сафарҳо
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ИФТИТОҲИ БИНОИ ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат иборат мебошад. Дар маҷмуъ, дар иншооти нав ҷиҳати истиқомат, дарстайёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зиёд будани ниёз ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ донишҷӯёнро бо истифода аз шароити замонавӣ ба омӯзиши илм ва пайваста такмил додани малакаи касбию оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманд хизмат намудан ба нафъи ҷомеа ҳидоят карданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи донишҷӯён моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида буд ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Бинои хобгоҳи донишҷӯён дар асоси лоиҳа бо сохти меъмории замонавӣ бунёд шуда, барои 800 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷавонон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳсил доранд ва ба истифода додани хобгоҳи донишҷӯён барои ба талаботи замон мутобиқ шудани шароит ҷиҳати истиқомату таҳсил замина фароҳам намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати дар оянда бунёд кардани шаҳраки замонавии тиббӣ, иншооти ёрирасон барои таълиму таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Оянда дар баробари бунёди бинои асосии таълимии Донишгоҳ тибқи нақшаи генералӣ сохтани дармонгоҳи вилоятӣ, хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон ва ду хобгоҳ барои донишҷӯён дар назар аст.
Ёдовар бояд шуд, ки таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, аллакай нахустин таълимгирандагони ин даргоҳи илму маърифат иборат аз 336 нафар соли 2022 Донишгоҳро хатм намуд ва мутобиқи тақсимоти фардӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ ба муассисаҳои тандурустӣ сафарбар шуданд.
ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ ДАРАВИ ҒАЛЛА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САНГАЛӢ ГУЛМУРОД”-И НОҲИЯИ ДАНҒАРА
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Хоҷагии деҳқонии “Сангалӣ Гулмурод” бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва гузарондани кишти такрорӣ шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур дорои наздики 32 гектар замин буда, соли равон меҳнаткашон ғалла, пахта, сабзавот, полизӣ ва дигар намуди зироатро кишт намуданд. Асоси муваффақияти кишоварзони хоҷагӣ аз ҷори намудани таҷрибаи муосир, коркарди босифати хок бо истифода аз техникаи тибқи таъинот пешбинишуда, интихоби тухмиҳои ба иқлими парвариш мутобиқ, ғизодиҳӣ ва риояи дигар чорабиниҳои дар доираи агротехникаи кишту парвариши зироат пешбинишуда маншаъ мегирад. Майдони зироати ғалладонагии хоҷагӣ зиёда аз 10 гектарро дар бар мегирад ва сармашқи фаъолият қарор додани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти таъмини истифодаи самараноки замину риояи агротехникаи кишту парвариш барои аз ғалла ба даст овардани ҳосили баланд мусоидат намудааст. Майдони умумии ғалладонагиҳо дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳияи Данғара зиёда аз 19 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва ҳоло ҷамъоварии ҳосил тавассути 43 комбайни ғалладарав ба таври шабонарӯзӣ идома дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати дигаргуншавии иқлиму дучанд гаштани талабот ба маводи ғизоӣ дар ҷаҳон кишоварзонро барои таъмини истифодаи самараноки замин ва захира кардани маводи ғизоӣ барои ду соли оянда вазифадор намуданд.
Баъди ҷамъоварии ғалла дар заминҳои холишудаи Хоҷагии деҳқонии “Сангалӣ Гулмурод” дар майдони 12 гектар кишти ҷуворимакка барои дон ва кӯчати қулфинай гузаронда мешавад. Соли 2022 кишоварзони ноҳияи Данғара тибқи дурнамо дар майдони 5 557 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ мегузаронанд. Ба ҳолати 16-уми июни соли равон аллакай меҳнаткашон дар майдони зиёда аз 1 300 гектар кишти такрорӣ анҷом доданд ва ҳоло кор дар ин самт дар саҳро бо тамоми имконият ҷараён дорад.
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ "СОМОНҶОН"
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва полизиҳо дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" шинос гардиданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" серсоҳа буда, хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини зархез ва риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полизӣ, ғалладонагӣ, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд. Дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" дар 800 гектар гандум, 200 гектар ҷав, 170 гектар пахта, 200 гектар сабзавоту полизӣ ва дар 40 гектар ҷуворимакка барои дон, 7 гектар сабзӣ, 20 гектар картошкаи навъи "Тоҷикистон" ва 1 гектар пиёзи тухмӣ кишт шудаанд. Дар масоҳати беш аз 600 гектар боғ бунёд гардида, аз он 230 гектар себ, 142 гектар бодом, 73 гектар олу, 15 гектар чормағз, 8 гектар ангур, 7 гектар шафтолу, 3 гектар нок ва 2 гектарро гелос ташкил медиҳанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати гирифтани аз 3 то 4 ҳосил аз як қитъа ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз 4 ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ, дар байни қаторҳои боғ сабзавоту полизӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза, помидору бодиринг ва лӯбиёгиҳо кишт шудаанд, ки нашъунамои хуб доранд. Ҳоло дар заминҳои хоҷагӣ ҳосили тарбуз фаровон буда, маҳсулоти тайёр тариқи мошинҳои махсус ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол дода мешавад.
Таҷрибаи хоҷагидорон нишон дод, ки истифодаи байни қаторҳои боғ беҳтарин имконият барои афзун гардондани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза ва гирифтани самараи бештар аз замин маҳсуб меёбад. Дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" таҷрибаи муосири истифодаи самараноки замин ба чашм мерасад. Ҳамин шабу рӯзҳо заҳматкашон бо истифода аз техникаҳои соҳавӣ ба ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, ҷав, навъҳои гуногуни себ ва олуи сиёҳ машғул буда, дар заминҳои аз ҳосили гандум холишуда кишти такрории ҷуворимакка барои дон ва кунҷитро ба роҳ мондаанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии кишоварзони Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон", ки аз сабзавоту полизии тару тоза, ғалладона, мевагӣ ва гиёҳҳои шифобахш иборат буд, дидан намуда, меҳнаткашонро барои истифодаи ҳар чи бештари имкониятҳои табиию истеҳсоли маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза ҳидоят намуданд.
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ “ЧАРМИ ДАНҒАРА” ИФТИТОҲ ЁФТ
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Корхонаи воҳиди давлатии “Чарми Данғара”-ро, ки аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, ифтитоҳ карданд.
Корхона дар доираи татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар асоси супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан дар деҳоти кишвар, дар масоҳати 5 гектар сохта шудааст. Иншооти мазкур аз коргоҳҳои дӯзандагӣ, коркарди пашм, пӯст, истеҳсоли пашм, пойафзол, тагчарм ва дегхона иборат мебошад. Дар коргоҳи дӯзандагӣ 48 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот, ки барои дӯхти сарулибоси занонаву мардона, либосҳои ҳарбӣ ва кулоҳҳои зимистона пешбинӣ гардидааст, насб шуда, дар ин ҷо 45 нафар занони хонашин бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар сехи дӯзандагӣ дар як рӯз аз 150 то 200 дона кулоҳ ва то 80 дона камуфляжи тобистона истеҳсол карда мешавад.
Истеҳсоли пойафзол низ ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоти истеҳсоли пойафзол аз Ҷумҳурии Туркия ворид гардидааст, ки дар як гардиш 36 ҷуфт истеҳсол менамояд. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 25 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад ва, асосан, пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст, истеҳсол мегардад. Вобаста ба талабот, кормандони коргоҳ пойафзолро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ, пешниҳод мекунанд. Дар сехи коркарди ашёи хоми чарм дастгоҳи истеҳсоли тагчарм насб гардида, дар 4 дақиқа 36 адад ва дар 8 соати корӣ 4320 тагчарм истеҳсол мекунад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи “Чарми Данғара” 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ ва маош шуда, масъалаи таъминот бо сарулибос, рахти хоб ва пойафзол низ, беҳтар мегардад.
ИФТИТОҲИ КОРГОҲҲОИ РАНГУБОРКУНИИ МАТОЪ, ДӮЗАНДАГӢ ВА БИНОИ МАЪМУРИИ ҶДММ “ФАЙЗИ КАРИМ”
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара марҳилаи дуюми коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагӣ ва бинои маъмурии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим”-ро ифтитоҳ карданд.
Марҳилаи 2-юми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сайфиддин Файзализода баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ва дар доираи солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат бунёд шудааст. Дар коргоҳҳо муосиртарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия васлу насб гардидааст, ки бо истифода аз ин имконот, истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад. Иншоот аз ду ошёна ва аз се қисми асосии истеҳсолӣ иборат мебошад. Дар сехи бофандагӣ 10 дастгоҳи калони даврашакл насб шуда, асосан, барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода мешаванд. Иқтидори солонаи истеҳсолии коргоҳ зиёда аз 36 тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.
Ришта ҳамчун ашёи хом аз корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ - Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ва “Ваҳдаттекстил”-и ноҳияи Ёвон дастрас мешавад. Сехи дуюми корхона - коргоҳи рангубори матоъ буда, он аз дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, таҷҳизоти рангубори ришта иборат мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 36 тоннаро ташкил медиҳад.
Давраи ниҳоии хатти истеҳсолии корхона дӯзандагӣ мебошад, ки дар он 80 адад мошинаи дарздӯзӣ ва таҷҳизоти ба он вобаста насб шудааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи дӯзандагӣ вобаста ба фармоиш дар як шабонарӯз ҳазор дона либосро ташкил медиҳад. Айни замон дар марҳилаи якум ва дуюми лоиҳа 250 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудааст. Мағозаи фурӯши маҳсулоти корхона дар ошёнаи якум ҷойгир аст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим” ҷиҳати ҳамкорӣ ва пешбурди фаъолият, инчунин, омода намудани мутахассисон бо Федератсияи Россия, Туркия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим” оид ба истеҳсоли намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин, сарулибоси кӯдакона аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2019 ифтитоҳ гардида буд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди ду корхона - Корхонаи воҳиди давлатии “Чарми Данғара”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагии ҶДММ “Файзи Карим”, дар маҷмуъ, 400 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки як ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумат мебошад.
МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
18 июн дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир карданд.
Дар машварати корӣ, ҳамчунин, муовинони Сарвазир, роҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаву ташкилотҳои давлатӣ, Прокурори генералӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи корҳо, аз ҷумла натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ, вазъи кунунии ҷаҳонӣ, дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра, таъсири ин омилҳо ба иқтисодиёти кишвар ва муайян кардани вазифаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада мебошад.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Хатлону Суғд Қурбон Ҳакимзода, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва дигар нақшаву барномаҳои давлатӣ ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварат ба фаъолияту ташаббуси соҳибкорони саховатпешаи ноҳияи Данғара дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ, мактабу муассисаҳои соҳаи маориф, беморхона, муассисаҳои бахши тандурустӣ, таъмиру азнавсозӣ ва сангфаршу асфалтпӯш намудани роҳҳо баҳои баланд дода, кори пуршарафи онҳоро намунаи ибрат барои дигар минтақаҳои мамлакат арзёбӣ карданд.
Дар машварат, ҳамчунин, намояндагони касбу кори гуногун Мушкиниссо Саидова аз ноҳияи Ҷайҳун, Давлаталӣ Раҳмонализода соҳибкор аз ноҳияи Данғара ва Айниддин Саъдуллоев хоҷагидор аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баромад намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.06.2022 №: 118 Мутолиа карданд: 3042