logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» аз 15 июли соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 7, мод. 463; с. 2007, № 7, мод. 689; с. 2014, № 7 қ.2, мод. 416; с. 2016, № 7, мод. 622) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати якуми моддаи 1 калимаи «истифодааашон» ба калимаи «истифодаашон» иваз карда шавад.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар номи БОБИ 2 калимаҳои «САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ» ба калимаи «ТАНЗИМИ» иваз карда шавад.
4. Сархати дуюми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- тасдиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;».
5. Ба моддаи 4 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- омода намудани тавсия ва дастурҳои илмӣ барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои манфии пастшавии ҳосилхезии замин;».
6. Ба моддаи 41 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«- пешниҳоди тавсияҳо ба заминистифодабарандагон ҷиҳати беҳтаргардонии ҳолат ва ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;». 
7. Ба моддаи 5 сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- барои беҳтаргардонии ҳолат ва ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳамкориҳои илмию тадқиқотиро ба роҳ монанд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии озмоишгоҳҳои ташхиси хок ва обро истифода баранд;».
8. Ба моддаи 6 сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- ба пастшавии ҳосилхезии қитъаи замин ва бадшавии ҳолати экологию мелиоративии он роҳ надиҳанд;
- фаъолиятро оид ба беҳтаргардонии ҳолати заминҳои таъиноти кишоварзӣ тавассути ҷорӣ намудани киштгардон ва истифодаи нуриҳои органикӣ, минералӣ ва биологӣ амалӣ намоянд;».
9. Ба моддаи 7 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;».
10. Қисми якуми моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.».
11. Дар моддаи 13 калимаи «салоҳияташон» ба калимаи «ваколаташон» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022, № 1883
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 майи соли 2022, № 721
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва              моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи                      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 30 майи соли 2022,  № 270
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 885
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед