «25 фоиз» иваз карда шаванд.
9. Ба қисми 2 моддаи 32 сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба кори дигар гузаштани корманд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022, № 1876
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.  
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 27 апрели соли 2022, № 707
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  30 майи соли 2022,   №263


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 1110
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед