порлумон
КОДЕКСИ ГРАЖДАНӢ КОДЕКСИ МАДАНӢ МЕШАВАД
Калонтарин кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон - Кодекси гражданӣ дар таҳрири нав бо номи Кодекси маданӣ рӯйи кор меояд, ки лоиҳаи он дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пазируфта шуд.
Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ҳамзамон, намояндаи ваколатдори Президент дар Маҷлиси Олӣ, зимни баррасии лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якум гуфт, ки лоиҳаи Кодекси мазкур дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (26.04.2013) таҳия гардидааст. Бо мақсади таҳия ва такмили ниҳоии лоиҳаи Кодекс дар асоси Амри Президенти кишвар (30 апрели соли 2019) гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ таъсис гардида буд. Лоиҳа бо назардошти таҳлили амалияи татбиқи беш аз 20-солаи Кодекси амалкунандаи гражданӣ навгониҳои бавуҷудомада дар муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ ва соҳибкорӣ, тадқиқоти илмӣ таҳия гардида, ҷавобгӯ ба талаботи муосири муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошад.
- Яке аз масъалаҳои муҳими лоиҳа дар ном ва матни Кодекс истилоҳи «гражданӣ» мутобиқ ба услуби ифода дар забони давлатӣ ба истилоҳи «маданӣ» иваз шуд. Мувофиқи таҳлили масъала, ки гурӯҳи корӣ анҷом додааст, аз 80 давлати дунё, ки амалияи он баинобат гирифта шудааст, дар 50 мамлакат вожаи аслии баромади он «civil», «цившь» (ба маъноҳои «шаҳрвандӣ» ва «маданӣ»), дар 20 кишвари дигар калимаҳои мазмунан наздики он истифода мегарданд. Масалан, дар Ӯзбекистон истилоҳи «фуқаро», Туркманистон - «раият», Озарбойҷон - «мулк» ва Қазоқистон - «азамат» истифода шуда, дар Афғонистон, Туркия, Ӯрдун, Эрон ва дигар давлатҳо калимаи «маданӣ» истифода мегардад.
Вожаи «маданӣ» ифодаи моҳияти муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии субъектҳои ҳуқуқи маданӣ (гражданӣ) мебошад, ки Кодекси мазкур ба танзим медарорад.
Дар қисми якуми лоиҳа асосҳои умумии қонунгузории маданӣ муқаррар гардида, тибқи он, қонунгузории маданӣ муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиеро, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асос ёфтаанд, танзим менамояд. Дар қисми мазкур муносибатҳо оиди ба вуҷуд омадани ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ ва амалинамоии ҳуқуқҳои маданӣ, субъектони муносибатҳои маданӣ, шахсони ҳуқуқӣ, шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо, объектҳои ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи ашё, моликият ва тарзҳои ҳимояи ин ҳуқуқҳо, намояндагӣ ва ваколатнома, муҳлатҳо дар муносибатҳои маданӣ ва мурури даъво, аҳдҳо ва шартномаҳо, қоидаҳои умумӣ оид ба уҳдадориҳо ва таъмини иҷрои уҳдадориҳо танзим шудаанд.
Фасли нави Кодекс ба ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ бахшида шуда, ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мавҷудияти табиӣ ва иҷтимоии шахси воқеиро дар муносибатҳои маданӣ таъмин мекунанд, бори аввал дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. Инчунин, дар лоиҳа фасли нав ба ҳуқуқи ашё бахшида шуда, дар он мафҳум, намудҳои соҳибӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқи маданӣ ва ҳимояи он пешбинӣ мегардад.
Дар муқаррароти умумӣ оид ба ҳуқуқи моликият мазмуни меъёрҳо таҳрир, камбудиҳои дар он мавҷуда бартараф гардидаанд. Як қатор меъёрҳо, ки ба ҳуқуқи уҳдадорӣ бахшида шудаанд, аз ҷумла мафҳуми уҳдадорӣ вобаста ба мазмун такмил ёфта, уҳдадориҳои алтернативӣ, фаръӣ ва воқеӣ пешбинӣ гаштанд.
Тағйироти дахлдор дар масъалаҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ низ дида мешаванд. Меъёрҳои Кодекс дар ин самт ба низом дароварда шуда, тартиб ва шартҳои нигарондани ситониш нисбат ба мавзуи гарав, гузашт кардани на танҳо ҳуқуқ, инчунин, уҳдадориҳо вобаста ба шартномаи гарав муайян шуда, гарави ҳуқуқ, ашё ва ҳуқуқе, ки дар оянда ба вуҷуд омада метавонад, аз ҷумла захираҳои минбаъдаи маҳсулоти истеҳсолнамудаи гаравдеҳ, бунёди ашёи ғайриманқул ё қарзи дебиторӣ ба сифати мавзуи гарав танзим мешаванд.
Қисми дуюми Кодекс ба намудҳои алоҳидаи уҳдадориҳо бахшида шуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳоро дар шартномаҳои гуногуни ҳуқуқии маданӣ танзим менамояд. Аксарияти муқаррароти ин қисми Кодекс хусусияти диспозитивӣ доранд, яъне ҷонибҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда метавонанд меъёрҳои онҳоро тағйир диҳанд ё шартҳои наверо, ки ба моҳияти муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ ҷавобгӯанд, муқаррар намоянд. Дар маҷмуъ, 64 намуди шартнома пешбинӣ гардида, ҳамзамон, бо ин уҳдадориҳо бинобар расондани зарар ва уҳдадориҳо дар натиҷаи дорошавии беасос танзим шудаанд.
Қисми сеюми Кодекс ба се мавзуи алоҳида бахшида шуда, муқаррароти умумӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи мерос ва ҳуқуқи байналмилалии хусусиро дар бар мегирад.
Дар маҷмуъ, лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1351 модда, ки дар 8 фасл ва 72 боб мураттаб гардидаанд, иборат мебошад.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.06.2022 №: 120 Мутолиа карданд: 3080