иҷтимоиёт
МУЪМИНОБОД. ЧАНД МУШКИЛИ ЯК СОҲА
Бо вуҷуди татбиқи силсилаи тадбирҳои муҳим дар соҳаи тандурустии кишвар ҳанӯз ҳам мушкили ҳалталаб рӯ ба коҳиш надорад. Аз ҷумла, ба гуфтаи Сайдамир Розиқов, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Муъминобод дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома 70 дарсад табибони соҳибтахассус дар ноҳия намерасанд.
Айни замон дар ноҳия 67 табиби маълумоти олидор ва беш аз 30 духтури миёнаи тиб намерасад. Соҳаи тандурустии ноҳия ба духтури сироятшинос, шикастабанд, ҷарроҳи кӯдакона, руҳшинос, бемориҳои чашм, ғадудшинос, рентгенолог ва таҳлилгар эҳтиёҷ дорад.
Ба гуфтаи Сайдамир Розиқов дар ноҳия 21 маркази саломатӣ ва 33 бунгоҳи тиббӣ мебошад. Ҳамзамон, 5 бунгоҳи тиббӣ дар муассисаи таълимӣ ва 8 адад дар хонаҳо ҷойгиранд. Масалан, дар деҳаи Даҳаначиён, Кӯли Ҳаётбек, Дараи Вахш, Ҷавзодара, Дегрез, Таги Туто, Нуробод ва деҳаи Чилдухтарон. Айни замон дар 5 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Номбурда гуфт, ки муассисаҳои КАТС - и ноҳия, ҳатто як мошини ёрии таъҷилӣ надоранд. Барои сари вақт дастрас намудани беморон аз мошини ёрии таъҷилии беморхонаи марказӣ истифода мебаранд. Ӯ гуфт, ки мошини ёрии таъҷилӣ ба муассиса мисли обу ҳаво лозим аст. Вале онҳо қудрати хариди онро надоранд.
Умедворем, ки масъулони ноҳия дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ин мушкилӣ расидагӣ намуда, камбудиҳоро бартараф менамоянд.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2022 №: 115 Мутолиа карданд: 796