номаҳо
АГАР БЕТАРАФ БИМОНЕМ...
Ҳолиё чунин мепиндорам, ки таълими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бисёр душвор шудааст. Агар ба баъзе аз масъалаҳои муҳим ҷиддӣ диққат дода нашаванд, монеаҳои мавҷуда рафъ нагарданд, мушкилот бештару мураккабтар мегардад. Дар ин росто, албатта, заҳматҳои мо барҳадар хоҳанд рафт.
Нахуст, дар хусуси имло. Он бояд садсолаҳо амал кунад, на пас аз чанд сол тағйир биёбад. Аз ман шогирдон тарзи навишти калимаҳоро дар китобҳо, ки пештар нашр гардидаанду ба имлои имрӯза мувофиқат намекунанд, пурсон мешаванд. Дар зеҳни кӯдак, хонанда ин дарбарҳамӣ таъсири манфии худро мегузорад. Мутаассифона, на дар ҳамаи китобу маҷаллаву рӯзномаҳо аз имлои нав кор мегиранд. Ман бояд ба хонандагон чӣ бигӯям ва ин камбудро чун бипӯшам? Омӯзишу омӯзондан бо чунин ҳол ҳеҷ самараи нек намедиҳад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахсони зиёде арзи матлаб мекунанд. Ҷумлаҳо пур аз ғалатанду бемантиқ. Гила танҳо аз бесаводон нест, аз унвондорони илми соҳа низ мебошад. Хонандагон вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванд ва ин дард, бешак, онҳоро низ ёр мешавад. Дар зеҳни онҳо ин ғалатҳои имлоиву мантиқӣ ва берабтиҳо сахт менишинанд.
Дар ин шабакаҳо шеърҳои маъмулу маъруфи шоирони классик ба номи дигар муаллифон муаррифӣ мегарданд. Масалан, шеъри машҳури Саъдии Шерозӣ, ки дар бораи се навъ дӯстон гуфта шудааст, ба Мавлоно нисбат додаанд.
Ҳамин тавр, суханони бузургонро дар ин шабакаҳо ба номи муаллифони аслиашон намеоранд.
Аз ман хонандае суол кард, ки оё ибораи «журналист ё худ рӯзноманигор»-и мустақил гуфтану худро муаррифӣ кардан дуруст аст? Ӯ интизори ҷавобам нашуда афзуд: «Пас, чаро духтури мустақил, судяи мустақил, прокурори мустақил, омӯзгори мустақил, сиёсатшиноси мустақил намегӯянду наменависанд? Магар дигар журналистон мустақил нестанд. Журналистони мустақил оё қонуни матбуотро риоя намекунанд. Онҳо дар куҷо таҳсил намудаанд? Донишгоҳҳо гурӯҳи махсусе бо номи «журналистони мустақил»-ро оё меомӯзонанд? Чаро ин гурӯҳ қоидаҳои имлоро риоя намекунанд? Барои он ки ин гурӯҳ мустақил ба шумор мераванд? Кӣ ба онҳо ин унвонро додааст? Оё ташкилоте, вазорате вуҷуд дорад, ки расман мустақилияти онҳоро эътироф карда бошанд? Агар не, пас ҳар кас ҳар навъе бихоҳад, худро метавонад муаррифӣ бикунад»?
Мани омӯзгор, ба ростӣ, ба ин суолҳо посух надоштаму надорам, аммо хонандаро ба посухҳои дурусту мусбат қонеъ бояд кард.
Умедворам, аз ҷониби масъулон ин масъалаҳо ҳалли худро меёбанд ва онҳо посухҳо медиҳанд. Охир, масъала ҷиддӣ аст. Диламон ба насли ояндасоз бо дарки масъулият бояд бисӯзад. Агар бетарафиро пеша бикунем, набояд ба воя расидани насли босаводро интизор бошем.
Санчагул БУРҲОНОВА,
омӯзгори Муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 75-и ноҳияи Ёвон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2022 №: 115 Мутолиа карданд: 3185