logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ТАМКИН»
АЗ БОЛО  БА ПОЁН:
1. Истилоҳи  сиёсӣ. 2. Сарфармондеҳи  Қувваҳои  Мусаллаҳи ИҶШС. 3. Муаллифи асари «Шаҳрошӯб». 4. « Навиштам номае дар некномӣ, ки Хусрав офарин карду ***».7. Пйесаи Мавҷуда Ҳакимова. 8. Қаҳрамони  афсонаҳои  халқии Шарқ бо забони русӣ. 11. Насаби собиқ Сарвазири  ҶТ. 12. Чанбараки мошинро гӯянд, идоракунанда. 13. Муродифи сабр, таҳаммул. 14. Қаҳрамони  романи «Дар орзуи падар». 15. Исми маъмулии мардонаи тоҷикӣ.   
АЗ ЧАП БА РОСТ:
5. Поёни ҳар кору амал. 6. Қаҳрамони достонҳои «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 7. *** Асанова, раққоса,  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон. 9. Мадду ҷазрро гӯянд. 10. Оҳардодашуда. 11. Узвҳои  маҳрамонаи инсон. 14. *** Шанбезода, шоир ва муҳаққиқи тоҷик. 16. Тамғаи  мошини сабукрави хориҷӣ. 17. *** Ҳошимӣ, адиби кӯдакон. 18. Персонажи «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 
 
Мураттиб  Азизбек САИДАҲМАДОВ,
сокини ноҳияи Рӯдакӣ
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
ЗООПАРКИ ОДАМ 
«Шоми шанбе» силсилаи бешумори иттилоъро аз олами ҳайвоноту рустанӣ пешниҳод мекунад. Мо хостем тавассути рубрикаи нав – «Олами одам» аз кирдорҳои ғайриинтизор ва хӯю хислатҳои даҳшатноки одам нависем, то сухани Мавлоно тасдиқи худро ёбад: «Фарқ мобайни банӣ одаму ҳайвон адаб аст».
Боварнокарданист, аммо воқеият аз он мегӯяд, ки зоопарки охирини одам дар шаҳри Брюссели Белгия то соли 1958 фаъол буд. Расман номаш «Зоопарк» буд, ҳарчанд ин мафҳум маънии боғи ҳайвонотро дорад.
Мардуми «сафедпӯст» 267 одами аз рушд қафомондаи Конгои Африқои Ҷанубиро дар қафасҳо, дар муҳосираи чӯбҳои бамбукӣ тамошо мекарданд, пеши кӯдакон хӯрданиҳо мепартофтанд, акс мегирифтанд ва ҳатто баъзе хонумҳо ба сиёҳпӯстон бо ғамзаву нағма даст мерасонданд.
Пеш аз ин, чунин зоопаркҳо дар Лондон, Париж, Гамбург ва Ню-Йорк амал мекарданд.
Ваҳшонияту бераҳмии башарият ба ҳадде буд, ки ҷисми яке аз василаҳои тамошо Сара Бартманро (зан) пас аз марг доруҳои махсус зада, дар музей гузоштанд.
Баъдан бо қарори махсуси СММ фаъолияти чунин зоопаркҳо манъ гардид.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
21.  БРАЙЛ 
ВАҚТЕ ИНСОН САХТ МЕХОҲАД...
Луи Брайл 4 январи соли 1809 дар оилаи марди мӯзадӯз Симон-Рене дар шаҳраки Куври Фаронса таваллуд шудааст.
Сесола буд, ки дар дукони падараш бо корди сарроҷӣ (корди махсус барои зиндӯзӣ) аз чашмаш захм мебардорад. Дар як муддати кӯтоҳ ҳамин захми кӯчак шамол хӯрдаву хунукӣ мегирад ва рӯз то рӯз пеши чашмони кӯдаки сиёҳбахтро хира мекунад. Баъди ду сол, яъне дар панҷсолагияш Брайл тамоман кур мешавад. 
Волидайн барои ба зиндагии нав, яъне зиндагӣ дар торикӣ одат кардани писарашон талошҳои зиёд мекунанд. Модар ба ӯ дӯхтани болопӯши зини асп ва пойафзолро ёд медиҳад, бо даъвати падараш муаллими ғижак омада, ба Брайл дарси мусиқӣ меомӯзад. 
Дар даҳсолагӣ писаракро, ки алифборо дар мактаб ба воситаи чӯбча аз худ намуда буд, ба Донишкадаи давлатии Париж барои нобиноён медиҳанд. Барои ҳамтақдирони Брайл тамоми шароитҳо муҳайё буд, вале нарасидани китобҳои махсуси дарсӣ дар тамоми Донишкада эҳсос мешуд. Брайл дар пеши худ мақсад мегузорад, ки ба ҳамдарсонаш худ дар ҳалли ин мушкил кумак мекунад. 
Баъди кӯшишу талошҳои зиёд соли 1824, яъне дар 15-солагияш Брайл аввалин намунаи алифбои нуқтадори кандакориро барои нобиноён пешниҳод мекунад. Вале шурои омӯзгорон бо баҳонаи он ки хондани ин алифбо барои муаллимони бино гаронӣ мекунад, онро эътироф кардан намехоҳанд. Танҳо соли 1837 шуро ба пофишориҳои худи шогирдони нобино тоб наоварда, алифбои ихтироънамудаи Брайлро бо ҳамин ном қабул ва барои таълими донишҷӯёни нобино тавсия медиҳад. Алифбои Брайл то имрӯз беҳамто буда, дар тамоми дунё барои муассисаҳои махсус васеъ истифода мешавад.
Дар Русия чопи китобҳо бо алифбои Брайл аз соли 1885 роҳандозӣ гардида, ба муаллиф даромади тасаввурнопазир меорад.
Воқеан, Брайл аз завқи баланде, ки ба мусиқӣ дошт, ба шогирдон аз ин боб низ дарс мегуфт. Хуллас, дастовард ва худсозиҳои Брайли нобиною маъюб дигарбора собит месозанд, ки қудрати инсон имконоти хеле бештаре дорад аз он ки дар тасаввури мо меғунҷад. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
  
