logo

иҷтимоиёт

МАСЪУДЕ АЗ СӮХИ ФАРҒОНА

Масъуди Мирзо дар замони  шуравӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм кард. Баъди таҳсил хост эҷодиёти шифоҳии мардуми Хатлонро биомӯзад ва бо ин мақсад, ба ноҳияи Қубодиён роҳхат гирифта, муддате он ҷо омӯзгор буд.
Номбурда дар мактаби № 44 ноҳияи Қубодиён ба фаъолият оғоз кард. Хонандагони синфҳои гуногун аз паяш канда намешуданд. Маҳфилу шабҳои адабӣ созмон медод, шавқи шогирдонро нисбат ба каломи бадеъ бедор мекард, завқи зебоидӯстиашонро тарбият менамуд. 
Ҳамчун омӯзгори ҷавон дар озмуни “Турсунзодахонӣ” ширкат варзида, сазовори яке аз ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Вақте табақи мусаввареро ҳамчун ҷоиза аз дастони устод Лоиқ гирифт, барояш аз шоҳҷоиза авлотар буд. Шоири бузург дар шеърфаҳмию ҳунари суханварии муаллими ҷавон фикрҳои басо пурмеҳр арза доштанд. Ҳамсабақону мухлисон аз толор бо нидои таҳсину офарин Масъудро “Маҳмуди Сонӣ” мехонданд. 
Омӯзгорон баъди ин муваффақият ба омӯзгори навкор эътимод варзида, омода кардани дастаи ноҳияи Қубодиёнро дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Бӯстон - 1985” ба ӯ супурданд. Ҳунари ровигию қироати шеърҳои воло аз тарафи доварон, бахусус аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова, баҳои баланд гирифта, баландтарин натиҷа – 10 холро соҳиб шуд. 
Ҳамин тавр, ҷавони бедору пуртакопӯро ба кумитаи комсомоли ноҳия оварданд.  Дар баробари фаъолият дар шуъбаи маданият, ҳамзамон, дар рӯзомаи “Шараф”-и ноҳияи Қубодиён (аз соли 1985 то 1989) пайваста менавишту навҷӯйиҳо мекард.
Моҳи сентябри соли 1990 ба вилояти Фарғона баргашт. Ба зодгоҳ омадани ӯ барои мардуми Сӯху Риштони вилоят саривақтӣ ва зарур буд. Ӯ муддате ба ҳайси масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи “Риштон ҳақиқати” фаъолият бурд.
Сӯх аз Риштон ҷудо шуда, ҳамчун ноҳияи алоҳида мебоист матбуоти худро таъсис медод. Масъуди Мирзо ба ин кор ҷиддан камари ҳиммат баст ва ҳамчун котиби масъул, баъдтар сармуҳаррири рӯзномаи “Садои Сӯх”, ТВ СӮХ “Ситора” ва мудири шуъбаи маданияти  ҳокимияти ноҳия Сӯх фаъолияти густарда дошт. Аз соли 1989 то соли 2012 муҳаррири барномаҳои тоҷикии ширкати садо ва симои вилояти Фарғона, солҳои 2012-2013 мутарҷим ва муҷрӣ дар бахши ӯзбекии радиои “Садои Хуросон” низ буд.
Масъуд марди фурӯтан ва қадршинос аст. Шоир будани ӯро солҳои 90-уми асри ХХ фаҳмидем. Ҳаргиз дар ин ҷода умедвори ҷоизаву подош набудаст. Шеърҳояш дар матбуоти даврии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон (ҷаридаи тоҷикии “Паёми Ала-То”), маҷмуаи дастаҷамъии “Ҷилои ахтарони Сӯх” (Тошкент), “Донишномаи забон ва адабиёти форс-тоҷики Ӯзбекистон” (2007, Теҳрон), “Мозаика” (2019, Бишкек) рӯйи чопро дидааст. Соли 2008 нахусткитоби Масъуд - «Номаҳои манзум» бо пешгуфтори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар Тошкент интишор ёфт. 
Ҳамзамон, дар мавзуи “Шеваҳои бозтоби фарҳанги мардумӣ дар ашъори Фарзона” таҳти роҳбарии доктори илми суханшиносӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус рисолаи илмӣ менависад.
Чандест, ки Масъуди Мирзо муҳаррири масъули бахши тоҷикии Ширкати садо ва симои вилояти Фарғона аст. Азбаски аз рӯзи аввал нони ҳалоли омӯзгорӣ хӯрдааст, дар Донишгоҳи давлатии Фарғона аз фанни адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.
Пас аз хуб шудани муносибатҳои кишварҳои ба ҳам дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон тоҷикони бедори кишвари ҳамсоя ӯро раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Фарғона баргузиданд.
Мақолаи ӯро аз 10 ноябри соли гузашта бо унвони «Халқи тоҷик марди таърихсоз меҷуст, ин марди бузург Эмомалӣ Раҳмон аст!» дар саҳифаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» хонда, шод шудам. Бовар дорем, ки ӯ оянда бо матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон робитаи бештар меёбад ва дар таҳкими муносибатҳои ҳасанаи ду тараф саҳм мегирад.
Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки дар Сӯх Масъуд дорем, фарде, ки дилаш ба забону адаб ва фарҳанги дерини тоҷикон месӯзад ва онро бо ҳама ҳастии хеш дифоъ мекунад.
 
Марямбонуи ФАРҒОНӢ, нависанда
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.06.2022    №: 117    Мутолиа карданд: 583
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед