қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» аз 21 июли соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 7, мод. 563; с. 2016, №7, мод. 632; с. 2020, №12, мод. 921) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4 пас аз калимаи «ошкорбаёнӣ,» калимаи «шаффофият,» илова ва калимаи «нақшавӣ» ба калимаи «банақшагирӣ» иваз карда шавад.
2. Дар банди 2) моддаи 5:
- дар сархати сеюм калимаи «ҳаматарафа» ба калимаи «мукаммал» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «судмандӣ» ба калимаи «натиҷабахшӣ» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 1 моддаи 8:
- дар сархати сеюм калимаҳои «сохтори» ва «анҷом медиҳад» мувофиқан ба калимаҳои «сохтории» ва «анҷом дода, оид ба натиҷаҳои таҳқиқот хулосаи таҳлилӣ пешниҳод менамояд» иваз карда шаванд;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба омӯзондан, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ба аудиторҳои дохилӣ додани сертификат дар ташкилотҳои бахши давлатӣ мусоидат менамояд ва фаъолиятро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад;»;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.».
4. Аз сархати дуюми қисми 1 моддаи 9 калимаи «фаъолияти» хориҷ карда шавад.
5. Ба сархати шашуми қисми 2 моддаи 10 пас аз калимаҳои «таъмин намудани» калимаҳои «воҳиди сохтории аудити дохилӣ бо» илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 22:
- ба номи модда пас аз калимаҳои «риоя накардани» калимаи «талаботи» илова карда шавад;
- дар матни модда калимаи «муқаррароти» ба калимаи «талаботи» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022, № 1886
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 27 апрели соли 2022, № 703
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 30 майи соли 2022, № 274
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2022 №: 112 - 114 Мутолиа карданд: 1031