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ҲАЙРАТ
Ман ҳайронам: вақте муаллим аз як фан зиёд дарс дода наметавонад, чаро талаба бояд ҳамаи фанҳоро азёд донад?!
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ХАРБУЗА ХӮРЕМУ... 
Аз қазо шоир Маъдан бо ҳамсафаронаш ҳини бозгашт аз Понғоз ба Хуҷанд дар қиёми тобистон ташна мемонанд. Дар наздикии деҳаи Сомғор, канори роҳ полизеро дида, аз палакбон, ки дар сояи чанор роҳат дошт, харбуза хостор мешаванд.
Мӯйсафеди палакбон мегӯяд: - Ман харбуза намефурӯшам. Вале аз миёни шумо касе дар тавсифи чанор, каппа, дарвоза ва худи ман шеър гӯяд, ба вай бепул харбуза медиҳам.
Маъдан «хизмат аз мо» гуфта, бадоҳатан ин шеър-ро мехонад:
Харбуза хӯрему рӯяко тоза шавад,
Дар каппа шинему дилако тоза шавад.
Дар зери чинору сояаш рақс кунем,
Бобо, даҳанат кушода, дарвоза шавад.
 
Шеър ба палакбон писанд меояд ва хушҳолона мегӯяд:
- Ҳар қадар дилатон хоҳад, харбузаро нӯши ҷон кунед!...
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
 
МУСОБИҚАИ ДӮСТОНА 
 
Конслагер. Диққат, диққат! Имрӯз миёни лӯлиҳо ва яҳудиёни маҳбус мусобиқаи дӯстона оид ба оббозӣ доир мегардад. Лӯлиҳо аз тарафи рост бо кулоҳҳои зард, яҳудиҳо аз ҷониби чап бо кулоҳҳои сиёҳ. Тимсоҳҳоро дар миёна бе кулоҳ сар медиҳем.  
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДУ ПАНД
 
Одамҳои зебо ҳамеша хуб нестанд, аммо одамҳои хуб ҳамеша зебо ҳастанд.
 
* * *
Ёд бигиред, ки биншинед ва мушоҳида кунед, ҳама чиз ниёз ба вокуниш надорад.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
Ганҷи шойгон
ҚАНОАТ
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз неъмати қаноат баҳравар буд ва бар муридону асҳоб ташвиқ мекард, ки қимату моҳияти бузурги онро бишиносанд. Яъне, дар он ҳол таваҷҷуҳи худро ба сӯи сарватмандон ва соҳибони мақом ҷалб насозанд. Чаро? Чунки ин амал инсонро аз мақоми маънавӣ дур мекунад. Таъкид ҳам гардида, ки чашми худро ба неъматҳои моддие, ки ба гурӯҳҳое дода шудааст, наяфкананд ва ба хотири он ғамгин набошанд. Пештар аз ӯ ин маъниро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба маврид ва зебо фармудааст:
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр.
Қаноатро Мавлоно бузург медошт ва месутуд. Бар ин ақида буд, ки «Заҳмати қаноат раҳмати маҳз аст». Воқеан, инсони қаноатманд ҳеҷ гоҳ дасти ниёз бар сӯи касе дароз намекунад ва обрӯи худро намерезад.
 
Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН  МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ҚАСРИ  ВЕРСАЛ
 
Версал номи маҷмааи боғ ва кохи дарборӣ дар Фаронса аст, ки дар гузашта қароргоҳи шоҳони фаронсавӣ дар шаҳри Версал буд. Феълан дар канори шаҳри Париж қарор дошта, маркази сайёҳии ҷаҳон маҳсуб меёбад. Онро рассомони барҷастаи фаронсавӣ, меъморон, ҳайкалтарошон ва наққошон бо супориши “Шоҳ-Офтоб”  ё худ Людовики XIV, то соли 1661 сохтаанд. Ёдгорӣ маҳсули “асри тиллоӣ”- и санъати фаронсавӣ мебошад. 
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
 
ХАНДА МУСИҚИИ ЗИНДАГИСТ
 
Луиза Хей мегӯяд: «Далели нахандидан пирӣ нест, баръакс пир мешавед, агар табииву воқеӣ нахандед!»
Шекспир мегӯяд: «Афроде, ки тавони лабханд задан ва хандидан доранд, мавҷуди бартари табиат ҳастанд». 
Ин гуфтаро ҳамеша дар хотир доред: фараҳ агар тақсим шавад, ду баробар, вале ғам агар тақсим шавад, нисф мешавад.
 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
ТАЛОШИ 40 - СОЛА БАРОИ ДОНИШҶӮ ШУДАН 
Ба устувории  иродаи сокини 55 – солаи Чин Лян Ши танҳо метавон каф кӯфт, зеро ӯ 40 сол аст, талош дорад, то ба Донишгоҳи Сичуан дохил шавад.
Дар ин муддат 26 маротиба имтиҳонҳои дохилшавиро супурда, ба ҳадаф нарасидааст. Аввалин бор имтиҳонҳои дохилшавӣ соли 1952 баргузор гардиданд. Баъдан дар замони Инқилоби маданӣ (1966 - 1976) онҳоро бекор карданд.
Супурдани имтиҳонҳо дар моҳи июн 2-3 рӯз идома меёбад. Ҳамаи ширкаткунандагон ҳатман аз се фан: забони чинӣ, математика ва забони хориҷӣ имтиҳон месупоранд. 
Соли гузашта Лян Ши дар имтиҳонҳо соҳиби 403 балл гардида буд, аммо балли дохилшавӣ 521 буд. Ӯ мегӯяд: «Ҳоло 55 сол дорам, вале худро ҷавон эҳсос мекунам. То он даме, ки ба орзуям нарасам, имтиҳонсупориро идома медиҳам».
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ХУРРАМ –  БОНУИ ПИСАНДИДАТАРИНИ  СУЛТОН СУЛАЙМОН
Номи Хуррамсултон ҳамчун қаҳрамони асосии силсилафилми «Асри бошукӯҳ» дар дили ҳазорон бинанда маъво дорад. Як канизаки одӣ тавонист дили султони империяи  Усмонӣ - Сулаймонро ҷазб кунад.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки Хуррам дар асл зодаи Украинаи ғарбӣ буда, 55 сол  умр дидааст.
Вақте Хуррам  вафот  мекунад, султон Сулаймон 8 сол дар мотам менишинад ва васият мекунад, ки ӯро низ дар бари ҳамсараш гӯронанд. 
Ҳамин тавр, Сулаймон соли 1566 дар паҳлуи Хуррам ба хок супурда шуд. Бо ин далел, Хуррам дар таърих ҳамчун бонуи бовафотарину бақадртарини султон шуҳрати бештар ёфт.
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
МАРДЕ, КИ ДАР ШОХИ ДАРАХТ ЗИНДАГӢ МЕКУНАД
 
Дар Покистон мардеро, ки аз маҷбурӣ дар болои дарахт зиндагӣ ихтиёр кардааст, Тарзан ном мебаранд. Номи аслияш Фармон мебошад. Баъди аз даст додани волидонаш бехонаву дар монду ҳатто нафаре аз хешовандон ӯро ба хонааш роҳ надод. Пас, ба қароре омад, ки дар болои дарахти воқеъ дар наздикии шаҳр зиндагӣ кунад. 
Фармони 28-сола бо мардикорӣ нони даҳонашро меёбад, зеро аксарият бар ивази меҳнаташ ба ӯ пул неву маҳсулоти хӯрокӣ медиҳанд. Хонаи ӯ аз бамбук, чӯбу тахтаҳои куҳна ва матоъҳо сохта шуда, ҳамзамон, дар дохили он дастшӯяк, оташдони хурд, чароғак ва асбоби неругирӣ ҷойгир карда шудаанд. 
                             
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
РЕКОРДИ НАВ  
СКЛЕТИ 10-МЕТРА ДАР БУЛҒОРИЯ
Аз рӯи склет тахмин задан мумкин, ки одами азимҷуссаи пайдонамудаи археологҳо тақрибан дар асрҳои IV-V зиндагӣ намудааст. Дарозии склет, ки дар ҳудуди Булғория дар шаҳри Варна ба даст омадааст, қариб ба 10 метр мерасад ва синни онро олимон тахминан 100 ҳазор сол муайян кардаанд. Ин склет аз чуқурии 30 метр дарёфт гардидааст.
Пештар одами аз ҳама калонтарин дар Фаронса, наздикии шаҳри Кастелно дарёфт шуда буд ва тибқи гуфтаи археологҳо қадаш 3,5 метрро ташкил медод. 
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
Даъвоҳои ғайриодӣ ба суд 
«ДЕМОКРАТИЯ»
Сенатор мехост Худоро суд кунад
 
Сенатор аз шаҳри Омахаи иёлати Небераскаи ИМА Эрни Чемберс дар робита ба ҳалокати оммавии одамон аз офатҳои табиӣ ва ҳамлаҳои террористӣ мехост Худоро дар курсии айбдорӣ шинонад. Аммо намедонист, ки ин корро чӣ гуна амалӣ созад. Бо вуҷуди ин, бо чунин даъвои нестандарҷаҳонаш соли 2007 ба суд шикоят бурд. Дарвоқеъ, судя ҳам зирак баромада, бо далели он ки суроғаи манзили судшаванда маълум нест, даъворо рад кард.   
 
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
 
 
 
РОБОТҲОРО ПӮСТИ ҲАҚИҚӢ МЕПӮШОНАНД 
 
Муҳандисони Токиё барои роботҳо аналоги пӯсти табииро  сохтанд. Тибқи он, пӯст на танҳо ба робот бештар намуди одамӣ, балки имкони дарки ашёро медиҳад. Ҳуҷайраҳои ҳақиқии одам дар ин пӯст нақши асосӣ доранд. Олимон онро бо ангушти маснуии себуғума пӯшиш доданд.
Таҳқиқот нишон дод, ки пӯсти маснуӣ ҳамеша ба намӣ ниёз дорад. Пас, мебояд механизмеро фикр кард, ки монанди системаи хунгард ва фикркунии одамон  бошад, то аз хушк шудани пӯст ҷилавгирӣ шавад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ҲОЛАТҲОИ ҒАРИБ
ЯК ПАРАНДА САБАБИ СӮХТОР
Як ҳодисаи зуд-зуд такрорёбанда дар Австралия олимонро ба ҳайрат овардааст. Ин оташсӯзӣ ё сӯхтори ҷангалҳост. Дар ҳоле ки гармӣ дар ин ҷо ба дараҷаи баланд намерасад. Олимони Донишгоҳи Сиднейи ин кишвар таҳқиқоти аҷибу беназирро гузаронда, сабаби сар задани сӯхторҳоро ба як паранда мансуб доштанд. Ин таҳқиқот нахустин бор соли 2018 пешниҳод гардид ва хулосаҳои онро дуруст шумурданду арзёбӣ  намуданд. Ҳамин як паранда аз худ оташ хориҷ намуда, ҷангалҳоро ба коми оташ мекашад.
Аҷибтар он аст, ки наздики яку ним ҳазор сол пеш дар хусуси мавҷудияти чунин  як паранда маълумот дода шудааст, аммо ҳақиқати онро чор сол пеш  дарёфтанд.
 
Аз арабӣ тарҷумаи Орзу РАҲИМОВ ва Айюб ЗИКРУЛЛОЕВ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.06.2022    №: 117    Мутолиа карданд: 1826
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед