logo

сиёсат

НИШОНИ ҲАМГИРОӢ. БАРДОШТ АЗ ДУЮМИН КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ДУШАНБЕ

Моҳи июни имсол дар Душанбе бо шукӯҳи хос дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, Конфронси дуюми сатҳи баланд оғоз ёфт. Ин чорабинии сатҳи баланд яке аз нишонаҳои ҳамгироию иттиҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар атрофи ташаббускории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. 
Аз моҳи декабри соли 2017, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»-ро бо ҷонибдории аксари давлатҳо пазируфт, ин иқдоми Сарвари давлати мо дар зарфи ҳамагӣ ду-се соли охир аҳамияти бағоят бузург касб карда, боиси боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат аз он дод, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша роҳи ҳалли масоили ҳаётбахш, аз ҷумла марбут ба обро, ҳамаҷониба пайгирӣ мекунад. 
 Ба эътирофи коршиносони ҷаҳонӣ, ки бештарашон дар раванди чунин конфронсу ҷамъомадҳои байналмилалӣ изҳори андешаву суханронӣ намуданд, Тоҷикистон бо сиёсати инсондӯстонаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ҳалли масоили об пешгом буда, ҳамеша ҷонибдори рафъи саривақтии мушкилоти он аст. 
Кишвари мо баробари пеш гирифтани иқдоми мазкур, ҳамзамон, дар роҳи амалӣ сохтани он тули чанд соли охир ибтикороти зиёд низ нишон дода тавонист. Аз оғози татбиқи барнома (22 марти соли 2018) то имрӯз дар пойтахт ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даҳҳо чорабинӣ вобаста ба Даҳсола баргузор гардид, ки худи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе аз ҷумлаи онҳост. 
Ба таъкиди Президенти мамлакат: «Роҳи якҷояи мо барои татбиқи вазифа ва мақсадҳои нав дар соҳаи захираҳои об ҳамвору осон нест. Дар баробари ин, моро зарур аст, ба як қатор масъалаҳое, ки дар назди мо вазифаҳои иловагӣ ва дастаҷамъонаро мегузоранд, таваҷҷуҳ зоҳир намоем». 
Дар ҳама маврид Роҳбари давлат омилҳои зерини ба захираҳои обӣ таъсиргузорро зикр намуда, самтҳои ҳамкории ояндаро дар соҳаи ҳифзу истифодаи самараноки захираҳои об пешниҳод доштанд. Аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати ин захираҳо таъсиргузор аст ва кӯшишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад. Давоми чанд даҳсолаи ахири асри XX мо дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳоро аз даст додем ва ин раванд босуръат идома дорад. Зимни чорабиниҳои марбут ба татбиқи даҳсолаи навбатӣ, андешаҳои созандаи Пешвои миллат доир ба паҳлуҳои гуногуни масоили об дар доираи Даҳсола дар маркази таваҷҷуҳи сарварони давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳон қарор гирифтанд.
Тайи солҳои охир таҳти таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии марбут ба об мушоҳида мегардад, ки хисороти зиёде ба бор меоранд. Офатҳои табиӣ, инчунин, кӯшишҳои моро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор заиф сохта, боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти бештар дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ мегарданд.
Нашри мақолаи Пешвои миллат дар маҷаллаи бонуфузи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” дар аввалин соли татбиқи Даҳсола низ боиси диққати бештари коршиносону мутахассисони ҷаҳонӣ ба ин тарҳ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин матлаб оид ба зарурати пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, андешидани тадбирҳо дар ин самт ва натиҷагирӣ аз ташаббусҳои дигари Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ маълумоти пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асоснокро барои доираи васеи хонандагон манзур намуданд.
Талошҳо, пешниҳодҳои саривақтӣ, эълони Даҳсола доир ба проблемаи глобалии об ва иштироки фаъоли Президенти Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ вобаста ба ин, дар симои Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори барҷастаи ташаббускору пешоҳангро ба оламиён бозгӯ менамояд. Аз ҷониби дигар, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдомоти Тоҷикистон дар мавриди арзишмандтарин неъмати рӯи Замин – об хулосаи нек бардошта, сол ба сол ба он ҳамовозии бештар менамоянд, ки ба болоравии эътибори Тоҷикистон мусоидат дорад. 
 
ХОЛИҚЗОДА Муҳаммадсафар Лоиқ, судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2022    №: 120    Мутолиа карданд: 1063
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед