сиёсат
АҲДШИКАНӢ. ВАЗЪИЯТ ДАР САРҲАДРО КӢ МУШКИЛ МЕСОЗАД?
Тоҷикистон амалҳои иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо чораҳои бетаъхир андешад.
Ин нукта дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пахш гардид, таъкид мешавад. Дар изҳорот, ки 14 июн дар сомонаи ВКХ нашр шуд, чунин зикр мегардад: «14 июни соли 2022 дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳонаи навбатӣ ба вуқуъ пайваст. Соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гурӯҳӣ ва миномётҳо мавриди ҳамлаи ногаҳонӣ қарор гирифт.
Дар баёния зикр мегардад, ки дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи Ҷамоати деҳоти Ворух интиқол ёфт, ки вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии мамлакат дар идома аз қатъи даргирии мусаллаҳона баъд аз яку ним соати тирпарронӣ ва муяссар шудани оташбас дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси Тоҷикистон суратгирифта хабар дода, бо таассуф изҳор медорад, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам касб кардаанд. – Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъият дар сарҳадро танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад, - омодааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ин дар ҳолест, ки 3 июни соли ҷорӣ низ дар ҳамин дидбонгоҳи сарҳадӣ дар натиҷаи марзшикании ҳадафмандонаи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва ниҳодҳои ҳарбии кишвари ҳамсоя муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваста буд, ки ҳолатҳои мазкур хилофи мувофиқаҳои ҳосилшуда байни мақомоти сарҳадии ду кишвари ҳамсоя аст.
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.06.2022 №: 116 Мутолиа карданд: 1119