иҷтимоиёт
«АЗ ТААҶҶУБ ТО ТААССУФ»
Дар асоси дастури хаттии раиси вилояти Хатлон аз 23 апрели соли 2022, № 10 - 1399, матлаби хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» зери унвони «Аз тааҷҷуб то таассуф» (20 апрели соли 2022, № 76) дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Муъминобод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муайян гардид, ки дар Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия 45 корманд фаъолият дошта, барои интиқоли партовҳо аз тамоми имкониятҳо истифода карда, тозагиро сари вақт дар маркази ноҳия таъмин менамоянд.
Бо ин мақсад, мошини партовкашӣ ва дигар техникаҳои Корхонаи мазкур аз таъмир бароварда шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ҳамзамон, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод барои кашондани партовҳо ба Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ як мотороллер харида шуд.
Мо мекӯшем, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда масъалаи мазкур ҳалли пурраи худро ёбад.
Лутфия ШАРИФЗОДА, раиси ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.06.2022 №: 119 Мутолиа карданд: 527