logo

иқтисод

СҲШ. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ КАРАНТИНИ РУСТАНӢ

 
Чанде қабл дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент машварати якуми роҳбарони вазоратҳо ва мақомоти масъули соҳаи карантини рустании кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд Тоҷикистон яке аз ширкатдорони фаъол ба ҳисоб мерафт. Вобаста ба аҳамияти баргузории нишаст ва паҳлуҳои дигари он сардори раёсати назорати фитосанитарӣ, карантини рустанӣ ва тухмии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Давлатов ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” чунин изҳор дошт:
Карантини рустанӣ – ин системаи чорабиниҳои давлатие мебошад, ки ба ҳифзи ҳудуди ҷумҳурӣ аз воридшавии организмҳои зараррасони карантинию дигар зараррасонҳои махсусан хавфнок, барангезандаҳои касалии рустанӣ ва алафҳои бегона аз давлатҳои дигар, инчунин, дар сурати пайдошавии онҳо дар дохили ҷумҳурӣ ё воридшавиашон пешгирӣ намудан равона карда мешавад.
Дар соҳаи карантини рустанӣ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба карантин ва муҳофизати рустаниҳо фаъолият мекунад, ки Тоҷикистон 14 апрели соли 2010 узви он гардида, инчунин, аз 2 марти соли 2013 узви Созмони ҷаҳонии савдо мебошад. Яъне, дар доираи Конвенсияи байналмилалӣ 180 давлати аъзо талаботи ягона оид ба иҷрои соҳаи карантин ва созишномаҳои байналмилалиро бояд риоя намоянд. 
Агентӣ оид ба карантин ва муҳофизати рустаниҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи нақша – чорабиниҳои СҲШ лоиҳаи Созишномаи байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини рустаниро таҳия ва пешниҳод кард. Лоиҳаи Созишнома қаблан дар ҷаласаҳои коршиносони масъули соҳавии давлатҳои аъзои СҲШ моҳҳои март, апрел ва май тариқи маҷозӣ (онлайн) баррасӣ гардида, ба мувофиқа расида буд. Мақсад аз таҳия ва татбиқи Созишнома тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самти карантини рустанӣ, фаъолгардонии савдои байналмилалӣ, мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамкорӣ дар боби ҳимояи рустаниҳо, фароҳам овардани шароити созгор барои ривоҷи тиҷорати байналмилалӣ, ба вуҷуд овардани платформаи махсуси амалигардонии нақшаҳо дар соҳаи карантини рустанӣ мебошад.
Дар машварат, инчунин, намояндаҳои мақомоти масъули соҳаи карантини рустанӣ аз Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ба ҳам омада, намояндаҳои Покистон, Ҳиндустон ва Чин ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд. Чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба вуқуъ пайваст ва бори нахуст ниҳодҳои марбута дар масъалаи карантини рустанӣ табодули назар намуданд. Дар машварат ҷонибҳо оид ба ҳолатҳои кунунии фаъолият, рафти ислоҳот дар ин соҳа, ҳамкориҳои оянда дар самти таъмини бехатарии фитосанитарӣ дар ҳудуди СҲШ сухан гуфтанд. 
Иштирокчиёни  нишаст якум ҳамкориҳои васеъ-миқёс дар чаҳорчӯбаи СҲШ – ро барои савдои мутақобила ва тадриҷан кушодани бозорҳои маҳсулоти кишоварзии давлатҳои аъзои ин Созмон муҳим арзёбӣ намуда, таҳкими ҳамкориҳои илмию техникӣ дар соҳаи марказҳои тадқиқотӣ ва лабораторияҳоеро зарур шумурданд, ки дар самти карантини рустанӣ кор мекунанд.
Аз нишаст чунин натиҷа ба бор омад, ки бо назардошти ҷалби эҳтимолии кишварҳои нозир ва аъзои СҲШ дар платформаи музокирот, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бамаротиб васеъ мегардад. Ҷорӣ намудани қоидаҳои ягонаи фитосанитарӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти интиқоли маҳсулоти рустанӣ дар доираи СҲШ метавонад ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ мусоидат намояд, ки дар доираи Конвенсияи байналмилалии ҳифзи рустаниҳо (IPPC) ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  иҷро мешавад. 
Дар машварат баррасии масъалаҳои мубрам пешбинӣ шуданд. Аз ҷумла, амалисозии ҳамкориҳо дар соҳаи карантини рустаниҳо бо мақсади ҳифзи ҳудуди давлатҳои худ аз воридшавии организмҳои зараровари танзимшаванда, мусоидат ба афзоиши савдои маҳсулоти кишоварзии байни давлатҳои аъзои СҲШ, мубодилаи таҷриба ва иттилоот дар соҳаи карантини рустанӣ, пайгирии масоили интиқоли маҳсулоти карантинӣ, гузарондани чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, курсҳои омӯзишӣ, конфронсҳо, таҳқиқҳои амалии саҳроӣ оид ба ҷорӣ намудани технология ва усулҳои пешқадами кор таъкид гардиданд. 
Тарафҳо ташаббуси Ӯзбекистонро оид ба таъсиси механизми нави ҳамкориҳои доимӣ – машварати роҳбарони вазоратҳо ва мақомоти масъули ҳамкории дар соҳаи карантини рустании давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, Регламенти машварати роҳбарони вазоратҳо ва мақомоти масъули ҳамкориҳо дар соҳаи карантини рустании давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ шуд. Ғайр аз ин, лоиҳаи Созишномаи байни мақомоти масъули давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи карантини рустаниро маъқул дониста, ба котиботи СҲШ муроҷиат намуданд, ки маросими баимзорасии онро дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ бо тартиби муайян моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд ташкил намояд. 
Дар анҷоми машварат нусхаи аслии Протокол бо забонҳои русию чинӣ ба имзо расид, ки он дар Котиботи СҲШ нигоҳ дошта, ба тарафҳо ирсол мешавад.  
Баъди анҷоми чорабинӣ вохӯрии дуҷониба байни роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентӣ оид ба карантин ва муҳофизати рустаниҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва раиси Кумитаи давлатии бозрасӣ дар комплекси агросаноатии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои судманди кишварҳо дар самти карантини рустанӣ баррасӣ шуданд.
Агентӣ оид ба карантин ва муҳофизати рустаниҳои Ӯзбекистон ҳайати намояндагони давлатҳои иштирокчиро бо дастовардҳо дар самти ҳимояи рустаниҳо, фаъолияти Институти тадқиқотии оид ба карантин ва ҳимояи рустаниҳои назди агентӣ, озмоишгоҳҳои биологӣ ва усулҳои мубориза бар зидди зараррасонҳо бо усули биологӣ шинос кард. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2022    №: 119    Мутолиа карданд: 1297
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед