logo

иқтисод

МУҲИТИ ЗИСТ. МОВУ ШУМО ЯК ҶУЗЪИ ТАБИАТЕМ!

 
Ифлос шудани оби дарёҳову наҳрҳо, кӯлҳову баҳрҳо, биёбоншавӣ, ифлосшавии атмосфера, тағйирёбии иқлим, баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, вайроншавӣ ва эрозияи хок, хушкшавии кӯлҳову баҳрҳо, эрозияи соҳили дарёҳо, несту нобуд шудани баъзе намудҳои ҳайвоноту наботот ва ғайраҳо проблемаҳои экологии  ҷаҳони муосир мебошанд, ки симои сайёраро дигаргун сохтаанд. Алалхусус, дар ду-се даҳсолаи охири асри XX, ки ҳамчун марҳилаи инқилоби илмиву техникӣ арзёбӣ гардидааст, муаммоҳои экологӣ хеле печидаву мураккаб шуда, таъсири тағйироту дигаргуниҳои муҳити зист ба вазъи зиндагӣ ва саломатии инсон пурра ва комилан муайян гашта, зарурати бо роҳу усулҳои илман асоснок баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани ин муаммоҳо ба миён омаданд.  
Кулли мушкилоти экологӣ хусусияти антропогенӣ доранд, яъне онҳоро худи одамон ба  вуҷуд овардаанд. Проблемаҳои экологӣ ба вазъи зиндагӣ, саломатии ҷисмонию руҳии инсон ва генофонди башарият таъсири манфӣ расонда, ба яке аз мушкилоти глобалии сайёра табдил ёфтаанд. Бемориҳои инсон бар асари таъсири муҳит ва омилҳои дигар миқдоран ва сифатан тағйир меёбанд. 100-150 сол қабл аз ин, бемориҳои сироятӣ хеле паҳн ва боиси марги ҳазорҳо-ҳазор одамон гардида буданд. Ҳоло бошад, бемориҳои дилу рагҳои хунгард, шуш ва роҳҳои нафас, асаб, онкологӣ, эндокринологӣ ва ғайра бештар паҳн шудаанд. 
Муаммои дигари экологӣ проблемаи партовҳо  буда, зарурати бо роҳу усулҳои илмӣ ҳал намудани онҳо ба миён омад. Илми нав дар бораи партовҳо ё худ партовшиносӣ, ки онро гарбология меноманд, арзи ҳастӣ намуд. Олимон муайян намуданд, ки барои як нафар дар як сол ба ҳисоби миёна наздик ба 20 тонна маводу маҳсулотҳои гуногун масраф мешавад, ки зиёда аз 96 дарсади онҳо баргашта, ҳамчун партов ба муҳити беруна партофта мешаванд.  Ҳалли муаммоҳои экологие, ки ба вазъи зиндагиву саломатии инсон таъсир мерасонанд, вазифаи як ё ду давлат ва ё минтақа набуда, балки вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи ҳамаи кишварҳои олам, созмонҳои байналмилалӣ ва тамоми башарият мебошад.
Об муъҷизаи беамсолу бебаҳои табиат, ҷавҳару асоси ҳамаи мавҷудоти зинда ва сароғозу бақои олами ҳастӣ мебошад. Мутаассифона, об ва манбаъҳои он дар ҷаҳон аз ҷиҳати географӣ нобаробар тақсим шудаанд. Миллионҳо одамон аз танқисии оби ошомиданӣ азият мекашанд, ҳар сол ҳазорҳо одамон, алалхусус кӯдакон, аз бемориҳое, ки бо нарасидани оби хушсифати нӯшокӣ марбут аст, ба ҳалокат мерасанд.
Барои нигоҳ доштани мувозинати табиии экологии сайёра зарур аст, ки олами набототу ҳайвонот ва микроорганизмҳо, намудҳо  ва таносуби онҳо ба қадри имкон, дар шаклу ҳолати аслии табиии онҳо нигоҳ дошта шаванд, яъне гуногунии биологӣ бояд риоя гардад. Дар акси ҳол,   мувозинати экологӣ вайрон шуда, ба табиат таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ба инсон ва саломатии ӯ низ беасар нахоҳад буд. Масалан, вақте ки дар баъзе ҷангалзор дарахтонро қариб тамоман бурида нобуд карданд, ин боиси зиёдшавӣ ва паҳн гардидани бемории энсефалит дар он маҳал гардид. Риояи гуногунии биологӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии табиати зинда, аз ҷумла барои инсон ва вазъи саломативу зиндагии ӯ,  зарур аст.
Ҳар як фарди ҳушманди ҷомеа бояд тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, кору амали худро ба мизони ақл баркашад. Табиатро, ки гаҳвораи тамоми мавҷудоти зинда аст, дӯст дошта, ба он бо дилсӯзӣ ва ғамхории том муносибат намояд. Ва бояд маҳз тавассути ҳамон ақлу заковати худ, бо дарки амиқи масъулият ва рисолати инсонии хеш муаммоҳои экологии бамиёномадаро ҳаллу фасл намуда, ба наслҳои оянда муҳитеро, ки барои зиндагонии инсон ва ҳамаи мавҷудоти зинда созгору хушоянду бехатар аст, ба мерос гузорад. 
 
Даврон ОХУНОВ,
духтури Маркази назорати давлатии санитарию 
эпидемиологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2022    №: 115    Мутолиа карданд: 977
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед