фарҳанг
ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ ОПЕРА ВА БАЛЕТ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ЭЪТИБОРИ АЗДАСТРАФТА БАРҚАРОР ШАВАД?
Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ боргоҳи муҳташами ҳунар ва машъалафрӯзи санъати мусиқии касбию саҳнавии кишвар аст. Ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ теъдоди зиёди санъаткорони театр - навозандагони оркестр, овозхонҳои опера ва раққосони балет ба берун аз кишвар кӯч баста, сафи ҳамаи ҳайатҳои ҳунарӣ номукаммал гашт. Аз ин рӯ, барои таҳияи асарҳо ва нигоҳ доштани барномаи мавҷуда мушкилот ба миён омад. Барои ҳалли мушкилот ва нигоҳ доштану ба фаъолияти босамари ҳунарӣ равона намудани кормандон роҳбарият ва сармутахассисони таҳҷоӣ барои таҳия ва намоиш асарҳоеро интихоб мекарданд, ки барои иҷрояшон неруҳои эҷодӣ созгор бошанд. Бо ҳамин маром театр фаъолияти худро идома дод. Бо дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои театр таъмир шуда, бо маблағгузориҳои мутамарказ барои таҳсили ҳунарпешагони ояндаи балет ду давра дар Коллеҷи хореографии шаҳри Перми Федератсияи Россия шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ба кишварҳои дигар низ ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар самтҳои гуногуни санъат фиристода шуданд.
Бо вуҷуди ин, театр ба роҳбари бадеӣ, сардирижёр ва сарбалетмейстери таҷрибадор ва дараҷаи касбияташон баланд эҳтиёҷ дорад, зеро тайи солиёни зиёд аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ чунин мутахассисони баландпояро тарбия карда натавонистем. Барои то андозае ҳал намудани мушкили пешомада роҳбари театр К. Сайфиддинзода пас аз андешаи зиёд профессори Консерваторияи Милан Делфо Миникучиро ба ҳайси дирижёр ба ҳамкорӣ хонд. Аввал барои омӯзишу таҳқиқи ҳолати кунунии неруҳои ҳунарии театр дарсҳои устоду шогирд баргузор шуданд. Омадани маэстро Миникучи ва як муддати кӯтоҳи будубошаш самари хубе ба бор овард. Пасон Делфо Миникучи омодагии худу ҳамсараш Валерия Мелларо (овозхон, метсо сопрано) барои ҳамкорӣ бо театр иброз намуд. Дар муддати кӯтоҳ операи машҳури Ҷузеппе Верди “Травиата” бо забони итолиёӣ омода ва пешкаши ҳаводорони санъати белканто гардид. Ҳунари Делфо Миникучиро дар самти танзими созҳои оркестрӣ ва ба сомеон манзур намудани малоҳату назокати навоҳои махмалини мусиқии Ҷ. Верди тавассути оркестри аз лиҳози ромишгарони созҳои оркестрӣ на он қадар мукаммал ба ваҷд овард. Дар ин таҳия ҳамбастагии мутахассисони театр – сархормейстер Елена Тиллоева, коргардони асар Суҳроб Усмонов, саррассом Ҷамшед Холиқов бо дирижёр самараи хуб доданд. Ду нахустнамоиши операи “Травиата” лоиҳаи байналмилалӣ буду бо ширкати ҳунармандони итолиёӣ (Делфо Миникучи ва Валерия Мелла), овозхонҳои академӣ - солисткаи Театри калони академии опера ва балети Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ Гулнар Алҷанова ва солистони Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон - Сайфулло Юсуфов, Содиқ Нуруллоев, Ангелика Тиман, Шарофат Усмонзода манзури тамошогарон гардид.
Аз кор рафтани балетмейстер Марина Левитская на танҳо раванди таҳияи асарҳои нави хореографиро халалдор намуд, балки номукаммалии сафи иҷрокунандагонро низ ба миён овард. Ҳарчанд бо шомил шудани дастпарварони ду давраи Коллеҷи хореографии Перм дар ин самт тозакориҳо рух доданд, аммо батадриҷ дар сафи ин даста низ солистону солисткаҳо, ҷуфтҳои балетӣ, раққосаҳову раққосони кардеобалет номукаммалиро ба вуҷуд овард. Барои ислоҳи саривақтии норасоии мазкур ҳашт ҳунарманди ҷавони балет аз Япония бо театр ҳамкорӣ намуда истодаанд. Ҳамчунин, бо мақсади таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ хореографҳо Сергей Райник аз Федератсияи Россия ва Равшан Чориев аз Ӯзбекистон бо театр ҳамкорӣ мекунанд. Ба К. Сайфиддинов муяссар гашт, ки бо балерони машҳури сатҳи ҷаҳонӣ – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Россия, барандаи ҷоизаҳои озмунҳои байналмилалӣ Фаррух Рӯзиматов гуфтушунид анҷом диҳаду ба ӯ вазифаи роҳбарии ҳайати балети театрро пешниҳод кунад. Ин орзуи чандинсолаи роҳбарони театр ва ҳунармандони балети он буд.
Тамоми кӯшишҳои роҳбарияти театр барои беҳбудӣ бахшидан ба раванди фаъолияти ҳунарии театр, таҳкими ҳамкориҳои бурунмарзӣ, таҷдиди барномаи ҳунарӣ, ҷавобгӯй ба талаботи давру замон гардондани он ва, билохира, боло бурдани обрӯю нуфузи театри тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ равон карда шудааст.
Имкониятҳои баргузор намудани сафарҳои ҳунарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хело маҳдуданд. Барои ин кор ҷалби маблағгузории алоҳида лозим аст. Дар ин кор умед бастан ба даромадҳои дохилӣ ғайриимкон аст. Дар самти маблағгузории буҷавӣ дар шароити кунунӣ барои нигоҳ доштани мутахассисони маҳаллӣ ва ҷалби ҳамкорони хориҷӣ ҷорӣ намудани усули субсидиявии сарфи маблағҳо мусоид хоҳад буд. Дар ин сурат ба қадри зарурӣ мушаххас намудани ҳаҷми музди заҳмати ҳунарпеша ва соҳибтахассуси соҳибтаҷриба, муваффақу масъулиятшинос ва сатҳи маҳораташ баландтар имконпазир мегардад. Ин омил ҳамаи мушкилоти мавҷударо дар ин самт бартараф намуда, шароити мусоиди пешбурди кори театрро фароҳам месозад.
Имрӯз ҳам театр ба воҳидҳои кории рассоми таҳиягар, рассом - дизайнери реквизит, рассом - тарроҳи либосҳо, рассом - ороишгари нур, рассом - дизайнери маводи тарғиботӣ, барномасози компютерӣ, техники таъмиру тармими таҷҳизоти электронӣ ва ғайра эҳтиёҷ дорад.
Дар замони ҳозира театрҳои кишварҳои ҳамсоя кайҳо ба усули тавассути воситаҳои электронии ороишӣ манзур намудани спектаклҳоро ба роҳ монда, аз техникаву технологияи муосир фаровон истифода мебаранд. Мо бошем бо сабку услубҳои классикӣ ва таҷҳизоти механикии куҳна фаъолият дорем. Дар баробари намоиши спектаклу консертҳои хосаи ҳунармандонаш, ҳамчунин, дар бинои театр чорабиниҳои зиёди сиёсӣ ва фарҳангӣ, озмуну фестивалҳо гузаронда мешаванд, ки ба раванди корҳои он халал мерасонанд. Ҳол он ки дар шаҳри Душанбе биноҳои калонтару муҷаҳҳази дигар низ ҳастанд. Бинои театр бояд фақат барои фаъолияти густурдаву босамари худаш мавриди истифода қарор дода шавад. Дар пойтахт тули солҳои охир чор амфитеатр сохта шуд, аммо истифодаи онҳо ҳамчун толорҳои ҳунарҳои намоишӣ бесамар мебошанд. Пешниҳод менамоем, ки онҳо ба ихтиёри муассисаҳои театрию консертии сохтори Вазорати фарҳанг дода шаванд. Ин омил барои истифодаи афзалиятноки онҳо ва рангорангии фазои фарҳангии пойтахт мусоидат хоҳад кард. Дар сохтори вазорати номбурда муассисаҳои Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ба номи Ғ. Валаматзода, ансамбли “Сомониён”, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” фаъолият доранду аз имконияти намоиш додану манзури алоқамандони ҳунар гардондани маҳсули ҳунарашон дар майдонҳои махсусгардондашуда бебаҳраанд. Амфитеатрҳои мавҷуда бошанд, бекор истодаанд.
Зиё ОЛИМӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.06.2022 №: 119 Мутолиа карданд: 1574