logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ ОИЛА ПОШ МЕХӮРАД…

Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа дар густариши он нақши меҳварӣ  ва калидӣ  дорад. Шароити иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо то кадом андоза  дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Танҳо миллати босавод бо  насли соҳибмаърифату донишманд, лаёқатманд ва кадрҳои арзандаи даврон дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо мекунад. 
Мутаассифона, на ҳамаи оилаҳое, ки ташкил мегарданд, пойдору устувор мемонанд. Тайи солҳои охир рӯз ба рӯз афзудани пошхӯрии оилаҳо дар қаламрави кишвар гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Аз ҷумла, дар шаҳри Ҳисор агар соли 2020 шумораи бекор кардани ақди никоҳ 414 ададро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 ин рақам ба 642 адад расид, ки нисбат ба соли пешӣ 228 адад зиёд аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз 766 ҷуфт шаҳрванди аз қайди никоҳи давлатӣ гузашта никоҳи 196 оила бекор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 адад зиёд мебошад. Аз он 159 ҷуфт дар асоси ҳалномаи суд ва 37 ҷуфт бо розигии ҳамсарон бекор карда шудааст. Тибқи таҳлилҳо ин падидаи манфӣ сол ба сол афзуда, ҳисоботи оморӣ хеле ташвишовар ва нигаронкунанда мебошад. Сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон гуногунанд ва пайомадҳои манфиро доранд.
Чунонки Нодира Музаф-фарӣ, собиқ мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ҳисор иброз дошт, оила ва оиладорӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии инсон маҳсуб гашта, пойдорӣ ва мустаҳкамии он асоси хушбахтии аъзои он ба шумор меравад. Вале, имрӯз ҷудошавии оилаҳо мушкилоти ҷиддӣ ва доғи рӯз гаштааст. Аз тарафи кормандони бахши САҲШ – и шаҳри Ҳисор оид ба ин масъала бо ҳар як ҷуфт суҳбатҳои алоҳида гузаронда, дар асоси қонунҳои амалкунанда ба онҳо муҳлат дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир пешниҳоди ариза оид ба бекор кардани ақди никоҳ аз тарафи зану шавҳаре, ки муддати тулонӣ бо ҳам зиндагӣ надоранд ва ё дар даст ҳалномаи суд дар бораи бекор шудани ақди никоҳ доранду ба бахши САҲШ барои ба қайди давлатӣ гирифтан  муроҷиат накардаанд, зиёд мебошанд, ки ин ҳолат ҳам ба афзоиши ин теъдод  таъсир мерасонад. Аз никоҳҳои бекоршуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 284 нафар кӯдаки ноболиғ мондааст, ки айни замон дар оилаҳои  нопурра ба воя мерасанд. Дар натиҷаи пошхӯрии оилаҳо бепарастор мондани фарзандон,  аз тарбия, дӯстдорӣ, меҳру навозиш ва дастгирии моддиву маънавии волидон маҳрум гаштани онҳо яке аз мушкилоти асосӣ гардидааст. 
Тавре мутахассисони соҳа иброз доштанд, дар қатори дигар омилҳо шароити номусоиди зиндагӣ низ яке аз сабабҳои ин мушкилист. Масалан, дар як ҳавлӣ то се  - чор оила зиндагӣ доранд, ки дар натиҷа бо сабабҳои ночиз байни ҳам муноқиша мекунанд. Инчунин, имрӯз тарбияи ҷавонон коста шуда, аксари онҳо ба зиндагии мустақилона омода нестанд. Писари 18 - 19 – соларо дарҳол  хонадор мекунанд, ки вай ҳоло омода нест. Падару модарон барои навхонадорон тамоми шароитро фароҳам месозанд, яъне бе заҳмат соҳиби хонаю дари обод, бо тамоми шароит муҳайё таъмин мешаванд. Бигзор, онҳоро бо ашёи рӯзгор ба қадри кофӣ таъмин намоянд, вале на ба он ҳадде, ки имрӯзҳо ба чашм мерасад. Агар ҷавонон худашон заҳмат кашанд, кор кунанд, ба қадри чизу чора мерасанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин ҳолат бисёр бамаврид аст, лекин он ҳам баъзан риоя намешавад.
Бештари ҷавононе, ки зуд оиладор мешаванд, хизмати Модар – Ватанро иҷро накардаанд. Агар ҷавонписарон дар сафҳои Артиши миллӣ хизмат намоянд,  онҳо ҳамаҷониба далеру шуҷоъ, пурқувват, мушкилнописанд, босабру тамкин ба воя расида, дар зиндагии мустақилона ба қадри зан, модар, оилаву фарзанд ва молу мулки хона мерасанд. 
Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин зуҳурот, пеш аз ҳама, барои хонадоршавӣ ва бунёди оила, яъне ба зиндагии мустақил омода кардани ҷавонон мебошад. Ин нахуст вазифаи падару модар, мактаб ва ҳамкории тамоми ниҳодҳои ҷомеа маҳсуб меёбад. Пешниҳод менамоям, ки имрӯз бояд тамоми ҷомеа оид ба рафъи ин масъала кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд. Чунки бо корбарии кормандони  бахши САҲШ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ин гуна оилаҳо кор бурдан бисёр душвор аст. САҲШ, асосан, бахши бақайдгиранда мебошад. Дар ҳоле ки ҷавоби мусалмонии динӣ дода шуда, чизу чораи оила, аллакай, байни онҳо тақсим шудааст, баъд ба мо барои бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат мекунанд, ки дигар бо ин оилаҳо кор бурда наметавонем. Агар дар ҳолати дар ин оилаҳо каме нофаҳмӣ ба вуҷуд омадан ё ҷангу ҷанҷол бархостан хешу табор, ё ҳамдеҳагон бетарафӣ накарда, сари вақт ба бахши САҲШ, ё ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муроҷиат кунанд, бо роҳи насиҳат ва мудохила кардан пеши роҳи вайроншавии чунин оилаҳоро гирифтан мумкин аст, - мегӯяд Н. Музаффарӣ. 
Оила ниҳоди муқаддас, асоси пойдории насли инсон ва идомаи зиндагӣ маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди он ки ташкили оила дар зиндагӣ ҳодисаи муқаррарӣ менамояд, вале он боз масъулияти зиёде низ дорад. Инсон дар тули ҳаёти худ ба пастию баландӣ, барору нобарорӣ, талхию ширинӣ ва ҳар гуна ҳолатҳои ғайричашмдошти рӯзгор мувоҷеҳ мегардад. Роҳи аз ҳама беҳтари рафъи онҳо танҳо созишу муросо, сабру таҳаммул, одобу ахлоқи ҳамида ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Бошад, ки дар ҷомеа ва оилаҳои навташкил афроди дорои ақли солим, инсони комил ва хирадманд ба воя расанд ва дар рушду пешрафти ҷомеа ва давлат саҳми арзанда гузоранд. Барои расидан ба ин ҳадафҳои  олӣ набояд кулли аъзои ҷомеа бетараф бошанд.          
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2022    №: 115    Мутолиа карданд: 943
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед