logo

иқтисод

АСАЛИ ТОҶИК. ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД, СОДИРОТ КАМ. ЧАРО?

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкорӣ бо шумо арзи сипосу  миннатдорӣ менамояд. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки мақолаи рӯзноманигор Моҳлиқо Шарифова, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 14.04.2022, № 72 (24431) нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
 
Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарвари «Асали Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши Вазорат ваколатдори соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, барои рушди соҳа, махсусан афзун намудани оилаҳои занбӯри асал, истеҳсол ва содироти асал кӯшиши ҳамешагӣ дорад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 4390,2 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169,3 тонна зиёд мебошад.
Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола дар ҷумҳурӣ шумораи оилаҳои занбӯри асал зиёд гардида, ҳамзамон, истеҳсоли асали молӣ низ афзоиш ёфта, имкони содироти он ба хориҷи кишвар зиёд мешавад.
Бо ин мақсад, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 271, аз 30.05.2019 Дар бораи Нақша - чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 қабул гардид. Тибқи муқаррароти қарори мазкур, асали молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои Аврупо содирот  мешавад.
Аз тарафи Маркази тиҷорати Тоҷикистон бо дастгирии Созмони  ҷаҳонии савдо, ки ҷумҳурии мо шомили ин Созмон мебошад, дар доираи амалисозии лоиҳаи «Дастрасии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои содиротӣ тавассути низоми беҳтаргардонидаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» аз ҷониби мутахассисони корхона ва намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 намунаи асали молии Тоҷикистон аз истеҳсолкунандагони вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва НТҶ ҷамъоварӣ гардида, ба яке аз лабораторияҳои дорои аккредитатсияи байналмилалии давлати Олмон барои санҷиши бехатарӣ фиристонда шуд. Рафти санҷиши намунаҳо тариқи маҷозӣ шаффоф нишон дода шуд ва аз 104 намуна 101- тои он мусбат арзёбӣ гардид, ки ин аз бехатар ва ҷавобгӯ ба талабот будани асали Тоҷикистонро шаҳодат медиҳад.
         Содироти асали молӣ соли 2021-ум 28 тоннаро ташкил дода нисбати соли 2020-ум 23 тонна зиёд мебошад, ки дар оянда афзоиши содирот дар назар дошта шудааст.
Барои ба роҳ мондани содироти асал тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷумҳурӣ чор корхонаи коркард ва бандубасти асал муҷаҳҳаз бо технологияи ҳозиразамон ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, аз ҷумла як корхона дар шаҳри Хуҷанд, якто дар ноҳияи Дарвоз ва дутои дигар дар ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта ба истифода дода шуд.
Барои ба хориҷи кишвар баровардани асали молӣ якчанд омилҳое ҳастанд, ки садди роҳ мешаванд: аз ҷумла;
- набудани системаи мониторинг ва назорати дорувории байторӣ ва боқимондаи онҳо дар маҳсулотҳои хӯрокворӣ, махсусан асали молӣ;
- набудани иқтидори лозимаи ташхиси лабораторӣ доир ба бехатарии асали молӣ;
- риоя накардани қоидаҳои истифодаи дорувории байторӣ, махсусан антибиотикҳо, аз ҷониби занбӯрпарварони инфиродии кишвар;
- паст будани нархи хариди яклухти асал.
Ҳамзамон, доир ба омодасозии кадрҳои соҳавӣ мавриди зикр аст, ки айни замон дар факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур кафедраи махсуси парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ фаъолият намуда, ҳамасола зиёда аз 25 мутахассисро омода месозад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Асали Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои кишоварзии давлатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар мулоқоту вохӯриҳо оид ба содироти асали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат кӯшиши ҳамешагӣ менамоянд.
 
М. Б. МИРЗОЗОДА,
муовини якуми вазири кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2022    №: 118    Мутолиа карданд: 1552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед