иҷтимоиёт
СЕ МУШКИЛ АГАР БАРТАРАФ ШАВАД...
Ҳифзи солимии ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бехатарии озуқавории мардуми кишвар ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд.
Дар ноҳияи Рашт ҳам ба ҳифзи солимии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Тавре Хушнуд Ҳомидов, иҷрокунандаи директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, таҳти назорати кормандони марказ 69 иншооти саноатӣ, 203 иншооти хӯрокворӣ, 120 иншооти кӯдакону наврасон ва 178 иншооти коммуналӣ қарор дорад.
Аз аввали соли равон то имрӯз аз тарафи кормандони марказ 39 санҷиши нақшавӣ гузаронда шуда, маҳсулоти гуногуни муҳлати истифодаашон гузашта, аз муомилот бароварда шуданд.
Дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби беэътиноӣ дар риояи қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ нисбат ба 24 нафар маблағи 5 ҳазору 632 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ муқаррар шуда, ба буҷети ҷумҳурӣ пардохт гардид.
Ҳамин тавр, аз тарафи кормандони шуъбаи эпидемиологии ноҳия 584 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ин 466 нафар бемории паразитӣ дар асоси хабарҳои таъҷилии беморхонаи марказӣ ва шабакаҳои КАТС -и ноҳия ба қайд гирифта шуд.
Аз аввали соли равон то имрӯз мутахассисони марказ дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ корҳои профилактикӣ ва санитарию гигиенӣ гузаронданд.
- Мушкилоти асосии соҳа ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани бинои корӣ, дар марказ вуҷуд надоштани озмоишгоҳи замонавӣ ва мутахассисони соҳа мебошанд, - гуфт Х. Ҳомидов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2022 №: 115 Мутолиа карданд: 666