иҷтимоиёт
ДЕҲОТ. БА СИЁСАТИ ОЯНДАСОЗ СОДИҚ МОНЕМ!
Имрӯз деҳот дар заминаи роҳандозии сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куллан тағйир ёфта, сатҳ ва дараҷаи зиндагии аҳолии он дигаргун гардида истодааст. Инро мо дар дилхоҳ деҳоти ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвари азизамон мушоҳида менамоем. Роҳандозии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо тайи ду даҳсолаи охир собит менамояд, ки бунёди як қатор инфрасохтори иҷтимоӣ дар деҳот, ба мисли мактабу бунгоҳи саломатӣ, марказҳои савдо, муассисаҳои фарҳангӣ, гулгашту боғҳои истироҳатӣ, майдонҳои варзишӣ ва амсоли он равнақ мегиранд. Дар маҷмуъ, барои баҳамназдикшавии шаҳру деҳот мусоидат менамоянд.
Вале сарфи назар аз ин, эҳсос мегардад, ки деҳот ва аҳолии он ба сифати истеҳсолкунандагони маводи озуқа пайваста бо душворӣ ва мушкилот рӯбарӯанд, ки дастгирии дастаҷамъии моддию маънавии аҳли ҷомеаро нигарон мебошад. Деҳоте, ки дар он беҳтарин намунаи эҷоди халқӣ ва мероси фарҳангии аҷдоди мо маҳфуз буда, сокинони он аз ҷумлаи донандагону меросбарони эҷодиёти даҳонакии халқ мебошанд. Намунаи мероси фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумиро сарфи назар аз гардишҳои сиёсии давру замон ҳифз намуда, то ба замони мо расондаанд. Вайронаҳои мероси фарҳангиаш навсозӣ нагардида, то ба имрӯз маҳфузанд. Беҳтарин намояндагони соҳаи эҷод, илм ва санъат дар гузашта деҳотӣ буданд.
Деҳқононаш ғалла кишт намуда, анбори давлатро пур менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ва чорводории он ҳама «Деҳқонбозор» - ҳои шаҳрҳои моро ғанӣ мегардонанд. Меваҳои рангини он ба ҷисму ҷони мо қувват бахшида, дастархони моро зебу оро медиҳанд.
Дарвоқеъ, мо ба деҳот пайвандем ва он макони нахустини мост, ки дар он рустаем, вале бо гузашти айём аз он дур гаштаем. Вақти он расидааст, ки мо бояд ба назари нек ба ин макон нигарем. Пайгирӣ аз ташаббус ва хайрхоҳии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем, ки пайваста барои ободии диёри азизамон анҷом медиҳанд. Аз мушкилоти деҳот бохабар бошем ва барои пешрафту ободонии он саъю талош варзем. Дар давраҳои душвори кори саҳро дастгири деҳқон бошем. Маҳсулоти мавриди истифодаи кори деҳқониро бо нархи дастрас ба ӯ пешкаш намоем, ки тавонад кори саҳроиашро тезтару хубтар анҷом диҳад. Аз роҳи амали хайр техника ва воситаи дигари ёрирасонро дар давраи кишт ва мавсими ҳосилғундорӣ барои мадади кори деҳқон сафарбар намоем. Агар лозим шавад барои мадади кори деҳқон дар мавсими ҷамъоварии пахта ва дигар зироатҳо аз қувваи дастаҷамъии ҷавонон, хонандагон, дигар кормандон истифода бояд кард. Ин метавонад аз як ҷониб барои ташаккули тарбияи меҳнатии наврасону ҷавонон мусоидат намояд ва аз ҷониби дигар намунаи рамзи ҳамраъйии мардум бошад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ дастгири якдигаранд. Чунин таҷриба дар давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон ба назар мерасад.
Бо мақсади ободонии деҳот, бунёди хонаву дари муносиб, роҳу кӯпрукҳо, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар иншоотҳо дастаҷамъона кори хайр анҷом диҳем.
Дар маҷмуъ, ин шароит фароҳам меоварад, ки деҳот нақшу мақоми шоистаро пайдо намояд ва мушкилоти он кам гардад. Аз ҷониби дигар аҳолии деҳот имконият пайдо менамояд, то дар амалӣ гардондани ҳадафи асосии стратегии таъмини амнияти озуқавории кишвар боз ҳам бештар саҳм гузорад.
Пиралӣ НАЗАРЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2022 №: 115 Мутолиа карданд: 502