қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВӢ ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР БАХШИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» аз 21 июли соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №7, мод. 558) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Ба қисми 1 моддаи 3 пас аз калимаи «қонуният,» калимаҳои «низомнокӣ, банақшагирӣ, ошкорбаёнӣ,» илова карда шаванд.
3. Дар номи боби 2, қисми 2 моддаи 6 ва сархати сеюми қисми 2 моддаи 11 калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 4:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «ташкилотҳои бахши давлатӣ» калимаҳои «(минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ)» илова карда шаванд;
- дар қисми 2:
- дар сархати якум калимаҳои «меъёрҳои байналмилалӣ» ба калимаҳои «меъёру стандартҳои байналмилалии эътирофгардида» иваз карда шаванд;
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳар сол таҳқиқоти таҳлилии фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои бахши давлатиро анҷом дода, оид ба натиҷаҳои таҳқиқот хулосаи таҳлилӣ пешниҳод менамояд;».
5. Дар моддаи 7:
- ба сархати чорум пас аз калимаи «қонуният,» калимаҳои «низомнокӣ, банақшагирӣ, ошкорбаёнӣ,» илова карда шаванд;
- ба сархати нуҳум пас аз калимаи «саривақтӣ» калимаи «пас» илова карда шавад.
6. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 9 калимаҳои «одоби корбарии» ба калимаҳои «корбарии касбии» иваз карда шаванд.
7. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 12 калимаҳои «бояд тавре гузарад, ки як хизматчӣ» ба калимаҳои «байни кормандон бояд тавре анҷом дода шавад, ки ҳамон як корманд» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 13:
- дар сархати дуюм калимаи «иерархӣ» ба калимаи «зинавӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои «супоридани онҳо» ба калимаҳои «супоридани онҳоро дар бар мегирад» иваз карда шаванд.
9. Моддаи 141 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 141. Бархӯрди манфиатҳо
Дар сурати ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо корманди воҳиди сохтории назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ бояд роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ё дар ҳолати ба бархӯрди манфиатҳо ҳамроҳ будани роҳбари ин ташкилот, роҳбари тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетиро хабардор намояд.».
10. Дар моддаи 15:
- ба номи модда пас аз калимаҳои «риоя накардани» калимаи «талаботи» илова карда шавад;
- дар матни модда калимаи «муқаррароти» ба калимаи «талаботи» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022, № 1887
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 27 апрели соли 2022, № 705
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 30 майи соли 2022, № 275
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2022 №: 112 - 114 Мутолиа карданд: 2820