logo

иҷтимоиёт

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ АМНИЯТИ ҶОМЕА ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ АСТ

 
Пешрафти босуръати технологияи муосир муборизаҳои иттилоотиро дар ҷаҳони имрӯза шиддат бахшидааст, ки дар чунин шароит таҳкими амнияти иттилоотӣ ба яке аз масъалаҳои муҳим дар умури давлатдорӣ табдил ёфтааст. Зеро то кунун таҷриба нишон медиҳад, ки қудратҳои ҷаҳон ва созмону гурӯҳҳои алоҳида барои тавсеаи нуфуз ва расидан ба ҳадафҳои худ бештар аз ҳамин васила кор мегиранд ва ҷангҳои иттилоотии васеъмиқёсро ба роҳ мемонанд. 
Намунаи дардноки харобкориҳо бо истифода аз дастгоҳҳои иттилоотиро имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин аст, ки равшантарин мисолҳои онро дар ҳаводиси кишварҳои мусулмоние чун Ироқу Сурия ва Либия баршумурдан мумкин аст. Зеро оромиву амният ва танзими рӯзгори мардум дар ин мамлакатҳоро нахуст тавассути иттилоот ва мағзшӯии одамон ба ҳам заданд, ки оқибатҳои бисёр фоҷиаборро ба ҷо гузошт. Ин дар ҳолест, ки муборизаҳои иттилоотӣ пеш аз давраи ҷаҳонишавӣ ҳам вуҷуд дошт, аммо пайдоиши фазои ягонаи иттилоотӣ имкон дод, ки ин майдон ҳамчун майдони дигари муборизаи субъектҳои байналмилалӣ истифода гардад. Ҳоло бархе кишварҳо ба бартарии иттилоотии худ такя намуда, бо ҳарифонашон мунтазам мубориза мебаранд.
Пайдост, ки дар ростои муборизаҳои иттилоотӣ таъсир гузоштан ба шуури ҷамъиятӣ ҳадафи меҳварӣ ба шумор рафта, мақсад аз он иборат аст, ки бозигарон бояд мардумро ба хостаҳои худ моил кунанд ва, ҳатто, аз масири манфиатҳояшон берун созанд. Дар сарзамини ҳариф тафриқа андохтаву сокинонашро ба шуриш кашидан аз ҷумлаи вазифаҳои калидии ҷангҳои иттилоотист. 
Бояд гуфт, ки нишонаҳои аввалини ҷангҳои иттилоотӣ дар садаи гузашта зуҳур намуда буданд, аммо дар нимаи дуюми асри XX васеъ паҳн шуданд. Имконпазир набудани ҷангҳои яроқноки глобалӣ, ки боиси нобудшавии тамаддунҳои гуногун мегардиданд, тағйири моҳияти иттилоотро ба вуҷуд оварда, онро ба яроқи нави мубориза табдил дод, ки ҳоло рӯз ба рӯз шиддати тоза пайдо менамояд. 
Дар гузашта, аниқтараш нимаи дуюми асри XX субъектҳои асосии ҷангҳои иттилоотӣ Иттиҳоди Шуравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба шумор мерафтанд. Он замон ба омӯзиши мавзӯи ҷангҳои иттилоотӣ дар ин ду давлат воситаҳои зиёди молиявӣ, техникӣ ва илмӣ сафарбар шуда буданд. ИМА дар ҷангҳои Ветнам ва Афғонистон тарзу усулҳои ҷангҳои иттилоотиро таҷриба кард. Дигар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиё дар асоси таҷрибаи ин ду абарқудрат консепсияҳои муборизаи иттилоотии худро сохтанд. Дар ин самт Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар муноқишаи иттилоотӣ қарор дошт, таҷрибаи калон ба даст овард. 
Гуногунии  субъектҳо ва объектҳои ҷангҳои иттилоотиро таҳлил намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки сабаби вусъати он дар пешрафти раванди техникист. Ин пешрафт дар навбати худ ба вуҷуди воситаҳои ахбори умум ва коммуникатсияи оммавӣ шароит фароҳам овард. Феълан фаҳмиши  объект ва субъекти ҷангҳои иттилоотиро нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ танҳо дар меъёри муайяни вақт истифода мекунанд. Зеро фазои иттилоотӣ доим дар таҳаввул буда, ба мақоми субъект ҳолати тағйирёбӣ мебахшад. Тағйирёбии мақоми иштирокчии муборизаи иттилоотӣ аз объект ба субъект ба ғалаба ё шикаст дар ҷанги иттилоотӣ вобаста мебошад.
Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва дар баробари ин, таъмини фаъолияти озоди расонаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои вижаи давлатӣ амал мекунанд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Илова бар ин, соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир гардида, дар асоси он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 «Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.
Айни замон, дар шароити то рафт авҷ гирифтани муборизаҳои идеологиву ҷангҳои иттилоотӣ ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки пеш аз ҳама дар татбиқи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва, умуман, таъмини амнияти иттилоотӣ саҳмгузор бошанд. Гузашта аз ин, дар шароити феълӣ тақозо мешавад, ки сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсиву фарҳангии шаҳрвандон баланд бардошта шавад, то дар ростои чунин муборизаҳо иттилои дурусту саҳеҳро аз иттилои ҳадафмандонаву ғаразнок ташхис карда тавонанд. Дар ин сурат мо ба таъмини амният муваффақ шуда, ҳамчунон ба корҳои ободониву созандагӣ ва пешрафту тараққиёти кишвари азизамон идома медиҳем.
      
Фирӯз ГАДОЗОДА,
муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои 
махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2022    №: 118    Мутолиа карданд: 689
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед